Ӯ то соҳиби замину хоҷагии деҳқонӣ шуданаш таҷрибаи қариб 20 солаи омӯзгорӣ дошт. Оғози фаъолияти Бибираҷаб Боймаҳмадова дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба марҳилаи таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ ва ҷалби мардум ба таъсиси хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ рост омад. Дар он солу замонҳо на ҳама саҳмдорони аслӣ хоҳишу тавони таъсиси хоҷагиҳои инфиродиро доштанд ва аз сӯи дигар, бинобар ноогоҳӣ аз моҳияти минбаъдаи заминдорӣ раванди гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ дар ноҳия ниҳоят суст ҷараён дошт. Аз ин сабаб, фаъолони маҳаллиро мебоист, ки дар ташкилу фаъолияти хоҷагиҳои хурди мустақил нахуст худ намунаи ибрат бошанд.
- Бори аввал 3 гектару 26 сотих қитъаи замини бароям ҷудонамударо дида, гириста будам, ки аз уҳдаи хоҷагидорӣ баромада наметавонам,- табассумомез он рӯзҳоро ба ёд меорад роҳбари хоҷагии деҳқонии «Амирҷон» - Бибираҷаб Боймаҳмадова. - Чаро ки барои киштгардони замину хариди тухмию ниҳолони мевадиҳанда маблағҳои зиёд лозим меомад, вале мо таҷрибаи аз бонкҳо гирифтани маблағҳои қарзиро надоштем. Ба ростӣ, аз хавфи ноомадии кору зери қарзҳои ҳангуфт мондан шабҳо хобам намебурд.
Солҳои аввал бинобар мушкилиҳои иқтисодӣ ва бетаҷрибагии саҳмдорон пешбурди кори хоҷагии деҳқонӣ барои аҳли оилаи онҳо ниҳоят душвор буд. Аз сӯи дигар, Бибираҷаб тамоми рӯз саргарми масъулиятҳои идорӣ буд, ки он замон вазифаи мудири бахши танзими анъана ва расму оинҳо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бар ӯҳда дошт.
- Субҳи барвақт сӯи саҳро шитофта, то оғози соати корӣ тамоми масоилу вазифаҳои он рӯзаи саҳмдоронро ҳаллу фасл мекардем,- қисса мекунад, Бибираҷаб Боймаҳмадова. - Нисфирӯзӣ ва баъдан бегоҳирӯзиҳо дар ҷунбуҷӯли корҳои хоҷагӣ будем ва бештар вақт ғизои субҳу шомро дар сари замин тановул мекардем, ки он лаҳзаҳо бароям ниҳоят гуворо буд. Бо мурури солҳо пешбурди хоҷагии деҳқонӣ ба шуғли дӯстдоштании мо табдил ёфт. Чун дар муддати кӯтоҳ хоҷагии деҳқонии «Амирҷон» натанҳо аз лиҳози иқтисодӣ худкифо гардид, балки алаккай манбаи асосии даромади хонаводаи мо ба ҳисоб мерафт. Замин ҳам дар баробари об манбаи ҳаёти инсон ба ҳисоб меравад, аммо аз файзу баракати он барзгаре баҳравар мегардад, ки софдилона заҳмат намуда, ҳар зарра хоку оби ин марзҳои муқаддасро чун гавҳараки чашм дӯст дорад, - таъкид медорад ҳамсуҳбати мо.
Аз баракати ҳосили заминҳои хоҷагӣ шароити рӯзгорӣ оилаи Бибираҷаб рӯ ба беҳбудӣ овард. Бо шавқу рағбати бепоён ба замин дил баста, ҳамсару фарзандони ӯ ҳама ҳастии худро ба кори хоҷагӣ бахшида буданд. Аз ҳисоби кишоварзӣ панҷ фарзанди хонавода дар донишгоҳҳои олии кишвар хонда оиладор шуданд. Айни ҳол саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Амирҷон» дар як гектар заминҳои хоҷагӣ боғи гуногунмева бунёд карда, дар 0,70 га гандуму беда ва дар 1,5 гектари заминҳои хоҷагӣ кишти чигити хушсифатро ба роҳ мондаанд. Зеро аз ин навъ зироатҳои кишоварзӣ фоидаи хуб ба даст меояд. Баъди заҳмату талошҳои чандсола ҳамакнун дар кишту кори пахта низ таҷрибаи зиёд андӯхта, аз парвариши ин маҳсулоти қимматбаҳо фоидаи кофӣ мебардоранд.
- Ба гоҳи шукронаи соҳибистиқлолӣ кишварамон, ки деҳқонон заминдор шудаанд, пандҳои хотирмони раиси вақти ноҳия Умедхоҷа Зоировро ба ёд меорам, ки дар аснои тақсимоти саҳмияҳо гуфта буданд: «Замоне мерасад, ки аз самари замин соҳиби мошину трактору дигар сарвату дороиҳо шуда, аз мо миннатдор хоҳед шуд, ки беҳуда шуморо ба таъсиси хоҷагиҳои инфиродӣ водор накарда будаем». Дарвоқеъ, он рӯзгори пурнишот фаро расид ва аз роҳбарони мардумписанд сипосгузорем, ки барои соҳиби замину манбаи таъминоти рӯзғор шудани садҳо хонаводаҳои деҳот нақши муассир доштанд, - ҳароратангез изҳор медорад Бибираҷаб Боймаҳмадова.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ