Дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, ки алҳол 42 нафар тарбиятгиранда дорад, ҳама писарони аз 10 то 16 - сола мебошанд, ки бо сабабҳои гуногун - шурӯъ аз дарсгурезӣ то ба иштирок дар низоъҳои гурӯҳиву ҷурми дуздӣ тибқи муқаррароти суд ба ин мактаб фиристода шудаанд.
- Кӯдаконе, ки ба мактаби мо оварда мешаванд, аксарият душвортарбия нестанд. Онҳо, воқеан, аз назорати доимии падару модар ва таълиму тарбия дур мондаанд. Баъд аз муоинаи тиббӣ сатҳи дониши чунин кӯдакон санҷида мешавад ва, мутаассифона, зиёд мушоҳида менамоем, ки бачаҳои синфҳои 8–9 на хонда метавонанд ва на навишта. Магар ин аз бемасъулиятии волидайн дарак намедиҳад? Тӯли ин солҳо кӯдак дар куҷо ба чӣ кор машғул буд? - иброз дошт Ҳамза Маҳмудӣ, директори мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ.
Бино ба иттилои Зебуннисо Ҷумъахонзода, муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ноболиғон бештар ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ медиҳанд, мисли оворагардӣ, талбандагӣ, савдо дар ҷойҳои муқаррарнашуда, боркашонӣ дар бозорҳо, ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаш, дар вақти дарс рӯ овардан ба бозиҳои компютерӣ, истеъмоли машрубот, мошиншӯӣ, дуд додани испанд ва амсоли инҳо. Марбут ба ин, тӯли ду моҳи аввали соли 2019 зиёда аз 3200 кӯдак ба шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо оварда шуданд ва тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидайни онҳо ба ҷазои маъмурӣ кашида шуданд.
- Кӯдаконе, ки ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд, на ҳамаи онҳо душвортарбияанд. Омилҳои зиёде ҳастанд, ки кӯдакон иҷборан ба чунин корҳо машғул мешаванд. Нахуст, бемасъулиятии падару модар, баъдан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ овардани онҳо ва ба тарбияи хешовандон мондан, хусусан зери парастории бибӣ ва бобо мондани кӯдакони ноболиғ. Бо сабаби бекорӣ ва ё беназоратии калонсолони хонавода ин кӯдакон ба дарёфти ризқу рӯзӣ мепардозанд, - афзуд З.Ҷумъахонзода.
- Бештари кӯдаконе, ки дар ин мактаб муқиманд, аз оилаҳоеанд, ки падару модарони онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд. Баъдан, онҳо оилаҳои нав бунёд карда, ин кӯдаконро ҳаволаи тақдир месозанд. Баъди чанд муддати таҳсил дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ, маълум мегардад, ки ин кӯдакон на душвортарбия, балки ташнаи донишу парасториву раҳнамоӣ. Кӯдаке ҳаст, ки падару модар дорад, вале боре ҳам ба аёдати ӯ наомадаанд. Дар айёми таътил ҳама кӯдаконро ба хона мебаранд, вале ӯ ин ҷо мемонад. Боре бо чашмони пурашк вай гуфт: «Агар калон шавам, милиса шуда, модарамро ба ҷавобгарӣ мекашам», - бо таассуф гуфт Ҳамза Маҳмудӣ.
- Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ 4 308 протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон тартиб дода шуда, ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол гардидааст. 973 нафари онҳо, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, ба маблағи 127 ҳазору 910 сомонӣ ҷарима карда шуда, 324 нафари онҳо огоҳонида шуданд. Алҳол, 3011 маводи дигар мавриди баррасӣ қарор дорад, - иброз дошт Зебуннисо Ҷумъахонзода.
- Баъзан падарамро дар кӯчаҳо мебинам, вале ӯ барои ман мисли бегона аст. Аз хурдсолӣ маро модарам танҳо парасторӣ кардааст. Вай ба кор мерафту ман ба дарсгурезиву оворагардӣ машғул мешудам. Маро ба интернати шаҳри Ёвон бурданд ва баъди рухсат шудан дуздӣ кардаму бо қарори суд маро ба мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ оварданд. Тӯли се соли таҳсил дар ин мактаб андешарониам нисбат ба зиндагӣ дигар шуд. Мӯзадӯзӣ, ошпазӣ, кафшергарӣ ва рассомиро омӯхтам. Орзу дорам, ки рассоми беҳтарин шавам, - иқрор омад ӯ.
- Аз сесолагӣ падарамро надидаам. Модарам пеш аз кор рафтан насиҳат мекард, ки дарсҳоро хуб хонаму дар ҳар куҷо беҳуда нагардам. Аммо, баръакс, ба дарс нарафта, бо бачаҳои бадфеъл ошно шудам. Модарамро зуд-зуд ба мактаб даъват мекарданд. Ӯ ночор маро ба ин мактаб овард. Ба забонҳои англисӣ, русӣ ва фанни математика шавқ пайдо кардам ва пойафзолдӯзиро низ омӯхтам. Модарам пайваста ба аёдати ман меояд, аммо падарамро дидан намехоҳам, - иброз намуд хонандаи дигар.
Дар рафти кор бо чунин кӯдакон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимиву ислоҳотӣ будани равоншиносон тақозои замон аст, то кӯдакони осеби равонидидаро аз хатари худкушӣ, муноқишаҳои гурӯҳӣ, содир намудани ҷиноят, душвортарбиягӣ, бемориҳои сироятӣ ва одатҳои бад эмин бидоранд. Бино ба иттилои Шуҳрат Давлатзода, сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, аз сабаби нарасидани кадрҳои риштаи равоншиносӣ ва набудани штати корӣ дар аксари мактабҳои кишвар равоншиносон амал намекунанд.
- Ҳангоми ҳамсуҳбат шудан бо равоншиносони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, маълум гардид, ки ҳамасола то 25 нафар ба факултаи фалсафа бо ихтисоси равоншинос шомил мегардад ва бинобар сабаби харидор надоштани ин ихтисос дар ҷараёни таълим мекӯшанд, ба дигар факултаҳо гузаранд, ки дар натиҷа ҳамасола ҳамагӣ то 15 нафар мутахассис омода мешаваду бас, - иброз дошт Ш. Давлатзода.
Дар ҷараёни инкишоф кӯдакон аз якчанд зинаи тарбия мегузаранд, аммо оё ҳамаи падару модарон аз усулҳои тарбияи наврасон бархӯрдоранд? Волидайн, ки ҳанӯз ҷавон хонадор шуда, аз таҳсил канор мемонанд, мусаллам аст, ки дар тадбири ин амал оҷиз мемонанд. Мушкилот на дар кӯдакон, балки дар худи мост, ки дунёро бо чашмони онҳо наметавонем бубинем ва муҳитеро фароҳам оварем, ки дар лаҳзаҳои душвор кӯдак донад, ки дӯсти ҳамрозу устоди тадбирсоз дорад.
С. ШАРИФӢ