Бо дарназардошти фикру андешаҳои мардум 28 августи соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» як қатор тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки, бешак, риояи он ба манфиат ва беҳбудии зиндагии аҳолӣ мебошад.
Ҳамчунин, дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11 қонуни мазкур, ки маросими дафну азодориро танзим менамояд, пешниҳод гардидаанд. Мувофиқи ин пешниҳодҳо тамоми маросими дафну азодорӣ, аз ҷумла маросимҳои «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронда мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом мумкин нест ва маросими дафну азодорӣ, танзиму тартиби гузарондани онҳоро мақоми ваколатдор муайян месозад.
Аз қабул ва ҷорӣ шудани қонуни мазкур беш аз 10 сол шуда бошад ҳам, ҳоло ҳам бархе дар доир намудани маросимҳои дафну азодорӣ зиёдаравӣ мекунанд.
- Чанде пеш дар хонаводаи яке аз наздиконам мотам шуд. Писари ҷавонашон, ки ҳамагӣ 30 сол дошт, барои муҳоҷират ба хориҷ рафта буд ва дар он ҷо аз дунё даргузашт. Чор фарзанд аз марҳум ятим монд. Аз он ки волидони майит ашхоси шинохта буданд, рӯзи дафн ва баъди он ҳам сафи таъзиякунандагон камшавӣ надошт. Ба хотири иззати меҳмонон баъди ба хок супурдани майит дастархоне ороста шуд, ки аз хони ҷашнӣ ҳеҷ тафовуте надошт. Шояд аз шунидани нархи зарфҳои гаронарзише, ки дар он нуқлу навою қанду конфетҳои қиматтарин ва мағзу мавиз гирифта шуда буд, даҳони сомеъ во монад. Бонувони оростаю перостаи бо рӯю абрӯи рангуборкарда ва дар тан либосҳои қиматбаҳо аз боло гузашта, чақчақу суҳбати бепоёнашон ба қавле «занҳои сари кӯча» - ро мемонд. Ягон ҳарфе аз ҷавонмарди ҷавонмарг касе намегуфту ёд ҳам намекард. Зери дандон пистаю бодом мешикастанду таъриф аз тӯйи кадом сарватманде менамуданд. Фазои мотамхонаро ин чеҳраҳо мотамзадатар намуда буданд…- мегӯяд Сарвиноз, як сокини шаҳри Душанбе.
Исрофкорӣ, ки аслан аз дидгоҳи дини мубини Ислом ҳам ҳаром дониста шудааст, бо тақлиди кӯркӯрона ва фирефтаи хурофот шудан бархе аз савоби сарфакорӣ бенасиб мемонанд.
Ба гуфтаи Муслиҳиддин Хоҷамиров, мутахассиси пешбари Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намудани чунин маросимҳо сарборӣ ба мардум буда, ба майит ҳеҷ суде надорад.
Қаҳрамон Сайидамиров, сокини шаҳри Ҳисор, мегӯяд, ки чанде пеш яке аз волидони дӯсташ аз дунё реҳлат намуд ва ӯ барои изҳори ҳамдардӣ ба майитхона рафт. Пас аз хондани дуо бо нияти рафтан аз ҷо бархост.
- Аммо ишораи дӯст маро ба ҳайрат гузошт. Ӯ бо имо сӯи ҳуҷра даъватам мекард. Маълум буд, ки аз «тарс»-и кормандони бахши танзими ҷашну маросим бо ман чунин рафтор намуд. Ба хотири наозурдани соҳибхона вориди ҳуҷра шудам. Ростӣ, ҳуш аз сарам парид. Чаро ки дӯстам аз нигоҳи молӣ соҳиби зиндагии хуб набуду барои оростани чунин хони бодабдаба шароит ҳам надошт. Сарзанишаш кардам, тафовут гузоштан байни кори уболу савобро барояш фаҳмондам. Гапам кора кард. Пушти дарвозааш, ки ботлоқзорро мемонд, баъди чанде ҳамвору шағалпӯш гардид. Гуфтамаш: «Ана кори савобу сарфаю ободии рӯзгорат», - изҳор медорад ҳамсуҳбатам.
- Воқеан, ҳоло ҳам қарз карда, баргузор намудани маъракаҳоро вохӯрдан мумкин аст, ки ин билкул аз нигоҳи дини Ислом дуруст нест. Иштирокчиёни маросими азодорӣ ҳамагӣ нафарони бениёзанду серу пур. Ҳол он ки гирду атрофи соҳибмайит чандин камбизоату маъюб ва ятиму бечора зиндагӣ доранд ва фақат бӯи таоми маъракадор ба димоғи он тоифа одамон мерасаду халос. Дар сураи «Исро» ояти 26–27-и Қуръони Маҷид дар ин маврид омадааст, ки Худованд исрофкоронро бародари шайтон хондааст. Дар сураи «Аъроф», ояти 31-и ин китоби муқаддас низ ишора омадааст: «Эй фарзандони одам, эй бандагони ман, шумо бихӯреду бинӯшед, чи қадаре ки ниёз доред. Танҳо он амале, ки ман аз шумо мехоҳам он аст, ки ба исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда даст назанед». Яъне, дар баробари амалҳои зишт исрофкориро низ дини Ислом маҳкум намудааст, - иброз медорад Муслиҳиддин Хоҷамиров.
Муҳаммадсаид Шарофиддин, мудири бахши дин, танзим ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бар он аст, ки воқеан байни кормандони бахши мазкур нафарони аз муҳтавою мазмуни фармудаҳои гузаштагонамон бехабаранд ва бо сабаби чаласаводӣ наметавонанд мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Онҳо низ ба мисли шахси аз илм дур гирифтори хурофотанд ва аз он тарс доранд, ки бо гирифтани пеши роҳи чунин амалҳои серхарҷ гунаҳгор мешаванд.
- Хайру садақаро набояд ба маънои исрофкорӣ анҷом дод. Рисолати мост, ки мардумро аз боби чи гуна анҷом додани кори хайру садақа омӯзонем, вагарна мафкураашон ҷойгузини хурофот мешавад. Аз надонистани илми дунявию шариатӣ баъзан вақт ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро мепайванданд. Исрофкориро як сӯ гузошта, ятиме ё кӯдаки камбизоатеро барои таълиму таҳсили илм роҳнамоӣ кунанд. Онҳоро бо китобу лавозимоти мактабӣ таъмин созанд. Гирду атрофи зистро обод созанд, мактабу боғча бино кунанд, - мегӯяд мавсуф.
Аз ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ бармеояд, ки мардум аллакай моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дарк кардаанд ва дар андешаи зиндагии осоишта ҳастанд. Масалан, соли гузашта 648 қонуншиканӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар миқёси ҷумҳурӣ ошкор шуд, ки нисбат ба солҳои пешин сатҳи он коҳиш ёфтааст. Далели ин гуфтаҳо кам шудани қонуншиканӣ миёни ҷомеа дар мавриди гузарондани маъракаҳои азодорӣ ва ҷашнҳои хурсандӣ мебошад.
Чун нек назар афканем, солҳои пеш доир намудани маъракаҳои азо ва суру чорабиниҳо ба ҳадди ифрот расида буд. Танҳо ашхоси камбизоат дар умқи дил ба ҳафт пушти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруд мефиристанд. Ҳазорон аҳсант ба ташаббускору ҳидоятгари ин қонуни нишотангезу фараҳфизо мехонанд, ки ҳақ асту рост…
Қутбияи НЕЪМАТУЛЛО