Роҳ дар ҳама давру замон намоёнгари ободии ҳар гуна макон ва василаи рушди тиҷорату саёҳат, наздикию ваҳдати одамон мебошад. Ба вижа, дар даврони истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсиониро яке аз ҳадафҳои аслии миллӣ донист ва шимолу ҷануб, ғарбу шарқи кишварро бо шоҳроҳҳои ҳозиразамон ба ҳам пайвастан тавонист. Шоҳроҳҳо ба ҳамаи кишварҳои ҳамҷавор низ расиданд ва акнун дар пешрафти иқтисоди мамлакат нақши босазо доранд. Аммо, ҳанӯз роҳҳое дорем, ки аз назарҳо дур афтодаанд…
Туфайли шоҳроҳ
Агар мардуми шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Бӯстону Гулистон (ба ғайр аз шаҳракҳои кӯҳканон, ки дар ҳудудҳои Ашту Мастчоҳ воқеъ гардидаанд), Спитамену Ҷаббор Расулов пештар ҳам барои равуо ба Хуҷанд мушкили ҷиддие надоштанд, аммо сокинони водии Зарафшон, Истаравшану Шаҳристон, Деваштичу Зафаробод, Мастчоҳу Ашту Истиқлол, Исфараю Конибодом аз роҳҳои валангор азоб мекашиданд. Шоҳроҳи таърихии Душанбе - Хуҷанд - Мастчоҳ пулакӣ ҳам бошад, мушкили аҳолии Истаравшану Шаҳристон, Деваштичу Мастчоҳ, роҳи Айнӣ -Панҷакент мушкили сокинони ин ду шаҳру ноҳияро осон гардонд. Роҳи Ҷаббор Расулов - Конибодом - Исфара, ки як қисми он ба истифода дода шуд ва имсол сохтмонаш давом хоҳад кард, расидани исфарагиҳою конибодомиҳоро ба маркази вилоят саҳлу сабук хоҳад кард. Соли 2015 дар вилоят соли роҳҳои обод эълон шуд, ки соли баъдияш низ давом ёфт. Тибқи барнома он солҳо чандин роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаҳои шаҳру навоҳӣ мумфарш ва шағалпӯш карда шуданд.
Навмедӣ
Баъде ки роҳи Айнӣ-Панҷакент сохта шуд, сокинони деҳоти болои ноҳияи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ умед доштанд, ки акнун навбати роҳи онҳо ҳам мерасад. Зеро барои тай кардани ҳамагӣ 65 километр роҳ аз маркази Айнӣ то даромадгоҳи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, вобаста аз мавсими сол 3–4 соат зарур аст. Ин роҳ, махсусан, мардуми Кӯҳистони Мастчоҳро нигарон кардааст. Барои як сокини Деҳисори ин ноҳия зарур меояд, ки барои то марзи Айнӣ расидан 105 километр роҳи дохили ноҳияро тай намояд, ки на кам аз 3 соатро ташкил медиҳад ва боз 65 километр роҳ то маркази Айнӣ (воқеан, танҳо 2 километр роҳи Кӯҳистони Мастчоҳ мумфарш карда шудаасту халос, он ҳам дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон). Аз ин рӯ, бо фарорасии гармӣ мардум роҳи ағбаи Оббурдон -Оҳучиро интихоб мекунанд, ки 4 ҳазор метр баландӣ дорад ва дар замони шӯравӣ бо усули ҳашар сохта шудаву бо вуҷуди ҳар сол сарф шудани маблағҳои каму беш барои тармимаш ҳатто дар фасли гарми тобистон хатарнок аст. Имсол ҳам корҳои тахту васеъкунии роҳи ин ағба оғоз ёфтаанд ва умед аст, ки дар мавсими нав камхавфтар мешавад. Баъди ба деҳаи Оҳучии Деваштич расидан, мусофирони ин роҳро мушкили дигаре интизор аст, зеро роҳи Оҳучӣ то мавзеи Калининобод он қадар тӯлонӣ набошад ҳам, валангор аст. Роҳбарияти собиқи вилоят чанд сол пеш ваъда дода буданд, ки ин роҳро мумфарш мекунанд, аммо ваъда амалӣ нашуд. Раиси нави вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор медиҳад, аммо... Мардум интизоранд.
Аз Ашт то Хуҷанд
Сокинони ноҳияи Ашт солҳои зиёд аз ноободии роҳи Шайдон -Хуҷанд шиква доранд. Воқеан, ҳар сол бар асари боришоти зимистон ин роҳ чуқуриҳои хурду калони бисёр пайдо мекунад, ки ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонанд. Ҳоло бо микроавтобуси «Спринтер» аз маркази ноҳия - шаҳраки Шайдон ба шаҳри Хуҷанд дар зарфи 1,5 соат метавон расид. Агар роҳ тахту ҳамвор бошад, онро метавон дар зарфи як – як соату даҳ дақиқа тай намуд. Барои таъмиру тармими ин роҳ иқтидори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия, ки соле аз буҷет барои нигоҳдории 316 километр роҳҳои ҳудудаш 367 ҳазор сомонӣ мегирад, кофӣ нест.
Дигар таъмирҳои ҷорӣ дар ин роҳ таъсиргузор нестанд ва аввалин боришот дарбеҳҳои хокию шағалиро шуста мебаранд.
Роҳро, ки вайрон кардед…
Роҳи шаҳраки Бӯстон – шаҳраки Зарнисор (тобеи шаҳри Гулистон) ҳамагӣ 38 километр аст ва азбаски мошинҳои гаронвазни корхонаи муштараки «Апрелевка» (шаҳраки Консой), Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой (шаҳраки Зарнисор), «Хуаксин Ғаюр Суғд» (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) мунтазам аз он гузар мекунанд, ба харобазор табдил ёфтааст. Мошинҳои сабукрав ва микроавтобусҳои мусофиркашон ин роҳро бо душворӣ убур мекунанд. Азбаски нақлиёти боркаши ширкатҳои мазкур дар валангор кардани ин роҳ «нақши босазо» доранд, ҳанӯз моҳи декабри соли 2017 ҷаласаи сайёри Сарвазири ҷумҳурӣ ин корхонаҳоро вазифадор карда буд, ки роҳи мазкурро аз ҳисоби худ тахту ҳамвор кунанд.
Танҳо моҳи марти соли равон дар рафти суҳбат бо раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода сарвари Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой изҳор дошт, ки барои таъмиру тармими ин роҳ 60 миллион сомонӣ ҷудо мекунад. Ширкатҳои «Апрелевка» ва «Хуаксин Ғаюр Суғд» ҳанӯз барои иҷрои ин супориши Ҳукумат тасмим нагирифтаанд.
Роҳ ва рушди деҳоту сайёҳӣ
Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, шаҳраки Зарнисор мавзеъҳои зиёди таърихӣ, фарҳангӣ ва манзараҳои зебои табиӣ мавҷуд мебошанд, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб мекунанд. Агар роҳҳо тахту ҳамвору бехатар бошанд, бешак, шумори сайёҳон ба ин ҷойҳо бамаротиб меафзояд.
Сардори шуъбаи истеҳсолӣ -техникии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд Насимҷон Бобоҷонов зимни суҳбат изҳор дошт, ки дар тавозуни идора 3486,6 километр роҳ мавҷуд мебошад, аз ҷумла 734,8 километр роҳи байналмилалӣ (277,5 километраш дар иҷораи ширкати IRS аст), 413,8 километр роҳи ҷумҳуриявӣ, 2338 километр роҳи маҳаллӣ.
- Ҳар сол аз буҷети ҷумҳурӣ ба идораи мо 11 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад, аз ҷумла 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо. Порсол аз тариқи барномаи ҶАЙКАИ давлати Япония ҳамаи 14 идораи дар шаҳру ноҳияҳо буда, бо техникаву таҷҳизоти муосири роҳсозӣ таъмин шуданд. Бори аввал соҳиби як заводи асфалт (дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) гардидем, - гуфт Насимҷон Бобоҷонов.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд