Аз рӯзи пайдоиши телефонҳои мобилӣ баҳсҳо дар мавриди зарари онҳо ба инсон ҳанӯз идома дорад. Тадқиқот оид ба таъсири майдони электромагнитӣ ба мавҷудоти зинда даҳсолаҳост, ки давом меёбад ва ҳатто Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барномаи махсусе бо унвонии «Майдони электромагнитӣ ва солимии инсон» созмон додааст.
- Узвҳои ба мавҷҳои электромагнитӣ бештар ҳассоси инсон – системаи асаб, ғадудҳои сипаршакл ва узвҳои ҷинсӣ мебошанд, агарчи аз таъсири мавҷҳои электромагнитии телефонҳои мобилӣ тамоми узвҳои бадани инсон метавонад осеб бинад, - мегӯяд Маҳмадсаид Шеров, мудири шуъбаи асаби кӯдаконаи Муассисаи давлатии маркази миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш».
Бино ба иттилои ҳамсуҳбатамон шуоафкании электромагнитии телефонҳои ҳамроҳ хусусан барои кӯдакон, занони ҳомила, беморони системаи асаб, рагу дил, ҳормонҳо ва нафароне, ки дорои ҳассосият ва масунияти заифанд, ниҳоят хатарнок аст.
- Аломатҳои таъсиррасонии мавҷҳои электромагнитии телефонҳои мобилиро худи мо ҳамарӯза бевосита мушоҳида менамоем. Ҳини суҳбат кардан бо телефон тадриҷан он гарм мешавад ва дар шахс эҳсоси вазнинӣ ва дарди сар пайдо мегардад, яъне таъсири мавҷҳо ба мағзи сари одам мегузарад. Шахс сарчархӣ, дилбеҳузурӣ, парешонӣ ва хастагии зиёдро эҳсос менамояд. Баъди 15 сонияи суҳбат ҳарорати гӯш ва пардаи он баланд шуда, минтақаи ба он наздики мағзи сар низ гарм мешавад. Ба ин тариқ, ифодаи «телефонҳои мобилӣ мағзи сарро бирён мекунанд» беасос нест, - афзуд табиб.
Мавсуф қайд намуд, ки оид ба зарари телефонҳои мобилӣ дар ҷаҳон тадқиқоти зиёд анҷом дода шудааст, аз ҷумла, соли 2003 олимони шведӣ исбот намудаанд, ки ҳатто ду дақиқаи суҳбат тариқи телефони мобилӣ девори физиологии байни системаи хунгард ва системаи марказии асабро метавонад хароб созад, ки ҳатто пас аз як соати қатъ кардани суҳбат он барқарор намегардад. Табиби ҷопонӣ Хажиме Кимата аз шаҳри Киото ба он назар аст, ки микромавҷҳои телефонҳои мобилӣ метавонанд ангезандаи антигенҳое гарданд, ки ҳассосиятро, аз ҷумла, диққи нафасро ба вуҷуд оранд.
- Занони ҳомилае, ки дурудароз бо телефонҳои ҳамроҳ суҳбат мекунанд, 1,5 маротиба бештар ба ҳолати ҷанинпартоӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва 2,5 баробар зиёд кӯдаконро бо нуқсонҳои модарзодӣ ба дунё меоранд, - афзуд М.Шеров.
Роҷеъ бар зарари телефонҳои ҳамроҳ Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар барномаи худ - «Майдони электромагнитӣ ва солимии инсон» сареҳу равшан қайд кардааст: «Натиҷаҳои тиббӣ, аз қабили бемории саратон, тағйирёбии рафтор, гум шудани хотира, бемориҳои Паркинсон ва Алтсгеймер, марги нобаҳангоми кӯдаки зоҳиран солим ва дигар ҳолатҳо, аз қабили худкушӣ натиҷаҳои таъсири майдонҳои электромагнитӣ мебошанд». Андешаҳо дар хусуси безарар будани алоқаҳои мобилӣ аз ҳақиқат дуранд.
Пас чи бояд кард, ки ҳадди ақал зарари телефонҳои мобилӣ камтар гардад? Зеро ҳарчанд дар мавриди зарари телефонҳо одамон маълумот доранд, вале ҳамоно аз истифодаи барзиёди он даст намекашанд.
- То зарурат набошад, ба телефон набояд рӯ овард. Суҳбат аз 3-4 дақиқа зиёд тӯл накашад. Истифодаи телефон ба кӯдак қатъиян манъ аст. Занони ҳомила низ то ҷое ки имкон доранд, аз истифодаи телефонҳои ҳамроҳ даст бикашанд ва ё кам муошират намоянд ва ҳангоми харидории телефонҳои мобилӣ таваҷҷуҳ намоянд, ки иқтидори шуоафкании онҳо камтар бошад. Зеро олиме гуфтааст: «Шуозании ихтиёрии майнаи сар аз микромавҷҳои телефонҳои мобилӣ – бузургтарин озмоиши биологӣ бар инсонҳост».
С. Ашӯрова