Ноҳияи Роштқалъаро хазинаи ҳунарҳои мардумӣ меноманд ва фаровардаҳои дастии ҳунармандон бо зебоӣ ва гуногунрангӣ шуҳрат доранд. Бисёр вақт иттифоқ афтодааст, ки меҳмонон ҷӯроб ва ҷемперҳои хушбофтро харидорӣ намуда, барои ибрози таҳсин офарандаашонро мекобанд. Ба онҳо мегӯянд, ки ин маҳсули бофандаи нобино Гулмеҳрӣ Қаноатшоева аст, ки дар деҳаи дурдасте зиндагӣ дорад. Харидорон мутаҳайир мешаванд, ки наход офарандаи ин моли зебо, босифат ва пур аз нақшу нигори чашму дилро рабоянда бонуест, ки дар айни авҷи ҷавонӣ, бо амри тақдир аз нури басар маҳрум гаштаву солиёни зиёдест, ки кунҷи хонаи падариро коргоҳи сайқали маҳорати бофандагии хеш қарор додааст.
– Одатан харидорону бинандагон ба гулпартоиҳои гуногун дар маҳсулоти бофандаи нобино нигоҳ карда мепурсанд, ки ҳунарманд чӣ гуна метавонад рангҳоро аз ҳам фарқ гузорад ва моҳиронаву бехато бофад ва бар ин боваранд, ки ӯ бо мадади касе ин корро анҷом медиҳад, – мегӯяд Шодмон Занҷирбеков, сокини деҳаи Девлох . – Аммо мардуми Ҷамоати деҳоти Тӯсиён ба қобилияти фавқулоддаи ин ҳунарманд бовар ҳосил карданд ва ҷӯроб, ҷемпер ва рӯймолҳои пашминро ба вай фармоиш медиҳанд.
Дар деҳа расм аст, ки бонуе фарзанд ба дунё орад, пас аз пур шудани чил рӯз, занҳо бо савғои гуногун барои муборакбодии модар мераванд ва Гулмеҳрӣ дар ҳар чунин ҳолат барои сокини нави деҳа попӯшҳои пашмин мебофад ва туҳфа мебарад.
Аз маркази Ҷамоати деҳоти Тӯсиён то хонаи ҳунарманд 5 километр роҳро пиёда тай кардан лозим омад. Ӯро дар хона машғули бофандагӣ ёфтем. Бо риштаҳои рангоранг гул мебофт. Ба куртаҳо, калтачаҳо, ҷӯробу рӯймолҳо, попӯшҳои рангоранг чашм медӯхтему ба эъҷози дастони ҳунарманд қоил мешудем.
Гулмеҳрӣ асрори фарқ кардани рангҳоро бароямон кушод: «Падару бародаронам риштаҳоро дастӣ аз пашми бузу гӯсфанд тайёр ва ранг мекунанд. Ман ҳар як риштаро бо навбат ба даст мегирам ва мепурсам, ки ин кадом ранг аст. Бо ламс риштаҳоро аз рӯйи дуруштиву нармӣ ва ғафсиву борикӣ аз ҳам фарқ мекунам ва мебофам, чашми дил гувоҳӣ медиҳад, ки ин кадом ранг аст. Қолабҳои гулпартоиро бо даст чен карда, дар ёд мегирам.Баъзан хато мекунам, вале зуд пай бурда, ислоҳ менамоям».
Табиат ин бонуи зебои 45-соларо аз нури чашмонаш маҳрум сохтааст, вале дар ивази он салиқаи хуб, ҳассосият, дарки баланд, ҳушмандӣ ва зиракиву ҳофизаи қавӣ ато кардааст. Бист сол боз нобиност, вале ҳунари аз модарбузургаш ёд гирифтаро сайқал медиҳад ва беш аз пеш бо офаридаҳояш муштариёнашро ҳайрон месозад. Онҳое, ки меҳмони коргоҳи ҳунарманд мешаванд, мебинанд, ки офариниши зебоӣ ба ҳунарманд ба осонӣ муяссар намешавад. Заҳмат, сабру тоқат, хотири ҷамъ ва иродаи хастанопазиру мустаҳкам дидаҳои нобиноро ҷуброн мекунанд. Гулмеҳрӣ ҳофизаи қавӣ дорад ва агар бо касе ҳамсуҳбат шуда бошад, пас аз чанд сол метавонад аз овоз соҳиби онро бехато ном барад.
Фарҳангшинос Лаълҷубаи Мирзоҳасан мегӯяд, ки дар деҳаи Барҷангал мӯйсафеди нобиное бо номи Наврӯзшоҳ мезист, ки дар палосбофӣ назир надошт. Мутахассис ҳикмати асрори эъҷози ин ҳунармандони соҳибистеъдодро дар он мебинад, ки гарчанде бо амри тақдир дар ҷавонӣ аз нури басар маҳрум монданд, дилшикаста нашуда, бо сахткӯшии бештаре худро ба кор бахшиданд. Вақте як узви инсон оҷиз мешавад, Худованд узвҳои дигарро неру мебахшад, то ин фард дастнигару муҳтоҷ набошад. Мусоҳибам аз оҳангсози барҷаста Бетховен ёдовар шуд, ки дар солҳои охири умраш шунавоиро аз даст дода, оҳанг меофарид ва тавре менавохт, ки дили дӯстдорони мусиқиро тасхир мекард. Зеро малака ва қувваи фавқулоддаи ботинӣ ба оҳангсоз кумак мекард ва фарҳангшинос эъҷози дасти ҳунарманди нобино ва нобиғаи ношунаворо дар офариниши зебоӣ ба ҳам монанд дарёфтааст.
Деҳаи Девлох
Сокинони Девлох мегӯянд, ки агар биҳишт ҳафт дар дошта бошад, бе шак шашумаш деҳаи онҳост. Дар фасли баҳору тобистон, вақте ки дашту даман гулпӯш, киштаҳо сабз ва маҳсулоти чорпо фаровон аст, онҳо аз субҳ то шом ба кор банданд, вале хастагӣ ва чӣ тавр гузаштани вақтро эҳсос намекунанд. Вале боз ҳам мегӯянд онҳо, агар дӯзах нуҳ дар дошта бошад, ҳафтуминаш деҳаи онҳост дар фасли зимистон, зеро аз боришоти зиёди барф сокинон рӯз ва ҳатто ҳафтаҳо аз рафтуомад бо деҳоти гирду атроф маҳрум мемонанд ва рӯзҳои якрангу дилгиркунандаро аз сар мегузаронанд.
Дар луғате омадааст, ки шакли дурусти Девлох «Деҳи Лох» буда, маънои сангзорро дорад. Аммо дар ҷойе ҳам Девлох маконе гуфтаанд, дур аз ободӣ.
Падарбузург ва бибии Гулмеҳрӣ нахустин шахсоне будаанд, ки дар ин макон хона андохтанд. Овозаи ривоҷи молдорӣ ва кишоварзии ин хонаводаро шунида, бархе аз сокинони деҳоти гирду атроф ҳам маскуни он шуданд ва ба зудӣ шумораи хонаводаҳо дар деҳа ба 30 адад расидааст. Дар деҳа хурду калон аз субҳ то шом ба кор банданду Гулмеҳрӣ дар коргоҳи хеш танҳо бофандагӣ мекунад ва ахбори дохилу хориҷи кишварро аз тариқи оинаи нилгун мешунавад ва сари дастархони шомгоҳӣ ба аҳли хонавода нақл мекунад. Баъзан ҳамсояҳо ҳам навгониҳоро аз даҳони Гулмеҳрӣ мешунаванд. Вале ӯ чанд муддат боз ғамгин аст, зеро бо гузаштани барномаҳо ба пахши рақамӣ аҳли деҳа аз тамошои барномаҳои шабакаҳои телевизиони тоҷик маҳрум монданд. Вай ба садои ҳофизони дӯстдоштааш Шуҳрат Сайнаков ва Нигина Амонқулова пазмон шудааст. Барои қабули мавҷи шабакаҳои телевизиони ҷумҳуриявӣ таҷҳизоти иловагии рамзкушои мавҷӣ зарур асту аксари хонаводаҳои деҳоти дурдаст имкони харидани онро надоранд. Ба фик-ри мусоҳибам, хуб мешуд, ки барои хонаводаҳои камбизоат дар деҳот, ба манзури таъмини амнияти иттилоотӣ, чунин таҷҳизоти иловагӣ ба таври ройгон тақсим мешуд.
Нури ду чашмони модар – Нурия
Гулмеҳрӣ аз рӯйи ишқу муҳаббат ба шавҳар баромад. Вақти ҳомиладорӣ пизишкон ҳушдор доданд, ки дар сурати таваллуди фарзанд имкони аз қувваи биноӣ маҳрум шудан вуҷуд дорад ва тавсия доданд, ки аз фарзанд даст кашад. Вале Гулмеҳрӣ байни ду нури чашм, яке аслӣ ва дигаре маҷозӣ, дувумиро интихоб кард. Духтарчаи дӯстрӯяке ба дунё оварду онро чун нури чашмон - Нурия ном гузошт. Зарбаи сахти тақдир пас аз ду соли таваллуди фарзанд фаро расиду дунёи равшан барои модар торик гашт. Шавҳар аз зани қобилу меҳрубонаш ҷудо шудан нахост ва омода буд, ки бо ҳамсараш ҳамлаи тақдирро таҳаммул намояд. Аммо Гулмеҳрӣ намехост, ки рӯзгори шавҳари ҷавонашро тира созаду худро сарборӣ ҳис кунад. Аз шавҳараш хоҳиш намуд, ки вайро бо духтарчааш ба хонаи падар барад. Шавҳар хоҳишашро ба ҷо овард. Аз нав хонадору соҳиби фарзандон гардид, вале робитаро бо онҳо наканд ва ҳамеша аз ҳолашон хабар мегирифт.То даме, ки ҳангоми кор дар нақби Анзоб бар асари ҳодисаи нохуше фавтид.
Бо гузашти айём, Нурия донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ гардиду додаронаш пас аз хатми мактаб муҳоҷирати меҳнатиро пеша кардаву мададгораш шуданд. Бо дастгирии хонавода ва додарҳояш донишгоҳро хатм намуд. Дар мактаби ибтидоии деҳа ҷойи кор нест, вале масъулини шуъбаи маорифи ноҳия ваъда доданд, ки бо пайдо шудани имкон дар яке аз муассисоти таълимии деҳоти наздиктарин мутахассиси ҷавонро ба кор ҷалб мекунанд.
Ба андешаи Гулмеҳрӣ одамони дорои ниёзи хос бештар ба дастгирии муҳите, ки дар он зиндагӣ мекунанд, эҳтиёҷ доранд. Гулмеҳрӣ муттакои хешро дар симои падар ва бародари худ ёфтааст. Падару писар дар баробари коркарди пашм ва муҳайё сохтани ашёи хом, ба коркарди пӯсти чорво низ шуғл меварзанд ва пӯстинҳои аз пӯсти така дӯхтаашон, ки назар ба пӯстинҳои муқаррарӣ гарму сабуктар мебошанд, торафт муд мешаванд.
Инсони муосир ҳамеша зери таъсири амвоҷи иттилооти дидаву шунидааш мемонад ва аз Гулмеҳрӣ мепурсам, ки чӣ ӯро ба изтироб меорад. Вай аз тақдири ояндаи духтараш нигарон асту аз Худованд хушбахтии нури чашмонашро таманно дорад.
Меҳрӣ Ғуломшоева, мудири кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, мегӯяд, ки дар доираи барномаи таъсиси ҷойҳои корӣ дар шароити хонаводагӣ тасмим гириф-таанд, ки бонувони ҳунарманди деҳаи дурдасти Дев-лохро муттаҳид созанд ва ба ин иттиҳодия кумаки моддӣ ва маънавиро дареғ намедоранд.
Ш.Мирзоҷалол, н. Роштқалъа