Дар масири 21 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон қадру манзалати Ватан ва ватандорӣ, ягонагии он ва умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон будани Тоҷикистонро дарк намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бо масъулияти баланд талош меварзанд.
Ҷавонон новобаста аз муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил ё истиқомати муваққатию доимӣ дар дигар кишварҳо бояд Тоҷикистонро Ватан ва даргоҳи умеди хеш дониста ба рушду нумуъ ва мақому манзалати он дар сатҳи байналмилалӣ бетараф набошанд. Таҷриба, таҳлил ва мушоҳидаҳо дар умури давлатдории мамолики ҷаҳон собит намудааст, ки ҳеҷ кишвар ва миллат бе насли ҷавони худогоҳу созанда ва бунёдкор оянда ва пешрафти худро таъмин карда наметавонад.
Нақши ҷавонон дар марҳалаи аввали давлатсозӣ муассир буда, дар давраи гузариш ба ҷомеаи демократӣ ва таҳким бахшидан ба пояҳои он, дар муқобили равандҳои ҷаҳонишавӣ ва ифтихори ватандорӣ боз ҳам муассиртар мегардад.
Дар тарҳрезии консепсияи давлатдорӣ, таҳия ва қабули Сарқонун (Конститутсия), қабули қонунҳои тақдирсоз нақши ҷавонон хеле барҷаста мебошад. Тамоми марҳилаҳои нахустини давлатдорию давлатсозӣ бо сарварии роҳбари ҷавон, хирадманд ва сиёсатмадор Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардид.
Консепсияи миллии давлатдориеро, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи Истиқлол бо мардуми тоҷик ироа намуданд, ҷавонони тоҷик бештару бештар дастгирӣ ва корбасти ватандории худ намуданд.
Ҷавонон ҳанӯз аз замони саргаҳи истиқлоли миллӣ дарку эҳсос намуданд, ки эътиқоду боварӣ, ватанпарварӣ ва созандагию бунёдкории онҳо дар партави сиёсати ҳукумат онҳоро бо ҳам муттаҳид месозад. Таҳлилу мушоҳидаҳо оид ба фаъолияти ҷавонон дар ҷодаи бунёдкорию созандагӣ собит намуд, ки руҳияи ҷавонон ва муносибату рафтори онҳо ба воқеоту ҳаводиси кишвар дар масири 21 соли истиқлолияти миллӣ ташаккул ёфт ва он аз солимии маънавиёти онҳо шаҳодат медиҳад. Вале ҷавонон бо ин ҳама пешравӣ як мушкили хешро то ҷойе ҳанӯз бартараф накарданд. Ин мушкил забономӯзии онҳо дар шароити муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Робитаҳои густурда ва серҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон сол ба сол таҳкиму густариш меёбанд. Яке аз омилҳои асосии рушди ин ҳамкорӣ омода намудани ҷавонони тоҷик дар макотиби олии кишварҳои ҳамсуди Тоҷикистон ва шароити мусоид фароҳам овардан ба ҷавонони муҳоҷири меҳнатӣ мебошад.
Барои комёб гардидани ҷавонон ба дониши мусаллаҳ дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва фароҳамсозии шароити кори онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ, забономӯзӣ нақши муҳим дорад.
Таълим ва омӯзиши забонҳои давлатҳои пешраф-таи дунё, ба вижа забони англисӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият ва дастовардҳои илму техникаи муосир ба шумор хоҳад рафт.
Барои ҳамин давлатҳои ҳамсуд ҳамеша тақозо менамоянд, ки ҷавононе, ки ба кишвари онҳо ба сифати донишҷӯ, коромӯз ё муҳоҷир меоянд, пеш аз ҳама аз забон ва фарҳанги онҳо огоҳӣ дошта бошанд.
Надонистани забонҳои хориҷӣ барои аксари донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ имрӯз ба яке аз масъалаи ҳалталаб табдил ёфтааст. Наомӯхтани забони давлате, ки барои дониш андӯхтан ва кор кардан ба он мераванд, мушкили зиёде эҷод мекунад ва то ҷойе барои бо мардуми бумӣ якҷоя (интегратсия) шудан монеа мешавад.
Таҳлилу мушоҳидаҳо ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар умури муҳоҷирати меҳнатӣ нишон медиҳад, ки барои ҷавонон надонистани забон дар пайдо кардани ҷойи кор, муошират бо мардуми таҳҷоӣ ва ғайра мушкилоти зиёде эҷод карда, боиси канораҷӯии муҳоҷирони меҳнатӣ мешавад, ки оқибатҳои хуб надорад.
Имрӯз дар рушди соҳаҳои мухталифи давлатҳои ҳамсуд, аз ҷумла Русия саҳми тоҷикон назаррас мебошад. Ба манзури фарогирии комили муҳоҷирони меҳнатӣ дар дохилу хориҷи кишвар бояд ба забон-омӯзии онҳо диққати бештар диҳем. Ин дар раванди танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ба таълими касбӣ фаро гирифтани ҷавонон заминаи хеле муассир буда, дар мутобиқсозии муҳоҷирони ҷавони меҳнатӣ ба талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Ин масъала дар ҳақиқат хеле ҷиддист. Бо ин мушкил на танҳо ҷавонони муҳоҷири тоҷик, балки шаҳрвандони кишварҳои дигари ҷаҳон низ рӯ ба рӯ мешаванд. Барои бартарафсозии он тарҳрезии консепсияи муҳоҷирати меҳнатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард, ки дар он масоили фарогири муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла роҳҳои бартараф кардани мушкилоти забономӯзии муҳоҷирони ҷавон ба эътибор гирифта мешавад.
Гулрафтор Музаффарова, мудири кафедраи забонҳои
хориҷии умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ