Муаррифӣ:
Ситораи Кароматуллоҳ зодаи деҳаи Дуобаи ноҳияи Варзоб буда, дар оилаи омӯзгор мутаваллид шудааст. Соли 2009 мактаби миёнаи рақами 1-и шаҳри Душанбе ба номи Малика Собироваро ҳамзамон бо Академияи «Мақом» хатм намуда, ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дохил мегардад. Аз ҳамон сол ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор даъват шуд. Аз соли 2012 дар Ансамбли давлатии шашмақоми ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Феълан донишҷӯйи курси чаҳорум аст.
Интихоби мо ин дафъа рӯйи ҷавонони санъаткор қарор гирифт ва ин бесабаб нест, зеро аз як ҷониб муаррифӣ сохтани ҷавонони соҳибистеъдод ба ҷомеа яке аз рисолатҳои калидии маҷалла бошад, аз сӯйи дигар, рӯ овардани духтарон ба мусиқии асил падидаи шоёни таҳсин аст. Ва бояд иқрор созем, ки яке аз роҳҳои муассири муаррифӣ намудани ҷумҳурӣ ба ҷаҳониён санъат аст. Беҳуда нест, ки барои рафтан ба «Театри калон»- и шаҳри Маскав меҳмонону шаҳрвандони Русия чанд моҳ қабл билет мехаранд, то ба садои ноб ва мусиқии асил гӯш диҳанд. Шунидани садои қаҳрамонҳои ин матлаб хушбахтиест, ки Офаранда онро ба мо арзонӣ доштааст ва бояд онро қадр карду эҳтиром гузошт.
Мақом ба ҷойи ғижак
Дар мактаби мусиқӣ Ситора то синфи 5-ум ғижак менавохт. Рӯзе озмуни мақомхонӣ доир гардиду баъд аз шунидани садояш ӯро иҷборан ба гуруҳи мақомхонҳо гузарониданд. Се соли дигар дар ин бахши санъат таҳти роҳбарии устодаш Хуршед Иброҳимов таҳсил намуда, бо маслиҳати падар ҳамзамон муҳассили Академияи «Мақом» гардид. Дар ин ҷо Абдувалӣ Абдурашидов ӯро ба нозукиҳои мақом аз наздик шинос намуд. Илова бар ин, дар фаро гирифтани тахассус ба Ситора падар- Кароматуллоҳ Раҳимов ёрӣ мерасонд. Падар мусиқашинос асту дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар навбати худ роҳбалади падар ба дунёи санъат бобои Ситора будааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ҳунари хунёгарӣ ва овозхониро қаҳрамони матлаб аз аҷдоди худ мерос гирифтааст.
Таронаҳои халқӣ ҳам мехонам…
Дар қарни 21 роҳи зуд шунаванда пайдо кардану шинохта шудан, эстрада аст. Аксар шунавандаҳо ба садои нобу тоза ва ширадори Ситора гӯш медиҳанду суол мекунанд, ки чаро ба эстрада намеравад. Ҷавоби ӯ ҳамеша як сон садо медиҳад: ман мақомро интихоб кардаам. Баъзан вобаста ба хоҳиши шунавандаҳо ба мусиқии халқӣ рӯ меорад. Аз эҷоди мардумӣ пораҳои пураламу эҳсосеро месарояду қалбҳо саршор аз дард мегарданд… «Дар мактаб таҳти роҳбарии устодам Исмоил Назриев тарзи сароидани сурудҳои халқиро омӯхтаам, бароям хеле хуш аст, аммо мақом чизи дигар аст, мақом ин дарди дили ман аст…», – мегӯяд Ситора.
Сафарҳои ҳунарӣ
Як омили рушд кардани ҳунарманд табодули таҷриба аст. Барои овозхонҳо сафари ҳунарӣ мактаби ҷудогонаест, ки дар такомули ҳунари онҳо нақши калидӣ дорад. Ҳангоми таҳсил бо ибтикори Академияи «Мақом» Ситора бо ҳамсабақон ба сафарҳои ҳунарӣ мерафт. Тайи чаҳор соли таҳсил ӯ ба ноҳияҳои Варзоб, Ҳисор, Шаҳринав, Шаҳритус, шаҳрҳои Ваҳдат, Хуҷанд, Исфара ва Конибодом сафар намуда, дар чорабиниҳои зиёде ширкат варзида, аз таҷрибаи дигарон сабақ омӯхт ва ниҳоят соли 2008 –ум дар озмуни «Ғунчаҳои санъат» барандаи ҷойи аввал гардид.
Зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир…
Ҳамасола 12-уми май дар Эрон ҳамчун рӯзи мақом ҷашн гирифта мешавад. Соли 2010 бори аввал Ситора ба сафарии ҳунарии хориҷӣ рафт. Ӯ дар ҷашни мақом дар шаҳри Теҳрон ширкат намуда, дар кохи ба номи А. Фиравсӣ ва Донишгоҳи ҳунарҳои мардумии Эрон баромад кард. Садои ӯро мардум ва доварону донандагони мақом бо кафкӯбиҳо истиқбол ва пазироӣ намуданд. Сафари дувуми ҳунарии ӯ моҳи феврали соли 2013 ба Арабистони Саъудӣ сурат гирифт. Моҳи март бошад, дар Ҷумҳурии Озарбойҷон фестивали байналмилалии мақомхонҳо созмон дода шуд, ки дар он намояндагони 16 кишвари дунё ширкат намуданд. Ситора дар ин озмун аз эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ, Соиб ва Саъдии бузургвор ғазал хонда, миёни мақомхонҳои дунё шинохта гардид. Новобаста аз ҷавонӣ ва камии таҷриба ӯ ҷойи чаҳорумро соҳиб гашта, бо ҷоиза қадр гардид. «Ростӣ, барои ширкат дар чунин фестивал мо омодагии зарурӣ надида будем ва таҷрибаи ман ҳам нокофӣ буд, зеро ҳар як овозхон бо гуруҳи ҳунарии хунёгарони кишвари худ ширкат менамуд ва ҳунари мусиқинавозон ба таври ҷудогона доварӣ мешуд. Мо дар ин бахш заъф доштем. Аммо новобаста ба ин, доварон аз мо истиқболи нек намуданд ва ин фестивал бароям нақши муҳим дошт», – ёдовар мегардад Ситора.
Муаррифгари миллат фарҳанг аст
Мутаассифона, аз гуфтаҳои Ситора бармеояд, ки имрӯз ҷавонони мо ба мақом таваҷҷуҳи кам зоҳир менамоянд ва дар бахши омӯзиши мақомхонӣ талош намекунанд. «Шояд сабаби ба мақомхонӣ кам таваҷҷуҳ доштани ҷавонон баъзе шашмақомхонҳои мо бошанд, ки нозукиҳои ин касбро хуб фаро нагирифтаанду ба дили шунаванда роҳ намеёбанд. Имкон дорад, сабаби дигар коҳиши завқ ва фарҳанг бошад. Ҷавонони санъаткори мо бештар ба эстрада майл доранд, дар ҳоле ки дар дигар кишварҳо мардум ба мусиқии асил бештар таваҷҷуҳ доранд. Дар ҷараёни сафарҳои ҳунарӣ аз фурсат истифода намуда, ба балет, опера ва консертҳои симфонӣ меравам. Дар толорҳои бузург ҷойи холӣ намебинед, қисме аз ҳаводорон билет наёфта пушти дар мемонанд. Илова бар ин, консерт дар вақти таъйиншуда оғоз меёбад. Дар толор он қадр хомӯшӣ ҳукмфармо мегардад, ки навои ҳар мусиқӣ ба таври ҷудогона шунида мешавад. Чунин саҳна орзуи ҳар як ҳунарманд аст, зеро метавонад дар чунин шароит ҳунари худро ба пуррагӣ ба тамошобин пешкаш созад», – мегӯяд ӯ. – Дар консертҳои мо ҳангоми шунидани шашмақом баъзе шунавандаҳо ҳатто ҳуштак мекашанд, ки ин тарзи муносибати онҳо ба дили ҳунарманд мисли корд мехалад. Ин ҳам дар ҳолест, ки танҳо мусиқии асил ва фарҳанги воло метавонад ҷумҳурии моро ба ҷаҳон муаррифӣ намояд, – меафзояд Ситора.
Бе сарпараст…
Ситораи Кароматуллоҳ вақтҳои холӣ эҷодиёти сарояндагони шинохта –Акашариф Ҷӯраев, Барно Исҳоқова ва Фазлиддин Шаҳобовро гӯш мекунад ва нозукиҳои касби худро аз бузургон меомӯзад. Ба хондани китобҳои бадеӣ ва парвариши гулҳо шавқи зиёд дорад, аммо фурсат кам даст медиҳад. Имсол Консерваторияи миллии Тоҷикистонро хатм менамояду орзуи таҳсил дар магистратураро дорад. Аммо…
Барои рушд ва сафарҳои ҳунарӣ ҳар як овозхон ва ҳунарманд ниёз ба сарпараст дорад. Дар ҷумҳурии мо то имрӯз сарпарастон ба ҳунари ноб камтар таваҷҷуҳ доранд. Шояд аз он сабаб бошад, ки маблағгузорӣ дар ин бахш ба онҳо чандон фоида намеорад. Аммо набояд ҳар иқдоме ба хотири ба даст овардани манфиат ва афзоиши сарват анҷом шавад. Сарвати миллӣ ин ҳунари ноб ва санъати асил аст ва манфиати он на ба суди шахсе, балки барои миллат аст.
Ба назар мерасад, ки ба ин бахш феълан танҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянду дастгир ва ғамхори ҳунармандон шудаанд. Шояд фурсат расида бошад, ки дигар ниҳоду идораҳо ва шахсони имкондошта дасти ҳунармандони ҷавонро бигиранду ба ин васила нақши худро дар рушд ва такомули фарҳанги миллӣ гузоранд?
Фароруни Сабзқадам