Мусоҳибаи вижа бо Абдувалӣ Шарифов, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон
– Абдувалӣ Қурбоналиевич, оид ба таърихи таъсис ёфтани Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба хонандагони мо иттилоъ медодед?
– Осорхонаи миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1094, аз 27-уми июли соли 2011 таъсис дода шуд. Корҳои муқаддамотӣ то соли равон идома ёфта, маросими ифтитоҳи он дар арафаи ҷашни байналмилалии Нав-рӯз бо дуои Сарвари давлат сурат гирифт.
– Осорхонаи миллӣ аз чанд бахшу қисматҳо иборат аст?
– Хазинаи осорхона аз ду қисмат иборат мебошад: таърихӣ- кишваршиносӣ ва санъати тасвирӣ – амалӣ. Аҳамияти илмии осорхона аз он иборат аст, ки он ба давраи муайяни таърихие бахшида нашуда, тамоми марҳалаҳои рушди инсоният ва табиати Тоҷикистонро дар бар мегирад.
– Қисмати экспозитсионӣ ва намоишии осорхона чӣ гуна созмон ёфтааст?– Аз чор қабат иборат аст. Дар қисмати зербинои осорхона 5 толори шуъбаи табиат мавҷуд аст, ки тамошобин метавонад бо он аз ҷиҳати илмӣ ва бадеӣ шинос гардаду дар иртибот ба олами рустаниҳо ва вуҳуши Тоҷикистон маълумоти дақиқ пайдо кунад. Дар ошёнаи якум ёдгориҳои таърихи ниёконамон аз қаъри сангин то ба асри 8–и мелодӣ ба намоиш гузошта шуда, аз 6 толор иборат мебошад. Толори якум бо харитаи ёдгориҳои таърихии ҷумҳурӣ оғоз мегардад. Яъне бинанда қабл аз оғоз метавонад аз тариқи ин харита ба беш аз 2000 ёдгориҳои таърихӣ шинос ва дар бораи онҳо маълумоти дақиқи илмӣ пайдо кунад. Дар Тоҷикистон ягона ёдгории таърихие, ки дар феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шудааст, Саразм мебошад. 8 ёдгории дигар, яъне Панҷакенти қадим, Бунҷикат, Ҳисор, Тахти сангин, Аҷинатеппа, Хоҷа Машҳад, Ҳулбук ва Ямчун ҳамчун силсилаёдгориҳои роҳи абрешим барои дар ЮНЕСКО сабт гардидан номзад ба шумор мераванд. Баъдан, асри санги Тоҷикистон дар шакли муфассал ба маърази намоиш гузошта шудааст. Қадимтарин ёдгории асри санги Осиёи Марказӣ Кӯлдара мебошад, ки таърихи 1 миллионсола дорад ва дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ҷойгир аст. Бинанда ёдгориҳои таърихии асри сангро чандон бо шавқ тамошо намекунад, ба ҳамин хотир, дар ин толор як диарам-маи бадеӣ дар бораи ҳаёти мардуми ин давра ба маърази намоиш гузошта шудааст, ки майлу рағбати тамошобинро зиёд мегардонад. Навиштаҳои тамошобинон дар дафтари сабт гувоҳи он аст, ки чунин тарзи пешниҳод сохтани як давраи таърихӣ ба онҳо хеле мақбул аст.
„Осорхона - оинаи пурҷилоест, ки ҳаёт ва таърихи халқ, пирӯзиҳо ва нокомиҳои он, дастовардҳои илму фарҳанг ва сарнавишти фарзандони номдору ифтихорманди миллатро инъикос мекунад“
Эмомалӣ Раҳмон
– Давоми сайри осорхона бинандаро ба асри биринҷӣ мебарад?
– Бале, ин давраи муҳими таърихӣ бо ёдгориҳои шаҳри Саразм оғоз меёбад. Илова бар ёдгориҳо, дар ин толор харитаҳо ва матнҳои тавзеҳотӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузошта таҳия гардидаанд. Дар таърихи бостоншиносии Тоҷикистон бори нахуст симои зоҳирии зани тоҷик аз ду ёдгорӣ, ки дар ҷануби кишвар ёфт шудаанд ва асоси илмӣ доранд, муайян гардидааст. Ёдгории аввал симои як зани ғелотӣ мебошад, ки дар наздикии шаҳри Кӯлоб кашф шуд ва дувумӣ симои зане аз асри биринҷӣ аз Кангуртут аст. Нимпайкараҳои ин занҳо дар осорхона ба таври илмӣ ва бадеӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Хулосаи илмӣ дар мавриди мардуми асри биринҷии Тоҷикистон ҳамин аст, ки онҳо симои ҳиндуаврупоӣ доштанд ва сокинони бумии минтақа буданд. Гузаш-та аз ин, дар ин толор намунаи либосҳои мардуми ҳазорсолаи дуи пеш аз мелод ба намоиш гузошта шудааст. Ин давраи таърихи кишвар бо фарҳанги мардуми водии Вахш шинохта мешавад. Аз таҳлили ин давраи таърихӣ ба хулосае меоем, ки ниёкони мо ба кулолгарӣ, маъдангудозӣ, истеҳсоли матои гуногун ва санъати меъморӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд.
– Оё замони паёмбарии Зардушт мунъакис гардидааст?
– Толори дуюми ошёнаи якум ба «Авасто» ва дини зардуштӣ бахшида шудааст. «Авасто» ҳамчун сарчашмаи илмӣ на танҳо барои тоҷикон, балки ба тамоми инсоният муҳим мебошад. Аз ин рӯ, дар толори мазкур амсилаи китоби «Авасто» ба намоиш гузошта шудааст, ки он аз ҷониби донишмандони Тоҷикистон дар сатҳи баланди касбӣ анҷом гардида, аз назари илмӣ ва бадеӣ аз аҳамияти бузург бархурдор мебошад. Шиори аслии давраи Зардушт- пиндори нек, гуфтори нек ва ахлоқи нек ба забонҳои авестоӣ, паҳлавӣ, форсии нав, ҳуруфи сирилик ва англисӣ навишта шудааст. Таърихи сиёсӣ ва ҷуғрофияи таърихии ин давра дар толор пурра инъикос ёфта, маълум мегардад, ки тоҷикон дар ин марҳила дар тақвимнигорӣ пешрафт намудаанд. Аз ин рӯ, дар толор тақвими зардуштӣ ва ҷашнҳои миллии мардуми мо, аз қабили Сада, Нав-рӯз ва Меҳргон, ки дар таърихи умумиинсонӣ мавқеи муҳим касб намудаанд, мунъакис шудаанд. Дар ин толор як намунаи дигари ин давра, ки дар ноҳияи Фархор кашф гардида, танбар ё устухондон номида мешавад, ҷо гирифтааст.
– Бинанда метавонад дар Осорхонаи миллӣ бо таърихи давлатдории ниёконамон ошно гардад?
– Толори сеюми ошёнаи якум бо давраи нахустин шоҳигарии ҷаҳон, яъне Ҳахоманишиён оғоз мегардад, ки аввалин императории дунёро созмон додаанд. Аҳамияти ин давраи таърихӣ аз он иборат аст, ки Куруши Кабир нахустин эъломияи ҳукуқи башарро таҳия намуда, онро дар амал татбиқ сохт. Сарчашмаҳои динӣ, аз ҷумла «Библия» гувоҳӣ медиҳанд, ки вақте Куруш Мисрро фатҳ мекунад, ба тамоми мардум озодии эътиқодӣ ва ҳуқуқӣ эълом менамояд.
Бузургтарин силсилаёдгории ин давра ёдгориҳои Хазинаи Амударё мебошад, ки соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён ёфт шуд. Бо ибтикори Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нусхаи амсилаи тиллоии ин ёдгориҳо аз ҷониби осорхонаи Бритониёи Кабир ба Тоҷикистон ҳадя гардид ва онҳо дар Осорхонаи миллӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.
– Бархе аз таърихшиносон намехостанд, ки таърихи давлатдории Сосониён дар осорхона мунъакис гардад. Ин қазия бо чӣ анҷом ёфт?
– Баъд аз баррасии амиқ мутахассисон ба хулоса омаданд, ки таърихамон бе ин давра ноқис хоҳад монд. Ба ҳамин хотир, толори чоруми ошёнаи аввал таърихи давлатдорӣ ва замони Сосониёну Ҳайтолиёнро дар бар мегирад. Ёдгориҳои ин давра аксаран дар ноҳияи Қубодиён ёфт шудаанд. Қисмати дигари толор ба давраи Ҳайтолиён бахшида шудааст. Вожаи ҳайтол дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар шакли яфтал ҳанӯз мавриди истифода қарор дорад. Як давраи муҳими сиёсии давраи Ҳайтолиён ин марҳилаи муборизаи мардуми тоҷик барои истиқлол мебошад. Мусаввараи шоҳи Ҳайтолиён- Хушнавоз ба таври бисёр зебо тасвир гардидааст. Толори 5-ум ба яке аз ёдгориҳои муҳим - Панҷакенти бостон бахшида шуда, экспозитсияҳо ҳамин давраро дар бар мегиранд. Матни тавзеҳотӣ бо се забон таҳия гардида, нақшҳои кандакории болои чӯб дар маърази намоиш қарор мегиранд. Нақши муҳимро дар ин толор деворнигораҳои Панҷакенти бостон ташкил медиҳанд, ки онҳо барои шинос шудан бо санъати тасвирӣ ва амалии он давра хеле муҳим мебошанд. Қисмати дигаре, ки барои тамошобинон ҷолиб мебошад, намунаи сару либоси мардуми қарнҳои 5-8 аст. Бо фармоиши осорхона либосҳои ашрофзанон ва мардони ин давраи таърихӣ таҳия гардида, ба намоиш гузошта шудаанд. Ба бозёфтҳои кӯҳи Муғ низ гӯшаи алоҳида ҷудо гардидааст.
– Бозёфтҳои Аҷинатеппа ба намоиш гузошта шудаанд?
- Толори 6-ум толори мудавварест, ки ба ёдгории дигари муҳими таърихӣ-Аҷинатеппа бахшида шуда, шакли меъмории он қисман ҳифз гардидааст. Вақте тамошобин ба ин толор ворид мегардад, дар рӯ ба рӯяш амсилаи Аҷинатеппа пайдо мешавад ва ӯ метавонад ба он аз наздик ошно гардаду аз ҳаёти маъбадони буддоӣ воқиф гардад. Маълум аст, ки яке аз ёдгориҳои муҳими ин давра пайкараи Буддо мебошад.
– Ошёнаи дувуми осорхона бо кадом давраи таърихӣ оғоз меёбад?
– Ошёнаи дувуми осорхона бо давраи тиллоии салтанати тоҷикон, яъне сулолаи Сомониён оғоз меёбад. Бузургтарин ёдгории ин давра шаҳр ва қасри Ҳулбук аст, ба ҳамин хотир барои он гӯшаи алоҳида ҷудо гардида, дар он санъати меъмории мардум, кулолгарӣ, кулолгарии сирдор ва ҳунари шишарезӣ инъикос ёфтааст. Ёдгории дигари ин давра Сайёд, яъне ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки дар ин ҷо санъати гаҷкорӣ хеле равнақ ёфта буд. Аҷиб аст, вақте имрӯз нафаре хонаашро бо каҷ таъмир менамояд, мегӯянд, ки таъмири аврупоӣ кардааст, бехабар аз он ки ин санъат дар кишвари мо садсолаҳо қабл ривоҷ ёфта буд ва намунаи онро дар қарни Сомониён дар Ҳулбук, Сайёд ва дигар минтақаҳои берун аз Тоҷикистон, ки маҳсули дасти тоҷикон аст, дида метавонем.
Дар ин толор бузургтарин ёдгории ҳунари наҷҷорӣ бо номи меҳроби Скодар ба намоиш гузош-та шудааст, ки он ҳар як бинандаи закиро бо зебоӣ ва ҳашамати хеш мафтун месозад ва зеҳни ӯро тасхир мекунад. Бо ибтикори мутахассисон амсилаи мақбараи Сомониён, ки дар шаҳри Бухоро аст, таҳия гардида, ба тамошобинон пешкаш мегардад
Амсила ва акси ёдгории дигаре, ки то имрӯз ҳифз шудаанд, таҳия ва ба тамошобин пешкаш гардидаанд, ин мадрасаи замони Кӯшониён, ки бо номи мақбараи Хоҷа Машҳад машҳур буд, мебошад.
Толори дигар ба ҳунарҳои хатнигорӣ, хушнависӣ ва ёдгориҳои эпиграфӣ бахшида шудааст. Тавонистем намунаи хати хушнависи машҳури қарнҳои 19 ва 20-и тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлониро дарёфт намуда, ба мардум пешниҳод созем.
– Дуруст аст, ки таърихии сикказанӣ дар осорхона акс шудааст?
– Бале, толори сеюми ошёнаи дуюми осорхона ба таърихи сикказанӣ бахшида шудааст ва бояд қайд намоем, ки ин аввалин таҷриба дар фаъолияти осорхонаҳои Осиёи Миёна ва Федератсия Русия мебошад. Дар замони Ҳахоманишиён Дориюши бузург дар таърихи инсоният аввалин шоҳаншоҳе буд, ки дар сиккаҳои он номи шоҳ сабт мешуд. Ин толор бо сиккаҳои замони Ҳахоманишиён оғоз гардида, дар он сиккаҳои тиллоӣ ва нуқрагини замонҳои дигар низ дида мешаванд ва ин таҷрибаи тоза дар фаъолияти осорхонаҳои муосир маҳсуб мешавад.
– Давраи истиқлолият касб намудани Тоҷикистон чӣ гуна ба бинанда пешниҳод гардидааст?
– Давраи тиллоии халқи тоҷик давраи соҳиб-истиқлолии Тоҷикистон аст. Ин давра ба таври муфассал аз тариқи амсилаҳо ва расмҳо мунъакис гардидааст ва дар он Иҷлосияи таърихсози 16 –уми Шӯрои Олӣ мавқеи муҳим дорад. Як гӯшаи толор ба ҳадяҳои Оқил Оқилов, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Оқил Ғайбуллоевич туҳфаҳои ба ӯ ҳадяшударо ба осорхонаи миллӣ эҳдо намуданд. Толори мудаввар ва шашуми ошёнаи дуюм, ки хеле муҳташам аст, бо номи туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардум шинохта шудааст. Ин бузургтарин толори осорхона мебошад, зеро дар маркази он бузургтарин ва нодиртарин бозёфтҳои таърихӣ дар маърази намоиш қарор гирифтаанд. Ҷаноби Олӣ туҳфаҳои аз ашхоси бузург ва сарони давлатҳо гирифтаашонро ба осорхона тақдим сохтанд. Тамошобин вақти дидани ин толор ба хулосае меояд, ки саҳмгузор ва ташаббускори фаъолияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ошёнаи сеюми осорхона дар худ санъати тасвирӣ ва амалии Тоҷикистонро инъикос кардааст, ки дар он мусаввараҳои ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангии ҳам замони шӯравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолӣ пурра инъикос ёфтаанд. Бинанда баъд аз дидани он итминон ҳосил мекунад, ки санъ-ати тасвирӣ ва амалии тоҷикон таърихи хеле қадима дорад.
Дар толори шашуми ин ошёна бинанда метавонад баъд аз дидани осорхона каме истироҳат намояд. Дар ин ҷо экрани бузурге насб гардидааст, ки тамошобин аз тариқи он метавонад филмҳои таърихӣ дар бораи ёдгориҳои Тоҷикистон ва фарзандони барӯманди халқи тоҷикро бубинад.
Мусоҳиб