Сохтмони чанд парк ва биноҳое аз қабили Китобхона ва Осорхонаи миллӣ шароите фароҳам овард, ки худро дар ҷаҳони муосир эҳсос намоем ва ҳамзамон аз фарҳанги қадима ва муосири инсоният баҳра барем. Ба ҳамин хотир, тасмим гирифтам, яке аз рӯзҳои таътилро ба дидани Осорхонаи миллии Тоҷикистон бубахшам ва ҳамроҳ бо хонанда сайри таърихие дошта бошем ба дунёи инсоният ва тамаддуни ниёконамон.
Қабл аз ҳама таваҷҷуҳамро боғи осорхона ба худ ҷалб сохт, ки хеле мунаққаш ва зебо аст. Роҳравҳои онро аз ду тараф нимпайкараҳо ва пайкарҳои қашанг оро медиҳанд. Гулҳои рангоранг ва фаввораҳои дилкаш дили бинандаро тасхир намуда, ба аъсоб оромӣ ва ба чашмон рӯшноӣ мебахшанд. Ҷо-ҷо ҷавононеро мебинам, ки акс мегиранд ва ҷойе ҳам ҷуфте нишаставу машғули суҳбат аст. ..
Шояд насли ҷавон дар ёд надошта бошад, ки замоне барои ворид гаштан ба театр, китобхона ва ё сирк одамҳо соатҳо навбат мепоиданд. Оре, санъат ва таърих беш аз ҳар чизи дигар таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб менамуд. Тайи чанд даҳсолаи охир шароит мушкил пеш овард ва мардум ба чунин ҷойҳо камтар мерафт. Аммо бароям хеле аҷиб буд, ки барои ворид гардидан ба осорхона мардуми зиёде навбат мепоид. Ин падида бозгуйи эҳё шудани суннатҳои фарҳангӣ аст ва маро хеле хушҳол кард. Баробари дигар ҳаммиллатон билет харидорӣ намуда вориди осорхона гардидам.
Чӣ бинои зебо ва қашанге дорад он! Аз лаҳзаи аввал бинандаро ба худ мафтун месозаду ӯ ғарқи тамошо гнузаштани рӯзро эҳсос намесозад. Толори нахуст ба асри оҳан бахшида шудааст. Намунаи нахустини ин давра Бойтудаш мебошад, ки он аз ҷониби таърихшиноси тоҷик Алиҷон Абдуллоев дар ноҳияи Панҷ кашф шуда буд. Ёдгориҳои ин давра, ки аз оҳан ва нуқра сохта шудаанд, ба тамошобин пешниҳод гардидаанд. Дар охири толор экспозитсияи либосҳои бохтариҳо, хоразмиҳо ва мардуми Помири Шарқӣ ба маърази намоиш гузошта шудаанд.
Толори дигар бо давраи нахустин шоҳигарии ҷаҳон, яъне Ҳахоманишинон оғоз мегардад, ки аввалин императории дунёро созмон додаанд. Аҳамияти ин давраи таърихӣ аз он иборат аст, ки Куруши Кабир нахустин эъломияи ҳукуқи башарро таҳия намуда, онро дар амал татбиқ сохт. Сарчашмаҳои динӣ, аз ҷумла «Библия» гувоҳӣ медиҳанд, ки вақте Куруш Мисрро фатҳ мекунад, ба тамоми мардум озодии динӣ ва ҳуқуқӣ эълом менамояд. Яке аз ёдгориҳои муҳими ин давра хумдоне мебошад, ки аз рӯйи он таърихшиносон 2700-солагии шаҳри Кӯлобро муайян сохтанд. Хусусияти фарқкунандаи зарфҳои давраи Ҳахоманишинон сафолӣ будани онҳост. Чунин зарфҳо дар шаҳри Кӯлоб, ноҳиҳои Қабодиён ва Ҳисор ёфт шудаанд. Бузургтарин силсилаёдгории ин давра ёдгориҳои Хазинаи Амӯдарё мебошад, ки соли 1878 дар ноҳияи Қабодиён ёфт шудааст.
Намунаҳои давраи юнону бохтар низ дар осорхона мавҷуд буда, бештар ёдгориҳои Тахти сангин ба намоиш гузошта шудаанд, ки аз аслиҳа, зарфҳои гуногун ва пайкараҳо иборатанд. Дар маркази толор амсилаи аспи хатлонӣ ба намоиш гузошта шуда, дар рӯ ба рӯйи он як ёдгории Хазинаи Амударё, ки дар он тасвири асп мавҷуд аст, насб гардидааст ва тамошобин метавонад онҳоро муқоиса намуда, хулоса барорад. Бо дидани амсилаҳои Тахти сангин тамошобин метавонад бо намунаҳои меъмории давраи юнону бохтари ошно гардад.
Баъд аз он дар таърихи мо давраи Кушониён оғоз мегардад. Давраи шоҳигарии Кушониён (асри 2-4-и то мелод) замони равнақи илм, фарҳанг ва тамаддуни ниёкони мо маҳсуб мегардад. Санъати меъмории ин давра тавассути сарсутунҳои мунаққаши нақши шердошта инъикос ёфтааст. Як гӯшаи алоҳидаи толор ба дин ва фарҳанги давраи Кушониён бахшида шудааст. Ёдгории дигари нодири ин давра сурмадони сангие мебошад, ки дар шакли паранда сохта шуда, аз ноҳияи Фархор ёфт гардида, дар Осиёи Миёна дуюмин бозёфт дар ҳамин шакл аст.
Гӯшаи махсусе ба Абуҳанифа бахшида шудааст, ки дар густариши дини ислом ва нигаҳдории суннатҳо ва фарҳанги тоисломии тоҷикӣ нақши муҳим дорад. Дастхатҳо, намунаҳои Қуръони карим, дастхатҳо оид ба тафсири Қуръон ва оятҳои он, намунаи хатҳои кӯфии дар Тоҷикистон ёфта шуда дар ин толор ба намоиш гузошта шудаанд.
Толори 6-ум толори мудаварест, ки ба ёдгории дигари муҳими таърихӣ-Аҷинатеппа бахшида шуда, шакли меъмории он қисман ҳифз гардидааст. Вақте тамошобин ба ин толор ворид мегардад, дар рӯ ба рӯяш амсилаи Аҷинатеппа пайдо мешавад ва ӯ метавонад ба он аз наздик ошно гардаду аз ҳаёти маъбадони буддоӣ воқиф гардад. Маълум аст, ки яке аз ёдгориҳои муҳими ин давра пайкараи Буддо мебошад, бинобарин дар назди ин пайкара ҷойи нишаст таҳия гардидааст ва тамошобинон имкон доранд ба роҳатӣ аз он дидан намоянд.
Толори дигар созҳои мусиқии мардуми тоҷикро дар бар мегирад. Толори баъдӣ бо таърихи замони шӯравӣ оғоз меёбад. Барқароршавии ҳукумати Шӯравӣ барои тоҷикон аз аҳамияти хос бархурдор аст, зеро дар ҳамин давра мо бори дигар соҳибдавлат шудем. Аз ин рӯ, ёдгориҳои ин давраи таърихӣ ҳам ба таври илмӣ ва ҳам ба тарзи бадеӣ инъикос шудаанд.