– Аз соли 2000-ум аъзои гурӯҳи кории «Барномаҳо барои кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ», дар назди Вазорати маориф ҳастам. Ба ҳайси коршиноси масоили кӯдакони хурдсол бо ташкилотҳои байналмиллалӣ низ ҳамкориҳо дорам. Дар бисёр давлатҳои пешрафта будам, таҷрибаҳои ҷаҳониро дар соҳаи таълиму тарбия зиёд омӯхтам. Ба давлтаҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Белорус, Русия, Санкт-Петербург, Эрон, Туркия, Великообритания, Шветсария, Норвегия сафарҳо доштам, аз равоншиносони ҷаҳонӣ дарс гирифтам. Ба хулосае омадам, ки воқеан вақти он расида буд, ки мо барои рушди кӯдакон ҳамчунин як барномаеро таҳия ва қабул намоем. Хушбахтона, имрӯз бо кӯшишу заҳмати коршиносони зиёди соҳа ин барнома рӯи кор омад ва акнун ҳар нафар новобаста аз он ки кӯдакаш ба кӯдакистону мактаб меравад ё не, имкон дорад бо истифода аз барномаи мазкур ҳамроҳаш машғулиятҳои лозимаро анҷом диҳад. Волидайн метавонанд аз рӯи ин барнома, худ ташхис кунад, ки кӯдакашон воқеан солим аст ё не. Тамоми қувваи ақлониву ҷисмонии кӯдак дар ин барнома мувофиқи синну сол давра ба давра нишон дода шудааст. Ин барнома бояд китоби рӯимизии ҳар модар бошад.
– Барои тарбияи дурусти кӯдак чӣ бояд кард?
– Дар Консепсияи соҳаи томактабӣ навишта шудааст, ки зинаи аввали таълиму тарбия сар мешавад аз падару модар, баъд кӯдакистон, пасон мактабу донишгоҳи олӣ, баъд муассисаи кориву муҳит, яъне ҷомеа. Меҳру муҳаббати волидайн танҳо дар амалӣ кардани хостаҳои фарзандон зоҳир намешавад. Барои кӯдак бояд муҳитеро фароҳам овард, ки тарбиявӣ бошад. Масалан, ҳар бозичаи интихобкарда барои ӯ манфиатнок бошад, оламеро боз кунад, идрок ва фаҳмиши тозаеро бедор намояд. Тавассути ана ҳамин бозичаҳо вай оҳиста-оҳиста гирду атрофро омӯзад, ба муҳити иҳотакардааш ворид бишавад. Бубинед, як таҷрибаи оддӣ, вале мақсадноки дигар ин аст, ки вақте субҳ кӯдак аз хоб мехезад агар бинад, ки модар ва падар табъи хуш доранд, дандонҳояшонро мешӯянд, субҳона мекунанду барои рафтан ба кор омодагӣ мебинанд, ӯ ҳам ҳатман мисли онҳо рафтор мекунад. Боз агар ба ӯ мисли бузургсолон муносибат кардаву гӯянд, ки: «Мадинаҷон, имрӯз ба боғча меравӣ. Бояд тозаву озода бошӣ. Куртачаатро чиркин накун. Ҳама ба ту нигоҳ мекунанд», худашро дучанд хушбахт эҳсос мекунад ва то бегоҳ суханони модарашро аз хотир намебарорад.
Модар барои кӯдак намунаи ибрат аст. Пайти муносиб ёфта, кафшҳои кӯдакро бегаҳ бояд дар пеши чашмони ӯ тоза кард. Вай ин одатро тез аз худ карда, баробари каме бузург шудан худаш ин амалро ба анҷом мерасонидагӣ мешавад. Сарзаниш кардани кӯдак барои ноӯҳдабароӣ хуб нест. Бигзор кӯдак дар тақлид ба Шумо оддитарин амалҳо, аз қабили рӯфтани хона, тоза кардани пойафзол, шустани либосро бо бадтарин натиҷа ба анҷом расонад. Аммо ӯро дастгирӣ кунед, «офарин» гуфтаву навозиш кунед. Оҳиста-оҳиста дар натиҷаи кӯшиш ӯ ҳамаро меомӯзад, талош барои мувафақият дар ниҳодаш сабз мешавад.
– Мақсади Шумо аз таъсиси муассисае бо номи «Дониш барои ҳама» чӣ буд ва имрӯз ин муассиса кадом корҳои муҳимеро барои ҷомеа анҷом медиҳад?
– Чанд соли пеш дар асоси фаъолияти кӯдакистон, мо Муассисаи ғайридавлатии «Дониш барои ҳама»-ро таъсис додем. Мақсади асосӣ, ин табодули таҷрибаи таълиму тарбия бо модарон буд.
Ҳоло дар доираи фаъолияти ин ташкилот мунтазам бо модарон семинару кофронсҳо, сӯҳбату вохӯриҳо доир менамоем. Дар нишастҳои мо асосан нафароне иштирок мекунанд, ки имкони фароҳам овардани таълими пулакиро барои фарзандонашон надоранд. Баъзан худамон ба маҳаллаҳо, хонаҳо, мактабу хиёбонҳо назди модарон меравем. Дар ҳар куҷо коршиносони мо омодаанд бо модарон дар атрофии масъалаи таълиму тарбия сӯҳбат намуда, онҳоро шунаванд, ба онҳо маслиҳатҳо бидиҳанд. Дигар ин ки «аз гавҳора то гӯр дониш биҷӯй»- ин фармудаи дини мубини илом аст, ки мо ҳам инро ба худ шиор интихоб кардаем. Волидон бояд пайваста биомӯзанд.
Дар Туркия шоҳиди як падидаи бисёр хубе будам. Он ҷо як шабакаи телевизионӣ махсус барои маърифатнок кардани модарон фаъолият мекунад. Аз «а» то «я» дар ин телевизион волидайн метавонанд ба суолҳояшон посух дарбанд. Тарзи дурусти муносибат бо кӯдак, викторинаҳо, саволу ҷавоб, бисёр чизҳои ҷолиб. Мехоҳед кӯдаки Шумо донишманд бошад? Барои ин донишманд будани Шумо муҳим аст.
Намедонам бовар мекунед ё не, ман дар давлати Қазоқистон дар кӯча боре ягон кӯдакро надидам. Ба суоли кӯдакони шумо дар куҷоянд, ҷавоб ин буд, ки баъзеҳо дар кадом маҳфилу ҷамъият, баъзеҳо дар кӯдакистону дар мактаб, кадоме дар назди модару модаркалон ва амсоли ин. Аммо мутаассифона, қариб 70 дарсади кӯдакони моро ба қавле кӯча тарбия мекунад.
Вақте аз як оилаи бисёр пешрафта дар хориҷ пурсидам, ки барои чӣ танҳо як кӯдак доред, барои фарзандатон хоҳарча ва ё додарча лозим аст, бонуи хонадон, ки соҳиби хонаи дуқабата, шароити олист, дар ҳолати бисёр ҷиддӣ гуфт: «Хонум ин масъалаи одӣ нест. Мо бояд ҳисобу китоб дошта бошем. Оё метавонем баъдан он кӯдакро ба табъи дил бузарг созем, ғизои беҳтарин бидиҳему сару либоси хуб бихарем. Беҳтарин бозичаҳоро барояш муҳайё созем, боғчаи хуб, мактаби арзанда, китобу компютеру баъдан донишгоҳи олӣ. Ин ҳама магар осон аст?» Ман ҳам ҳавас мекунам, ки ҷавонони мо ҳам мисли ин модар андеша намоянд.
– Имрӯз бисёриҳо мехоҳанд фарзандашонро ба боғчаҳои хусусӣ бидиҳанд. Тафовуту монандиҳои боғчаҳои давлативу хусусӣ дар чист ва барои рушду инкишофи бештари кӯдакон кадоме хубтар аст?
– Дуруст қайд кардед, ки воқеан ҳам барои инкишофи кӯдак интихоби дурусти боғча бисёр муҳим аст. Ин ҷо сатҳи хизматрасонӣ, оне ки кӯдакро бо мошин меоранду мебаранд, каме фарқ мекунад.
Ба андешаи ман чун мутахассис, барои кӯдак боғчаи давлатӣ хубтар аст. Масалан, мудири боғчаи давлатӣ ҳатман коршинос бояд бошад, дар боғчаҳои хусусӣ ин чизро ба инобат намегиранд. Таҷҳизоте, ки дар боғчаҳои давлатӣ ҳастанд вобаста ба синну сол муайян шудаанд, дар боғчаи хусусӣ ин тавр нест. Кӯдаки 2 сола аз 3 сола, 4 сола аз 5 сола фарқ мекунад. Сар карда аз ғизо то бозичаву шеъру суруду дарсу китобхонӣ, ҳаҷми шеъру ҳаҷми ҳикоя, намуди гул, дар хусуси ҳаракати роҳ, ки ин тафовутгузориҳои мантиқиро ман дар боғчаи хусусӣ надидам. Як чизи манфии дигар он ҷо хурду калон дар як гурӯҳанд. Аз худ кардани нақшаи таълимӣ ба инобат гирифта намешавад. Барои кӯдаки дусола мураббия бояд нақшаи алоҳида дошта бошад, иштироки кӯдак дар дарс ҳамагӣ 15 дақиқа муайян шудааст. Охир ягон дусола наметавонад аз рӯи нақшаи барои кӯдаки панҷсола таҳияшуда, тарбия ёбад. Як фарқи калони дигар ин дар нархгузорист. Ин ҷо агар 50 сомон бошад, он ҷо 150 доллар, 7-8 баробар гаронтар аст.
– Имрӯз дар андешаи амалӣ кардани кадом нақшаву ниятҳо ҳастед?
– Аз рӯи барномаи пешини мо кӯдак дар кӯдакистон ба хондану навиштан ҷалб карда намешуд. Танҳо шиносоиву халос. Аммо имрӯз бисёр мактабу гимназияҳо дар вақти қабули кӯдак аз вай имтиҳон мегиранд, ки оё ӯ хондаву навишта метавонад ё не. Як барномаи нави давлатӣ дар ин самт омода мегардад, ки мувофиқи он бояд соатҳои алоҳидае барои омӯзиши бештари кӯдакон ҷудо шаванд. Мехоҳам кӯдакон хондану навиштанро аз боғча шурӯъ кунанд.