Ҳарф сабз, андеша сабз,
эҳсос сабзу хома сабз...
Адабиётшиносон дар навиштани «Модарнома» се нафар адибро дастболо донистаанд, ки онҳо Эраҷ Мирзо, Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ мебошанд. Ба ин минвол, мавзуи модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ мақоми хосса дошта, шоир меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни хешро нисбат ба модар бо обуранги баланди бадеӣ ба қалам додааст. Чунончи, дар шеъри «Модари бечора» заҳмати модар хеле табиӣ инъикос ёфтааст:
Дар миёни кӯҳсорон
Бо навои обшорон,
Бо сафои чашмасорон,
Бо суруди боду борон,
Бо дуруди навбаҳорон
Ҷон ато кардӣ маро,
Ҷон ато кардию худро костӣ
Рӯзу шабҳо дар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Аввалин шеъри Лоиқ, ки диққати аҳли қаламро ба худ кашидааст, шеъри «Ба модарам» мебошад, ки соли 1965 навишта шудааст. Дар ин шеър дар пеши назар симои модари куҳансоле ҷилвагар мегардад, ки азобу шиканҷаи зиндагиро бисёр дида, ба тай намудани пастиву баландии он одат кардааст. Ҳарчанд чашмонаш хира ва дастонаш ларзон шуда бошанд ҳам, вале ҳанӯз ҳам роҳи фарзанд мепояд, шабҳо ба кунҷи сандалӣ биншаста, ба ӯ бо умед ҷомаи домодӣ медӯзад, то ин ки рӯзи тӯй армон бишканад:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният.
Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Ҳарчанд аз камбинӣ модар чашми сӯзанро намебинад, вале рӯзи тӯй, барои обрӯ гирифтан дар байни мардум, дастархони гулдӯзӣ медӯзад. Шоир ин лаҳза аз дунёи умеди модар ба ҳаяҷон меояд ва қалам ба даст мегирад:
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чӣ дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
Қаҳрамони лирикӣ дунёи гузаштаи модарро ба хотир оварда, аз ӯ дуои хайр ва мағфират мехоҳад. Пайваста аз модар хоҳиш менамояд: «Ба ҷойи суруди ҳузнангези қадима, суруди аввалини маро бихон ва чун ҷомаю дастархон дӯзӣ, барои фардоиён низ бидӯз. Ҳоло вақти умрро ғанимат бишмор»:
Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар,
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзӣ бо уммед,
На танҳо баҳри ман, баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!
Хусусиятҳои милливу шарқиёна, ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои модари рустоии тоҷик дар дигар ашъори ба мавзуи модар бахшидаи шоир, ба монанди «Модар», «Суруди модар», «Қарз», «Ҷомаи гадоӣ», «Қасидаи модар», «Чордард», «Ту монанди Замин танҳоӣ, модар», «Дар сари гӯр», «Ҳасрат», «Муноҷот ба модар» ва рубоиву дубайтиҳои маҷмӯаи «Дасти дуои модар» хеле барҷаста ба риштаи назм кашида шудаанд. Дар тасвири симои модар Лоиқ, пеш аз ҳама, ба руҳи халқии тасвир диққат дода, урфу одат ва анъанаи ҷоришудаи замонаро ба инобат мегирад. Масалан, дар шеъри «Ҷомаи гадоӣ» модар бо нияту орзуҳои наҷиб ба дари хонаи модарони серфарзанд, пирони ботадбиру солор, арӯсони хушбахт ва одамони бонангу бадавлат ворид гашта, пораҳои матоъ ҷамъ меорад. Ҳамроҳи дигар пиразанҳои худоҷӯ ҷомаи садпораву садранг ва ба қавле бахосият дӯхта, ба тифлаш мепӯшонад:
Тамоми халқ гӯйӣ бар қади ман ҷома пӯшонид,
Тамоми халқ гӯйӣ қисматам бахшид.
Ту гӯйӣ ҷома неву ҷавшани ман буд,
Ту гӯйӣ пора-пора меҳри мардум дар тани ман буд.
Ана, ҳамин пайвастагии ногусастанӣ тифлро водор месозад, ки дар назди Модар-Ватан қарзи фарзандии хешро ҳис намояд ва дар оянда буду набуди хешро баҳри хушбахтии мардум сарф созад:
Ман аз он рӯз, эй модар,
Ман аз он рӯз то имрӯзу то ҳастам
Зи мардум қарздор астам.
Ман аз он ҷомаи садпораву садранг
Тамоми рангҳои зиндагиро хуб санҷидам
Ва андар хизмати мардум камар бастам…
Ба ҷойи пораи талбидаат ҳар бор
Орам пораи ашъор,
Ки дар ҳар пораи ашъор
Бошад порае иқбол…
Чун фарзанди замона, шоир ба қадри модар мерасид, ба маънои азобу кулфат ва ранҷу шиканҷаи модар сарфаҳм мерафт. Маҳз ҳамин дилбастагӣ ва иззату эҳтироми беандозаи ӯ нисбат ба модар буд, ки «Модарнома»-и хешро бо обуранги баланд офарид ва бо ашъори баландмазмуну баландпоя дар байни мардум шуҳрат ёфт.
Қайд кардан бамавқест, ки як силсила шеърҳои ба васфи модар бахшидаи Лоиқ, ба монанди «Фарзандон», «Модар», «Ту монанди Замин танҳоӣ, модар!» ва «Домони модар», ҳангоми хизмати аскарӣ дар шаҳри Новороссийски Русия соли 1966 навишта шудаанд. Аз ҷумла, шоир ҳолати он давраро хеле табиӣ рӯйи коғаз меорад:
Ман акнун одами роҳам,
Ҷаҳон хӯрдан нахоҳам ман,
Ҷаҳон дидан бихоҳам ман,
Ки то хонам ба гӯши мардумони хушгили дунё,
Сурудеро, ки мехондӣ сари гаҳвораам шабҳо.
Адои ҳаққи шири туст ҳар як лаҳзаи умрам,
Аз он саргаштаам, модар,
Аз он дар ҷомадон шуд хонумонам,
Ки дар ҳар гӯшаи дунё туро ҳамду сано хонам,
Ҷавонии туро кобам,
Бузургии туро ёбам!
Дар байни шеърҳои «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ «Қасидаи модар» мақоми муайян дорад. Онро метавон шеъри олие дар васфи модар номид. Иншои шеъри мазкур бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шоир на танҳо ба модари худ, балки нисбат ба ҳамаи модарон меҳри оламгир дошт:
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасту дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.
Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ,
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.
Дар шеъри «Зинда бошад модари гулпарварат» қаҳрамони лирикӣ умеди комил дорад, ки таъсири гулпарварии модар ба духтараш гузаштааст, Аз ин ҷост, ки ӯ ба қадри гулу гулпарварӣ мерасад:
Чун ту аз гулҳои боғи модарӣ,
Қадри гул медониву гулпарварӣ.
Зинда бошад, зинда бошад модарат,
Зинда бошад модари гулпарварат!
Шоир дар шеъри «Муноҷот ба модар», баъди мулоҳизаронии зиёд, ба хулосае меояд, ки дар ду дунё вай хешро бе модар тасаввур карда наметавонад:
Модари пирам, Худо умрат диҳад!
Ин мабодо, ки бимирӣ ногаҳон,
Бо ту мирад давлату дунёи ман,
Баъди ту дигар набошам ман ҷавон.
Хулоса, «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ ашъори пур аз орзуву ормонест, ки модарони мо аз он илҳом мегиранд ва парастиш менамоянд.
Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ,
номзади илмҳои филология