Оини аҷдодӣ
Хоҳарам бо аҳли оилааш чандин сол боз дар Федератсияи Русия кор ва зиндагӣ мекунад. Дар ҳар ид пешдастӣ карда паёмаки табрикотӣ мефиристад, ё занг зада хушсуханӣ мекунад. Хостам дар Рӯзи Модар ӯро пештар табрик намоям. Аз Тоҷикистоне, ки нафаси гарму нарми баҳор руҳу ҷонро навозиш мекунад ба як гӯшаи дурдасти Русия. Аммо телефонаш хомӯш буд.Табрикотро мавқуф гузошта пайи коре шудам. Баъди ним соат хоҳарам занг зад. Чун аз ӯ сабаби хомӯшии телефонашро пурсидам гуфт: суманак мемондам, ёд дорӣ, модаркалонам мегуфт, ки ин ғизои қудсӣ покиро мепарварад ва пеш аз оғози суманакмонӣ аввал таҳорат намуда ду ракъат намози шукрона барои расидан ба баҳорро хонед ва баъд гундумро тозаву тар кунед. Дар дилам як эҳсоси шодмонию фараҳ пайдо гашт, охир, хоҳари ман садҳо километр дур аз Ватан, оини аҷдодии хеш, он чизеро, ки аз модаркалони порсоямон омӯхтааст, иҷро мекунад. Хомӯшии маро дида хоҳарам гуфт, ки боз ривояти пайдоиши ин хӯроки хуштаъмро ба писаронаш Рустам ва Суҳроб нақл намудааст. Худо хоҳад то Наврӯз суманакам омода мешавад …
Ба ёди хоҳараки раҳдурам дилам гум зад ва таманно кардам, ки Наврӯз ба хонадонаш шодмониҳо биёрад. Ӯ посух дод, апаҷон, хаёлам, ки Нав-рӯз бӯйи Ватан мекунад!
«Тамоми оинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд, имрӯз ҳам барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд»
Эмомалӣ Раҳмон
Дуои модар
Пас аз шунидани садои хоҳараки раҳдураму шикастани пазмонӣ мурғи хаёл маро ба рустое бурд, ки он ҷо ба камол расидаам. Ёдам омад модаркалони «Қуръон»- хону ҳунармандам. Ҳар сол бо фарорасии баҳор суманак мепухту мо онро ба ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор тақсим мекардем. Боре хоҳарам Давлатбӣ, норозиёна аз ин амали модаркалонам гуфт: мома, ҳамин қадар азоб кашида суманак мепазеду ҳамаашро тақсим мекунед, монед худамон ба серӣ хӯрем…
Модаркалонам бо нигоҳ сар то пойи хоҳарамро навозиш карда зери лаб гуфт, ки шарти аввали пухтани суманак ҳамин аст, бояд мардумро ширинком намоӣ. Ҳамон вақт аз забони ширини модаркалони қиссагӯям шунидам, ки як зани камбағал зимистони дароз бо ду писараки ятимаш тамоми захираи доштаашонро истифода мебаранду дар оғози баҳор дар таги суфраашон гарди орд намемонад. Модари бечора барои фиребидани ятимакони гуруснааш, таги дег оташ гиронд. Ҳамин тавр тифлакон бо умеди пухтани хӯроки модар ба хоб рафтанд, аммо субҳи барвақт зан бедор шуда мебинад, ки аз зери дегаш дуди борике лап-лапон ба ҳаво парвоз дораду сӣ бонуи сафедпӯш бо навбат онро мекобанд. Чун аз олами руъё баромада рӯйи дегашро мекушояд даруни он хӯроки суп-сурхи тилоранги хушбӯй меҷӯшид. Зан аз он ба ҳаққу ҳамсоя мефиристаду сималак меномад, ки дар мо суманак мегӯянд. Бо баракати дуои модар Худованд ин таоми қудсиро халқ намудааст, ки акнун дар оғози баҳор таҳия намудани он оини бузурги наврӯзӣ ба шумор меравад. Суманак дар мамлакатҳои ҳамзабону ҳам-ҷавори мо Эрону Афғонистон бо номи сималак ёд мешавад, ки дар арафаи Наврӯз онро омода мекунанд.
Наврӯзи ҷаҳон
Наврӯз иди миллии тоҷикон, бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлати мо ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд. Кароматулло Олимов, доктори илмҳои фалсафа, дар як мақолаи худ аз ин талошҳои Президенти кишвар ёд карда чунин менигорад: «Аслан тарҳи масъала, дар хилоли масоили дигар, ҳангоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Коичиро Матсуура, собиқ директори генералии ЮНЕСКО, ки тирамоҳи соли 2002 ба Тоҷикистон омада буд, баён гардид. Дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Коичиро Матсуура зиёфате орост. Сарвари давлат анорҳои хеле калону хушранг ва меваҳои хуштаъми кишварро тавсиф карда, ба меҳмон дар бораи анъанаҳои миллии мо, қадим будани фарҳанги кишоварзии тоҷикон, ҷашнҳои миллии ба меросомада нақл кард. Аз ҷумла дар бораи фарҳанги моддӣ, яъне ёдгориҳои таърихӣ ва мадании тоҷикон, фарҳанги ғайримоддӣ, аз қабили мусиқии классикии «Шашмақом», ҷашни Наврӯз бо ифтихор ёдовар шуд. Коичиро Матсуура, ки як марди шарқии фарҳангдӯст ва инсони наҷиб аст, ба ман ва ёвараш Владимир Кушнеренко таъкид кард, ки тоҷикон таърихи ғанӣ доранд, кӯшиш кунед, ки ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддӣ барои дохил шудан ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шаванд». Баъдтар Нав-рӯз ҳамчун ёдгории ғайримоддии инсоният, аз тарафи Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва чанд давлати дигар ба иҷлосияи 35-уми ЮНЕСКО пешниҳод шуд. Ва инак, се сол боз мо Наврӯзро дар фазое пешвоз мегирем, ки он чун ёдгории моддии инсоният аз тарафи бузургтарин созмони ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Бигузор, ин Наврӯз ҳам ба мардуми тоҷик меҳрубон бошаду дунё мисли нигоҳи ошиқини баҳор сабзу хуррам бимонад.
Ҷавҳари Саидназар