Дар ҷомеаи муосир бисёриҳо, бо вуҷуди он ки дар орзуи зиндагии бо фароғати пурнозу неъмат ҳастанд, барои даст ёфтан ба орзуҳои худ на коре мекунанд ва на тадбире меандешанд. Бояд талош дар масири зиндагиро аз Сановбар Муродова омӯхт. Таҷрибаи ин шахси кордону кушодачеҳра метавонад сармашқи зиндагии бонувони хонашину бемаълумот гардад. Шояд на ҳамаи ҳарфҳое, ки Сановбар аз шуғлаш мегӯяд, барои хонанда ошно бошад. Вале вай барномасозӣ барои компютерро тайи як давраи омӯзишии кӯтоҳ аз бар кардааст. На дар донишгоҳ хондааст ва на дар донишкада. Бо ин вуҷуд, дар вилояти Хатлон барои ширкатҳову идороти давлатӣ сомона месозаду ба сокинон тарзи идораи компютерро меомӯзонад.
Қадамҳои нахустин
«То он гоҳе, ки дар маҷмуъ бо компютер ошноии амиқтар надоштам, ба чандин дар пайи пайдо кардани кор сар задам. Як муддат корманди намояндагии созмони Салиби Сурх дар шаҳри Қӯрғонтеппа будам. Як давраи дигар дастёр (волонтёр)-и созмонҳои иҷтимоӣ. Чанд моҳи дигар дар ниҳодҳои давлатӣ кор кардам ва ғайраву ҳоказоҳо. Маҷбур будам зиндагиамро, ки ба сахтӣ пеш мерафт, таъмин кунам. Ҳоло ки барномасозӣ ва сомонасозиро аз худ кардаам, дигар хаёлам осудатар аст ва шавқи зиндагиро дар вуҷудам беш аз пеш эҳсос мекунам. Чун ин шуғл ҳар рӯз як дониши нав ва як имконияти ҷадидро дар ихтиёрам мегузорад…
Даҳаи аввали моҳи январи соли 2010 буд. Барои пайдо кардани ҷойи кор бо дӯстону наздикон дар тамос шудам. Барои ҳуруфчинӣ дар Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа корманде меҷустанд ва иттифоқан, маро ба кор пазируфтанд. Вале ман бори аввал компютерро медидам, ҳоло чи ҷойи ҳуруфчинӣ?! Бо ин вуҷуд бароям 3 рӯз муҳлат доданд... Баъдтар, тобистони ҳамон сол эълони қабули хоҳишмандонро барои давраи омӯзиши тарроҳии интернетӣ (веб-дизайнер)-ро хондам, ки яке аз шартҳои қабул донистани компютер буд. Худоро шукр гуфтам, ки ин марказ сабаб шуду кор бо компютерро омӯхтам.
То тобистони соли 2010 дар Маркази шуғли аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳайси ҳуруфчин фаъолият карда, барои аз бар кардани дониши тарроҳии интернетӣ дархост фиристодам. Ин давраи омӯзишро ташкилоте бо номи «МАТЕМА» ба роҳ монда буд. То моҳи феврали соли 2011 он ҷо таълим гирифтам, барномасозиву сомонасозӣ ва чандин ҳунарҳои дигарро, ки дар шароити имрӯз хеле серхаридоранд, ёд гирифтам. Агарчӣ бовар накарданист, вале ман бо маълумоти синфи 9 ин чизҳоеро, ки мегӯям, аз бар намудаам.
Барномасозӣ - яъне чӣ?
Барномасозӣ ё ба истилоҳи соҳавӣ – программасозӣ тору пуди зиндагии моро танидааст. Содатар карда бигӯям, шумо дар дастгоҳе, ки пушти манзил ва ё дами дари мағозае гузошта шудааст, мехоҳед ҳисоби телефони ҳамроҳатонро пур кунед. Ҳамон барномае, ки пулро ба ҳисоби шумо интиқол медиҳад, кори дасти барномасозон аст. Бозиҳои дохили телефон ва дигар саҳифаҳои компютер ва телефони ҳамроҳ маҳсули дасти барномасозон аст.
Кори барномасозиро ҳатто намешавад ба сохтмони манзил қиёс кард. Чун бино як маротиба сох-та мешавад, вайрон кардану дубора бардоштани он зӯри зиёд мехоҳад, аммо барномасозӣ чунин нест. Ман як сомонаро комилан месозам, метавонам ҳамаро барҳам бизанам ва дубора бисозам, рангу борашро тағйир диҳам, бахшҳо ва саҳифаҳои нав ворид кунам.
Барномасозӣ сирф кори занона аст!
Ман дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ будам. Дар бархе аз манотиқ ин шуғл танҳо вижаи мардон дониста мешавад. Бар ин назарам, ки барномасозӣ сирф амали занона аст. Чаро? Барои мисол ба ту танҳо ноутбук ва интернет лозим аст. Ва ту метавонӣ дар хона бо кӯдакат биншиниву кор кунӣ. Пас, куҷои ин кор занона нест? Мардон хушҳол хоҳанд шуд, агар занон ин корро биомӯзанд. Зеро ҳамсарон дар хона мешинанду корашонро анҷом медиҳанд ва ба хонавода кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳоло арзиши сохтани як сомонаи интернетӣ дар вилояти Хатлон аз 300 доллари амрикоӣ шуруъ мешавад ва 2-3 рӯзро дар бар мегирад.
Аммо боиси таассуф аст, ки мебинам бисёриҳо аз компютеру интернет ҳадафмандона ва самаранок истифода намекунанд. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ акс гузоштану суҳбатро бо дӯстони маҷозӣ тафсонидан, ҳанӯз маънои баҳрагирӣ аз интернетро надорад. Ба хусус ҷавонон, ки аз интернет фаҳмиши хеле танг доранд, маро гоҳо дилтанг мекунад. Чи қадр имкониятҳои васеъ дар фазои маҷозӣ мавҷуд аст, ки кош ҷавонони мо аз он огоҳ мебуданд.
Саҳми ман
Аз рӯзе, ки ин шуғлро омӯхтам, дар шаҳри Қӯрғонтеппа, дар маҷмуъ 12 сомона сохтаам. Дар ибтидо, агарчӣ ин корҳоро мекардам, вале ҳамеша орзу доштам, ки дар роҳи бо компютеру интернет ошно кардани сокинони Хатлон саҳми бештар бигзорам. Бо ин ният моҳи апрели соли 2012 назди раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров омадам. Гуфтам, агар имкон доред бароям шароит фароҳам оваред, ки битавонам сокинонро аз компютеру интернет бархурдор кунам. Ин пешниҳоди маро ба хубӣ пазируфтанд ва бароям як ноутбуку 5 компютери фардӣ ва як утоқи корӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷудо намуданд. Ва 3 ноҳияи вилояти Хатлон - Бохтар, Вахшу Хуросон ва шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппаро дар ихтиёрам гузоштанд. Дар давоми 10 моҳ ба 200 нафар сокинон алифбои компютерро омӯзонидам.
Ҷойи хурсандист, ки баъзе шогирдон таҳсил-ро идома дода, имкониятҳои дигари компютерро омӯхтанду ҳоло аз пушти ин амал зиндагиашонро пеш мебаранд.
Нақшаҳои ман дар оянда
Фазои маҷозӣ, ё ҳамон фазои интернетии Тоҷикистон ҳоло хеле холӣ аст. Барои мисол шумо як бор дар интернет ҷустуҷӯ бикунед, ки чанд сомонаи вижаи кӯдаконаро бо забони тоҷикӣ ва хати сирилик пайдо мекунед. Сомонаҳои дорои муҳтавои солим, тарбиявӣ, ахлоқӣ ва ё омӯзишӣ. Ва ин ёфтаатонро бо ягон кишвари дигар қиёс кунед. Ҳатман фарқ аз замин то осмон аст. Дар дигар бахшҳо низ ҳол чунин аст.
Ҳадафам ғанитар кардани фазои маҷозии Тоҷикистон аст. Ҳоло ният дорам як китобхонаи маҷозии тоҷикӣ таъсис бидиҳам. Ҳар китоби тоҷикие, ки ҳасту ман пайдо хоҳам кард, тавассути дастгоҳ сканер карда дар ин сомона дар шакли PDF ҷой хоҳам дод. Ба Тоҷикистон дастгоҳе ворид шудааст, ки дар як вақт чанд китобро сканер - нусхабардорӣ ва электронӣ мегардонад.
Хандаовар аст, вале ҳақиқат дорад, ки шумо ашъори комили Умари Хайёмро бо чандин забон ва хат дар интернет пайдо мекунед, ба ҷуз ба забони тоҷикӣ. Мо, ворисони Хайём, то кунун ашъори комили ӯро бо забон ва хати худамон дар интернет ҷой надодаем. Ана, ҳамин ҳолатҳо маро водор намуданд, ки чунин тасмиме бигирам. Ва нақшаҳои дигаре ҳам дорам, ки дар ояндаи начандон дур амалӣ хоҳам кард».
Таҳияи Ё. Ҳалимов