Сабаби ба Азизи Миср ба шавҳар баромадани Зулайхо дар он буд, ки Юсуф дар хоби вай худро бо ин ном муаррифӣ кардааст.
Зулайхо духтари ягонаи хонадон буда, дар ҳусну малоҳати зоҳирӣ ҳеҷ гуна нуқс надорад. Дар хоб ошиқ шудани ӯ ба Юсуф маънои онро дорад, ки ин ишқ гӯё азалӣ буда, аз он ҳеҷ ҷойи гурез нест. Зеро ҳусни беҳамтои Юсуф ӯро аз зулайхоӣ, яъне маҳбубагӣ берун карда, ба фарди ошиқ мубаддал мегардонад. Ин ҳолатро шоир аз нуқтаи назари тасаввуфӣ, ҳамчун рамзи ба маънӣ, ё худ рӯҳ рӯ овардани сурат маънидод карда, вале ҳоло ба ин маънӣ сарфаҳм нарафтани Зулайхоро баён намудааст:
Зулайхо аз зулайхоӣ рамида,
Аз он сурат ба маънӣ орамида.
Аз он маънӣ агар огоҳ будӣ,
Яке аз восилони роҳ будӣ.
Вале чун буд дар сурат гирифтор,
Нашуд дар аввал аз маънӣ хабардор.
Се бор хоб дидани Юсуф симои Зулайхоро дар ишқу муҳаббат устувор мегардонад. Дар хоб, на дар бедорӣ, дидани шахси ошиқ аз оғози ҷунунии ишқи ӯ дарак медиҳанд:
Набуд он хоби хуш, беҳушие буд,
Зи савдои шабаш мадҳушие буд.
Ин ҷо шарҳ додани ҳар се хоби Зулайхо бамаврид аст. Дар хоби аввал Зулайхо ҷавони дар ҳусну ҷамол беназир ва ҳумоюнпайкареро мебинад, ки аз дари ӯ ба хонааш ворид мегардад. Баъди чанде вай худро дар оғӯши ҷавон дида:
Ҷамоле дид аз ҳадди башар дур,
Надида аз парӣ,нашнида аз ҳур.
Зи ҳусни сурату лутфи шамоил,
Асираш шуд ба як дил, не, ба сад дил!
Дар хоби дуюм, ки баъди як сол рух медиҳад, ҳусни Зулайхо афзуда, ба қавли шоир «бадраш ҳилол» гардида буд. Ин дафъа низ ҳамон ҷавон аз дар даромада, сар ба пойи Зулайхо меандозад. Баъди бӯсидани Замин, Зулайхоро «сарви гуландом» номида, ситоиш мекунад. Вақте ки Зулайхо аз кадом хонадон ва ҷойи мақоми ӯро мепурсад,ҷавон аз нажоди одам ва аз ҷинси обу хоки олам буданашро иброз намуда, мегӯяд, ки ман ҳам бар ту ошиқам ва аз доғи ишқат нишонмандам. Ба Зулайхои шайдо ин меҳрубонӣ хуш меояд:
Зулайхо чун бидид он меҳрубонӣ,
Зи лаъли ӯ шунид он нуктаронӣ…
Зимоми ақл берун рафташ аз даст,
Зи банди панду қайди маслиҳат раст.
Шоир хоби дуюми Зулайхоро на хоб, балки беҳушие меномад, ки аз таъсири ишқ сар зада буд.
Дар хоби сеюм Зулайхои қавиирода «зи шӯри ишқ беоромӣ» карда, аввал аз ёри хеш шикоят мекунад:
Ки эй тороҷи ту ҳушу қарорам,
Парешон кардаӣ ту рӯзгорам.
Ғамам додиву ғамхорӣ накардӣ,
Дилам бурдиву дилдорӣ накардӣ.
Сипас, вақте ки аз Азиз будани ному Миср будани мақомаш огоҳ мегардад, ба канизон амр мекунад, ки ин муждаро ба падараш бирасонанд. Қабули шодиёнаи Азизи Миср дар бобати пазируфтани ишқи Зулайхо хушхабаре буд барои Зулайхо ва гирду атрофиён. Вале ба ҷойи Юсуф дидани Азизи Миср аввалин фоҷеае буд барои эшон. Ин буд, ки ҳамчун шахси заифу нотавон, ба фалак муроҷиат намуд:
Худоро, эй фалак, бар ман бубахшой,
Ба рӯйи ман даре аз меҳр бикшой.
Агар нанҳӣ ба каф домони ёрам,
Гирифтори касе дигар надорам.
Бо ҳамин, Зулайхои рӯҳафтода дилу бедилон «арӯси» Азизи Миср гардид. Дар ин хонадон низ ӯ зоҳиран шод, вале ботинан ғамгин буд. Танҳо баъди тасодуфан дар бозор дидани ҷамоли Юсуфи ғулом фарёд зад:
Зулайхо домани ҳавдаҷ бипардохт,
Ду чашмаш бар ғулом афтод, бишнохт.
Баромад аз дилаш бехост фарёд,
Зи фарёде, ки зад, бехуд бияфтод.
Аз ин лаҳза ҷасоратмандии Зулайхо шурӯъ мешавад. Вай нархи Юсуфро ду баробар зиёд карда, харидоронро дар таҳлука меандозад. Ба дигар ифода, ӯ барои ёр ҳеҷ чизро дареғ намедорад. Боақлии Зулайхо аз ин лаҳза маълум мегардад: Ӯ ба Азизи Миср мефаҳмонад, ки ба шоҳ бигӯяд: «Бинобар сабаби ҳанӯз фарзанд надоштан, ғуломро ба ҷойи фарзандӣ қабул хоҳем кард»:
Бигуфто: «Рав, сӯйи шоҳи ҷаҳондор,
Ҳақи хидматгузориро ба ҷой ор,
Бигӯ, бар дил ҷуз ин банде надорам,
Ки пеши дида фарзанде надорам...
Ба бурҷам ахтари тобанда бошад,
Маро фарзанду шоҳро банда башад».
Маҳз ҳамин оқилагии Зулайхо сабаб мегардаду шоҳ аз баҳри Юсуф мебарояд. Зулайхо бошад, аз ин бобарории кор худро беғаму хуррам медонад:
Ба сӯйи хона бурдаш хурраму шод,
Зулайхо шуд зи банди меҳнат озод.
Ба мижгон гавҳари шодӣ ҳамесуфт,
Ду чашми худ ҳамемолиду мегуфт:
«Ба бедорист ё раб ё ба хоб аст,
Ки xони ман зи xонон комёб аст…
Дар ин меҳнатсарои ғам чу ман кист,
Пас аз пажмурдагӣ хуррам чу ман кист?».
Вале ин шодию хурсандии Зулайхо ҳанӯз барвақт буд, зеро якчанд монеаҳо пеши роҳи ӯро банд мекарданд:
Ҳарчанд Юсуф дар хоби Зулайхо даромада, дар бобати дӯст доштани ӯ ваъдаҳо дода бошад ҳам, аммо дар асл вай Зулайхоро надида ва дӯст надоштааст.
Синну соли онҳо аз ҳам фарқ мекунад.
Зулайхо ва Азизи Миср ӯро ба ғуломӣ харида, фарзанд хондаанд. Одоби ғуломӣ ва фарзандӣ бошад,ба муносибатҳои ишқварзии онҳо ҳаргиз роҳ намедиҳад.
4. Дини яке тавҳид (Юсуф) асту дини дигаре бутпараст (Зулайхо) ва ҳоказо. Ҳамаи ин монеаҳоро тай кардан кори осон набуд. Зеро вақтҳои аввал Зулайхо танҳо дидори рӯйи Юсуфро орзу мекард. Ҳоло бошад, майли ба худ ром кардани ӯро фикр менамуд. Ин ҳолат вазъияти номусоидро пеши назар ҷилвагар месозад. Чунки Зулайхои покдил ва бовафо, ноилоҷ, аз некномӣ ба бадномӣ овоза мешуд.
Дар баъзе лаҳзаҳо симои Зулайхо ҳамчун зани ғамхор ва дилсӯз намудор мегардад. Чунончи, вақте ки Юсуф ба ӯ дар бораи номардии бародарон ва азобу азияти онҳо қисса кард, дили Зулайхо ба ҳоли вай сӯхт. Аз тарафи дигар, Зулайхо, ҳамчун зани меҳрубону ҳалим тамоми хоҳишу дархости Юсуфро қабул ва ба ҷон иҷро мекард. Масалан, ҳангоме ки Юсуф орзуи чӯпонӣ мекунад, ӯ ҳамаи асбоби чӯпониро муҳайё месозад.
Хулоса, «образи аслии Зулайхо, чунон ки асли ҳақиқати ӯст, дар муколамаи байни Юсуф ва Зулайхо зоҳир гашта, он ҳама хислатҳои ношоистаи маҷбурие, ки аз истиғно ва таассуби динии Юсуф ба вуҷуд омада буд, худ аз худ аз байн рафтааст». Ба ин маънӣ, симои Зулайхо, ҳамчун зани покдилу поктинат ва дар роҳи ишқи Юсуф бовафову пойдор дар достон, асосан, мусбат мебошад.
Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ,