Дашту саҳро аз қудумаш мешавад ғарқи чаман,
Роҳ гул, пайроҳа гул, ҳам дашту ҳам кӯҳсор гул.
Рустами Хомарахш
Имсол низ мардуми ноҳияи Ғончӣ оини наврӯзии «Хонагаштак» ва «Сайри теппача»-ро дар радифи оинҳои дигари наврӯзӣ, чун «ҷуфтбаророн»-у «суманак» бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил намуданд. «Хонагаштак» аз маҳбубтарин оинҳои дерини наврӯзист, ки садсолаҳо бад-ин сӯ ҷашн гирифта мешавад ва бозгӯву пайвандгари ду мафҳум «арӯси сол- баҳор» ва «наварӯси хонадон» аст. Оини мазкур 17-уми моҳи исфанд, ки баробар бо ҳафтуми моҳи марти мелодист, таҷлил мегардад. Ҳанӯз як моҳ қабл аз фаро расидани ин рӯз, духтарони маҳалла, қаламу дафтар ба даст гирифта, номи он арӯсонеро, ки як соли ахир хонадор шудаанд, феҳраст мекунанд. Миёни худ маслиҳат мекунанд, ки «гаштак»-ро, яъне арӯсбинонро кай ва аз хонаи кӣ оғоз бикунанд. Наварӯсон чун медонанд, ки ба манзили онҳо гулдухтаракон ва бонувони гузару маҳалла меоянд, омодагии хешро барои истиқболи онҳо ҳанӯз даҳ рӯз қабл оғоз мебах-шанд. Онҳо нахуст ба назофату тамизу поккории ҳавливу дари худ шуруъ карда, бисоту палоси хешро шамол медиҳанд. Фаршу сақфи хонаҳояшонро рӯбучин менамоянд.
Хонаи арӯсро таври хосса ороиш мебахшанд. Дар пешгоҳи хона дар як сӯ миёнбандҳои суннативу миллии домод ва дар паҳлуи он рӯймолу рӯсариҳои бонувона барчида мешаванд, ки онҳоро арӯс бо дастони хеш ҳошиябандиву гулкорӣ менамояд. Арӯсу хушдоман либосҳои рангини арӯсу шаҳро мураттаб сохта, дар як радда ба тани девор овезон менамоянд. Хонаро бо гулу гулдастаҳо, гуна-гуна бозичаҳо музайян ва бо атру хушбӯиҳо муаттар месозанд.
Баъдан, марҳилаи пухтупаз шурӯъ мешавад. Миёни анвои зиёди хӯрданиҳое, ки бояд арӯс омода кунад, будани самбӯсаи варақиву тушбера ҳатмист. Арӯси хонадон мекӯшад, ки гуна-гуна ғизоҳо, чун самбӯсаву фатиру чапотиву шинниву хуришҳо омода ва тамоми ҳунари хешро дар ин ҷода сарф созад. Зеро пухтани хӯрокҳои лазиз як навъ имтиҳони арӯс дар назди меҳмонони ин хонавода аст. Онҳо хӯрокро хӯрда, ба ҳунари пазандааш баҳо медиҳанд. Ба волидайни арӯс ва хушдомани ӯ, ки пухтани чунин хӯрокҳоро барояш омӯзондаанд, сипос мегӯянд.
Бомдоди рӯзи ҳафтуми март аҳли хонадони наварӯс қуфли дарвозаҳоро барвақттар аз рӯзҳои дигар кушода, ба истиқболи меҳмонон омода мешаванд. Кӯчаҳоро рӯфта, об мезананд. Дар хонаҳо дастархон густурда, онро бо ғизоҳои омодакардаи арӯс зинат мебахшанд. Арӯс пироҳани атласу камзӯли зардӯзӣ ба бару тоқии зарнигор ба сар карда, болои он чодари ҳарири сафед мепартояд. Духтарони ҳино ба дасту вусма ба абрӯ, кокулони хешро ҷамолакбофӣ намуда, яке паси дигар, гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳавлии арӯс меоянд. Арӯс ба истиқболи онҳо баромада, се маротиба дар рӯ ба рӯяшон таъзим менамояд. Ин маънои «Ассалому алайкум. Хуш омадед!»-ро дорад. Сипас, меҳмононро ба сари дастархон даъват карда, дасти чап пеши бар барояшон бо дасти рост пиёлаи чой дароз мекунад. Баъди зиёфат арӯс бисоти хешро кушода бо дарназардош-ти синну соли духтарон барояшон туҳфаҳои рамзӣ месупорад, ки миёни онҳо атру упоҳои хушбӯй, собуну шампун, рӯймолчаҳо, шонаву ойина, муҳраву дастпона ва бад-ин монанд армуғон ҳаст. Баъдан, нафаре аз бонувони бузургсол дар ҳаққи арӯсу духтаракони меҳмон дуои нек мекунад. Истиқболу гусели меҳмонон ҳамин тавр, то фаро расидани шом идома меёбад.
Назар ба суханони Зебуннисо Азимова, муовини раиси ноҳияи Ғончӣ, оини «Хонагаштак» як анъанаи одии қабулу гусели духтарон ва намоиши ҳунари пазандагиву хонадории наварӯсон набуда, балки таомули фарҳангию таърихист, ки ҷанбаҳои тарбиявӣ дорад.
– Қабл аз ҳама, духтарон аз овони кӯчакӣ бо расму оинҳои рӯзгордории суннатии тоҷикон ошно мешаванд, – иброз медорад муовини раиси ноҳия. – Онҳо бо чашми сар мебинанд, ки кошонаи наварӯс чӣ гуна хонаест ва он то чӣ андоза поку тамизу зебову диданист ва он чӣ розҳо дорад. Аз гуна-гуна хӯрданиҳои бомазаи омодакардаи арӯс нӯши ҷон карда, либосҳои хуштарҳу зебою зебандаи ӯро дида, аз ҳусни малоҳат ва назокату дилрабоии беш аз пеши ӯ мафтун шуда, дар дили хеш чунин як орзуи ширинро мепарваранд: «Кош, моро низ чунин бахти баланду хонаву дар насиб гардад!». Аз ин лаҳза шуруъ карда, онҳо худро ба зиндагии кадхудоӣ омода месозанд. Ин ҳама омодагиҳо, пухтупазҳо, бо сад ҳазор ният либос дӯхтанҳои наварӯсон, дар маҷмуъ, як муҳити солиму созгори хонаводагиро муҳайё сохта, дар устуворӣ ва бобақо шудани оилаҳо мусоидат менамоянд. Ин аст, ки азҳампошии оилаҳои ҷавон, хушбахтона, дар ноҳия хеле кам аст.
Пири рӯзгордида, Шарифа-холаи 85-сола иброз дошт, ки «хонагаштак» як анъанаи деринест, ки аз ниёгони мо ба мерос мондааст.
– Замоне, ки мо мисли ин гулдухтарон будем, ба «хонагаштак» ба дидани наварӯсон мерафтем, – мегӯяд ӯ. – Имрӯз ба «хонагаштак» наберагони мо меоянд. Ман бовар бар он дорам, ки ин анъана садсолаҳои дигар идома хоҳад ёфт.
Тибқи маъмул, дар фазои бисёр хонадон, дар рӯзи «хонагаштак» садои мусиқиву суруду лапархонӣ танинандоз буда, ромишгарону машшоқону муғанниён низ бо ҳунарнамоии хеш мехоҳанд табъи наварӯсону гулдухтарон, хушдоману меҳмонони хонадонро шод гардонанд.
Шом духтарон аз «гаштак» ба хонаҳои худ баргашта, назди волидайни хеш ба намоиш мегузоранд. Ин туҳфаҳо барояшон азизтарин ва табарруктарин маҳсуб мешаванд.
Рӯзи дигар, яъне 8-уми март низ «хонагаштак» идома меёбад. Аз тамоми шаҳраку рустоҳои ноҳия садҳо нафар наварӯсон ҳамроҳ бо модару хушдоманҳои хеш ба деҳаи таърихии Ғанантарак омада, базм меороянд. Ин оин бо номи «Сайри теппача» маъруф аст. Наварӯсон рӯйи теппаи сарсабзе, ки аз болои он тамоми рустоҳои атроф, аз ҷумла, маркази ноҳия намоён аст, қолину палос ва дастархон мегустуранд. Онро бо мавизу бодому пиставу ҳалвову фатир меороянд. Баъди фурсате наварӯсон яке паси дигар ба саҳна баромада, ҳунари наттоқӣ, сарояндагӣ ва раққосии хешро нишон медиҳанд. Дар майдони шафат бархе писарон қолину палос густурда, гӯштингирӣ мекунанд, зумраи дигар ба бозии «тухмҷанг»-у «хурӯсҷанг», «кабкҷанг»-у «бедонаҷанг» машғул мешаванд. Таҷлили иди «Сайри теппача» басо рамзист. Барои тамошои базми наварӯсон садҳо духтарону ҷавонон аз чаҳор сӯйи ноҳия ва берун аз он меоянд. Бисёр иттифоқ афтодааст, ки ҷавонони навхат маҳз дар ҳамин базмҳову диду водидҳо бахти ояндаи худро пайдо кардаанд.
Рӯзе, ки дар ноҳияи Ғончӣ оини «Хонагаштак» идома дошт, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бонувонро бо ҷашнашон табрик мегуфт. Вай дар лобалои суханронии хеш аз таърихи куҳани Иди модарон - «Сипандормуз» ёдовар шуд, ки рӯзи панҷуми моҳи исфанд таҷлил мешуд. Абӯрайҳони Берунӣ фармуда буд: «Маънии моҳи Сипандормуз хирад ва бурдборист ва он посбони замину пуштибони занони дурусту порсо ва шавҳардӯстдор мебошад».
– Ниёгони мо дар ин рӯз ҷашни занонро таҷлил мекардаанд ва занонро гиромӣ медоштаанд, –таъкид дошт Сарвари давлат. – Ба ин сабаб, ин рӯзро Берунӣ дар ҷойи дигар бо номи «муждагирон» ёд кардааст. Ҷашни Сипандормуз бо суруди «Дуруд бар зан, дуруд бар мард, дуруд бар зиндагӣ» оғоз мешуд, ки он дуои нек дар ҳаққи занон буд ва ба ин васила мардон ба модарону хоҳарон ва ҳамсарону духтарони худ рӯзи хуш ва рӯзии фаровон мехостанд.
Тилав Расулзода
н. Ғончӣ