Ин ҳам бахти Мард, ки сад дар сад аз адову ханда, нигоҳу ишва ва муҳаббати Зан бастагӣ дорад. Бо устод Рӯзӣ Аҳмад, номзади илми филология, талош хоҳем кард, то жарфтар ба суннатҳои наврӯзии мардуми орётабор назар афканем, шояд «Калид»-и розҳои бонувонро ба даст биёварему барои хушбахт шудан гоме қавитар бимонем?!
Наврӯз зи шуҳрати Каён меояд,
Пирест, ки ҳамвора ҷавон меояд.
Гулрухсор
Хонабаророн
Бонувон расме доранд бо номи «Хонабаророн». Чанд ҳафта қабл аз фарорасии Наврӯз, дар яке аз рӯзҳои офтобӣ, онҳо ашё ва лавозимоти хонаро ба берун мебароранд ва хонаҳоро тамиз мекунанд. Дар ноҳияи Дарвоз бонувон хонаҳоро сафед карда, гул меандозанд. Наврӯз рамзи покӣ, сафедӣ, зебоӣ ва Аҳурамаздо аст, аз ин рӯ, бояд қалбҳо ва хонаҳо тамизу пок бошанд.
Атру упо
Сипас, онҳо барои перостани хонаҳо ва оро додани худ мекӯшанд. Барои анҷом додани ин кор аз воситаҳои маъмул, яъне атр, васмаю упо ва дигар хушбӯиҳо истифода менамоянд.
Суманак
Маросими пухтани суманак бо ду тарз сурат мегирад. Суманаки хонаводагӣ ва дастҷамъӣ. Суманакро тамоми шаб мепазанд. Дар ҷараёни пухтани суманаки дастҷамъӣ нақши зани пок ва якникоҳа муҳим аст. Ӯ оҳиста- оҳиста онро дар деги бузурге мепазаду дигарон бо як овоз суруд мехонанд:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Суманак назри баҳор аст,
Суманак барори кор аст.
Қисми дигари занону духтарон рақс мекунанд. Агар касеро хоб барад, аз сиёҳии дег ба рӯйи ӯ мемоланд. Садои хандаю шодӣ ва бозии онҳо то субҳ ба гӯш мерасад. Аввали субҳ ба хонаи шахсони солхӯрда ва мариз дошта суманак фиристода, баъд онро байни худ тақсим мекунанд.
Рамзҳои Наврӯз
Дар Наврӯз ҳар оила аз матои сафеде, ки рамзи покӣ аст, дастархон меорояд. Рамзҳои наврӯзӣ бояд дар оростани дастархон ва хона риоя шаванд, зеро онҳо нишони ғалабаи некӣ бар бадӣ, сафедӣ бар сиёҳӣ, зебоӣ бар зиштӣ, ободӣ бар тангдастӣ, гармӣ бар сардӣ ва ғайраҳо мебошанду аз ниёкон мерос мондаанд.
Ҷанбаҳои он
Наврӯз се ҷанба дорад:
Ҷанбаи нахуст кайҳонӣ, ё гоҳшуморӣ (тақвимӣ) аст. Осмон 12 бурҷ дорад ва офтоб дар давоми 365 рӯз аз ин бурҷҳо мегузарад ва шабу рӯз баробар мегарданд.
Ҷанбаи дувум таърихиву асотирӣ аст. Ин ҷанба пайдоиши Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшеди Пешдодӣ иртибот медиҳад.
Ҷанбаи савум иҷтимоӣ (кишоварзӣ ва фарҳангӣ) аст.
Муколама
Дар оғози Наврӯз мард аз хона берун мебарояд ва вақти баргаштан бо худ ашёи рамзӣ меоварад ва дарро бо ангуштон мекӯбад. Байни кадбону ва соҳиби хона суолу ҷавоб сурат мегирад, ки он аз замони сосониҳо мерос мондааст. Ин анъана танҳо дар Тоҷикистон боқӣ мондааст. Дар дигар кишварҳои форсзабон, ба мисли Эрону Афғонистон ин анъана аз байн рафтааст. Вақти ворид гаштан ба хона мард бо садои баланд мегӯяд: «Соли нав муборак!» Кадбону ба китфони ӯ рамзи сафедӣ ва осудагии оила- орд мепошад.
Арӯсбинон
Дар Наврӯз бонувон либосҳои нав ва зебо ба бар карда, ба хонаи наварӯсон мераванд. Баъд аз пазироӣ даф зада, суруд мехонанду рақс мекунанд. Дар ивази туҳфаҳои худ бонувон аз нав-арӯсон ҳадяҳои наврӯзӣ мегиранд ва барои онҳо бахт таманно менамоянд.
Бахткушоён
Наврӯз тақрибан 4 ҳафта идома меёфт ва дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷашн гирифта мешуд. Дар ҷараёни ҷашн дигар расмҳо низ сурат мегирифтанд. Масалан, яке аз чунин расмҳо «бахткушоён» ном дошт. Бонуи шавҳарнадидае дар гардани худ қулф овезон намуда, дар чаҳорроҳ меистод. Зани солхӯрда ва ботаҷрибае назди ӯ рафта, «Бисмиллоҳи раҳмони раҳим, бахти духтарам кушода шавад», -гуфта қулфро мекушод ва аз гардани ӯ мегирифт. Дар бисёр ҳолатҳо ҳамон сол ин бону ба шавҳар мебаромад. Ин расм дар шаклҳои дигар то имрӯз боқӣ мондааст.
Озмун
Ҳамчунин дар Наврӯз байни занон дар иртибот бо хӯрокпазӣ озмун баргузор мегардид. Онҳо ғизоҳои аз орд пухтаи худро дар лаълиҳои бузург гирифта, дар дастархон мегузоштанд. Баъзе бонувон то 120 намуд хӯрокро аз орд тайёр мекарданд, ки ин нишони ҳунармандии онҳо буд. Тавассути чунин озмунҳо бонувони ботаҷриба ҳунари ҷавононро дар анҷоми ин ва ё он кор такмил медоданд.
Сари мазор
Баъд аз рӯзи савум бонувон ба хотири арҷ гузоштан ба бузургон сари мазор рафта, дуо мекарданд. Дар баъзе ҷойҳо бонувоне, ки фарзанд надоштанд, аз бузургон имдод мехостанд ва даст сӯйи мазор дароз мекарданд. Агар ба дасти онҳо донаи гандум меомад, «Худо ба ман фарзанд медиҳад», - гуфта шодӣ менамуданд.
Обпошон
Маросиме ҳаст бо номи «обпошон». Дар наз-ди рӯде мардум ҷамъ омада оши софӣ мепазанд. Ин ғизо бе истифодаи равған сурат мегирад. Ин намуди палав танҳо дар Бухоро ва вилояти Қаш-қадарё пухта шуда, хеле хушмаза аст. Рӯд бошад рамзи покӣ ва рӯшноӣ аст. Духтарон ба кафи дас-тон об гирифта ба ҳам мепошанд, ки ин рамзи дур андохтани кудурат ва бухл аз дилҳо мебошад. Дар баъзе ҷойҳо ҳатто духтаронро ба об меандозанд, то некбахту соҳиби фарзанд гарданд. Ин расм бо Аноҳита иртибот дорад. Онҳо ба ин тартиб аз Аноҳита хоҳиш мекарданд, ки соли нав бобаракату бофайз ояду борон заминҳоро серҳосил созад.
Ҳой
Ҳойравӣ ҳам яке аз расмҳои қадимаи бонувон маҳсуб мешавад. Вақти ҳойравӣ духтарон суруд хонда хурсандӣ мекунанд. Тибқи ривоятҳои ниёкон боди ҳой гуноҳҳоро мебарад ва маризиҳоро аз бадан дур меандозад.
Рақсу суруд
Яке аз расмҳои дигар ва муҳими бонувон дар Наврӯз хондани суруд ва анҷоми рақс аст. Занҳо давра гирифта, духтаронро ба рақс даъват менамоянд. Дар ин вақт ду зани моҳир даф мезананд. Дар давраҳои пеш рақсҳои бонувон хеле нафис анҷом мешуданд. Ҷавонон ба сари теппа баромада, рақси духтаронро тамошо мекарданду барои худ арӯс интихоб менамуданд.
Либоси наврӯзӣ
Интихоби либос низ дар Наврӯз аз аҳаммияти хос бархурдор аст. Ба ҳич ваҷҳ набояд аз матои сиёҳ либос таҳия кард. Маъмулан бонувон аз матои сафед ва сабз либос таҳия менамуданд, ки рамзи покиву баҳор аст. Дар Қаратоғ матое буд бо номи абр, ки бонувон дар ҷашни Наврӯз аз он либос медӯхтанд. Абри Қаратоғ хеле машҳур буда, аз абрешим таҳия мегардид. Дар водии Ҳисор гиребони пираҳанро маъмулан пар-пар мекарданд ва он байни занон хеле роиҷ буд. Либоси дигари маъруф атлас маҳсуб мешуд. Беҳтарин атр ва кафшҳо низ дар Наврӯз истифода мегардиданд.
Ороишот
Духтарону бонувон дар ин ҷашн муҳраҳои сафед ва зеборо ба гардан мекарданд. Бонувон дар ангуштон ангуштарини зиёдтар мегузоштанду духтарон камтар. Заргарҳои маҳаллӣ бахшида ба соли нав гӯшворҳои зебо ва нотакрор месохтанд. Дастпонаҳои тилло ва аз нуқра сохташударо духтарон дӯст медоштанд. Падару модарон барои ороиши духтарон мусоидат менамуданд.
Ҳамоишҳо
Соли 2000-ум дар Эрон ҳамоише дар иртибот ба Наврӯз созмон дода шуд. Мо ҷанбаҳои кайҳонӣ, таърихӣ ва фарҳангию ахлоқии онро мавриди баррасӣ қарор додем. Соли 2004-ум низ ҳамоише барои ҷаҳонишавии Наврӯз дар Теҳрон сурат гирифт. Соли 2008-ум аз даҳ кишвари ҷаҳон намояндагон боз ҳам дар Эрон ҷамъ омаданд. Намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Арманистон, Афғонистон ва Покистон тайи се рӯзи ҳамоиш ҳаштсоатӣ кор карда ҷанбаҳои муҳими Наврӯзро таҳия ва ба Юнеско пешниҳод сохтанд. Юнеско онро ба СММ пешниҳод намуд ва дар сессияи 66-уми он Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд.
Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ
Наврӯз ба ҳам оварандаи мардуми дунёст ва хусусияти башардӯстона дорад. Дар ин ҷашн мардум хашму кудуратро канор гузошта, оғӯш во мекунанд ва дасти дӯстӣ ба ҳам медиҳанд. Хушбахт аз онем, ки ин ҷашни миллии мо дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва ҷашн гирифта мешавад.
Эмомалӣ Сайидамирзод