Зиёда Муҳаммадиева дар деҳаи Боғи Калони Истаравшан ба дунё омадааст. Нахустин устоди ӯ модараш буд. Чун ба баҳори 12-солагӣ расид, модар ӯро дар паҳлуяш шинонду ба дасташ риштаву сӯзан дод. Асрори ҳунари гуна-гуна дӯхтани либосҳо, кашидадӯзӣ, бахядӯзӣ ва зардӯзиро омӯзонду нахустин дастранҷи духтарашро ба бозор бурда, дар қатори маҳсулоти хеш фурӯхт.
Зиёда мактаби миёнаи №9-и деҳаро соли 2000 хатм карда, ба Омӯзишгоҳи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом дохил гашт ва онро соли 2003 хатм намуд. Ба деҳа баргашта омӯзгор шуд. Вале бемории пайвастаи модар маҷбур намуд фаъолияташро қатъ карда, ба нигоҳубини ӯ пардозад. Пас аз соле модар аз дунё даргузашт.
Ҳунар омӯз, ки чашмаест зоянда ва давлатест поянда…
Зиёда пас аз сари модар баробари дӯхтани пироҳанҳои миллӣ аз пайи эҷоди тарҳу намунаҳои наву тоза ва муосири либосҳо шуд. Ин буд, ки барои иштирок дар озмуни шаҳрии «Атлас-2005» омодагии хешро эълом дошт. Дар он бо тарҳи вижаи хеш ғолиб омада, дар озмуни вилоятӣ бо пероҳани хушдӯхти «Ситора» ширкат варзид. Либосро ба бар карда, ба рӯйи саҳна баромад ва ҷойи аввал насибаш гардид. Пирӯзӣ ба Зиёда пару боли эҷодӣ бахшид. Соли 2008 дар деҳаи Ниҷонӣ корхонаи шахсии хешро бо номи «Дилбар» ифтитоҳ намуд. Дар баробари дӯхтани либосҳои арӯсии миллию аврупоӣ ба кешбофию тӯрбофӣ, ба машшотагӣ ва қашангу зебо намудани духтарони маҳаллӣ машғул шуд.
– Ҳамеша мехостам нозукиҳои ҳунари дӯзандагию машшотагӣ ва мақбулу зебо намудани духтаронро аз ҳунармандони чирадасту варзида биёмӯзам, – иброз медорад Зиёда. – Ин буд, ки соли 2008 ба назди Барно Шайхсаидова ном чевари зафарободӣ рафта, чанд муддат шогирд истодам ва асрори хайётиро аз ӯ омӯхтам. Ҳамон сол барои фаро гирифтани бахши машшотагӣ ва ҳуснбахшию ороишгарӣ ба шаҳри Тошканд раф-та, тайи як моҳ аз Забарҷад Аҳмадова, ки устоди касби хеш аст, назокати ин ҳунарҳоро омӯхтам ва шаҳодатномаи фаъолият гирифтам. Мактаби Забарҷад аз усули дигарон бо он фарқ мекунад, ки нахуст иллату бемориҳои рӯю мӯйро табобат карда, баъдан ба ороиши онҳо машғул мешавад. Вақти дар Тошканд буданам, тасмим гирифтам дониши хешро дар бахши хайётӣ такмил диҳам. Зеро ман бисёр мехостам, ки на танҳо барои бонувон, балки барои мардҳо низ либос дӯзам. Бинобар ин ҳамон сол бори дигар озими шаҳри Тошканд шудам ва тайи се моҳ дар ширкати «Машҳура» тарзу шеваҳои беҳтарини хайётиро омӯхтам. Баъди ба роҳ мондани шеваҳои наву муосири машшотагию хайётӣ таваҷҷуҳи мардум ба корхонаи мо бештар шуд. Алҳол дар корхонаи «Дилбар» чаҳор нафар духтарон ба таври доимӣ машғули коранд. Гузашта аз ин, даҳ нафар духтарони маҳаллиро ба шогирдӣ гирифтаам. Онҳоро низ пас аз хатми давраи омӯзишӣ ба кор қабул хоҳам кард.
Соли 2012
– Соли гузашта ҳодисаи таърихие рух дод, ки дар сарнавишти ман нақши муҳим ва фаромӯшношуданӣ гузошт. 28 октябр дар шаҳри Истаравшан маросими ифтитоҳи корхонаи «Ситораи Шарқ» бо иштироки Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар он дар радифи офаридаҳои хунармандони мардумӣ, маҳсули дастони ман низ дар маърази намоиш қарор дода шуд. Сарвари давлат баъди дидани онҳо изҳори шодмониву хушнудӣ намуданд.
Зиёда ба Сарвари давлат чун рамзи эҳтирому ихлос, ба шахсе, ки соли 2012 мувофиқи қарори яке аз созмонҳои бонуфузи исломии ҷаҳон дар қатори 500 нафар муваффақтарин мусалмони дунё шинохта ва эътироф гардид, ҷойнамози дастидӯхти хешро тақдим намуд.
Зиёда мувофиқи дархости раҳбарони гуруҳи рақсии «Маҳастӣ» барои ҳунармандон пироҳану нимтанаю ҷома медӯзад. Вай ҳар як тарҳи тозаэҷоди хешро ба тарроҳон ва рассомони шинохтаи кишвар нишон дода, аз онҳо ҷиҳати рафъи нуқсҳои ҷойдошта маслиҳат ва машварат мепурсад. Аз ҷумла, бо рассоми номӣ Акбар Маҳмудов ҳамкории хуби эҷодӣ ба роҳ мондааст. Маҳз аз рӯйи тарҳи пешниҳодкардаи ӯ Зиёда соли гузашта барои дусад нафар раққоса пероҳан дӯхт, ки басо шинаму ҷолибу зебо буданд. Зиёда мехоҳад чунин ҳамкории судмандро бо рассомон ва тарроҳони дигар низ ба роҳ монад.
Таманноҳои сабз
Хуб медонад, ки барои тарроҳи хуб шудан, ҳунари рассомӣ басо муҳим аст. Бинобар ин тасмим гирифтааст ба факултаи рассомии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шавад ва аз устодону донишмандони соҳа сабақ гирад. Мехоҳад маҳсули дастони худу шогирдонашро ба хориҷа барорад ва тавассути онҳо кишвари хешро муаррифӣ созад. Орзу дорад дар маркази шаҳри Истаравшан соҳиби дӯконе барои муаррифӣ ва фурӯши либос гардад. Зиёда тарҳи вижаи пероҳани арӯсиро омода карданист бо намои шарқиёнаву тоҷикона.
Ҳамеша мекӯшад, то тарҳи либосҳояш нотакрору самимӣ бошад. Пайваста заҳмат мекашад, то духтарони орододааш бо дурахшу тароват, назокат ва самимияти хеш фарқ бикунанд. Бошад, ки ҳамватанон бо як дидан бигӯянд: «Ин тарҳи Зиёда аст!»
Тилав Расулзода