Ба сафи ҳунармандони халқии Тоҷикистон дар Бадахшон боз як нафар афзуд, Маҳингул Назаршоева. Ин бонуи соҳибистеъдод ба ҷодаи санъат ба ҳайси ҳунарпешаи театр қадам гузошт. Саҳнаи театри мусиқӣ- мазҳакавии Хоруғ он вақт ба нақшофари ҷавон ва болаёқат ниёз дошту ӯ ба саҳна, мухлисон ва кор сахт дил баста буд. Заҳмат ва кӯшишҳои ҳунарпешаи ҷавон дар нақшофарӣ беподош намонд ва ӯ зуд байни мухлисон маҳбуб гардид. Актёри ҷавон бо нақши Моҳбегими «ҷанҷолӣ » дар филми «Нисо», ки хеле табиӣ баромад, ба дили мухлисон роҳ ёфт.
Зуҳро аз намоишномаи «Тоҳир ва Зуҳро», Юленка аз «Камбағалӣ айб нест» ва Фарангис аз спектакли «Сиёвуш» аз розу ниёзашон ба тамошобин бо забони Маҳингул қисса карданд. Ба гуфти коргардони театр Қиматшо Парпишоев Маҳингул дар ҳама нақшҳо муваффақ буд, вале Фарангисро хеле барҷаста офарид. Зеро симои зоҳирӣ ва ботинии қаҳрамони зебо, ҳассос ва муборизу озодипараст ба тинати бозигари он мувофиқат дошт.
Ӯ соли 1993 ба шуъбаи фарҳанги шаҳри Хоруғ ба кор даъват шуда, барои бозёфти чеҳраҳои нав ва эҳёи санъати фолклорӣ ва этнографӣ хизмати шоиста анҷом дод. Қариб дар тамоми барномаҳои консертии ҳунармандони минтақа, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар вилоят ва маркази ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуданд, на фақат чун ташкилотчӣ, балки донандаи асрор ва санъати нозуки рақс саҳми бевосита гузошт. Тамошогарон рақсҳои кабӯтар, уқоб, кабк, чӯпон, рақс бо шамшер, бо калтак, рақси кишкиш, аспакбозӣ ва уштурбозиро бо шавқу завқ назора карда, аз ҳаракатҳои мавзуну зебои раққосон ҳаловат бурданд, ки ба саҳнагузорандаашон ин устоди рақс буд.
– Дар рӯзҳои омодагӣ ба барномаҳо аз субҳ то шом бо ҳунармандон буду утоқи кориаш гӯё ба майдони машқ мекӯчид, – изҳор медорад Муҳиддин Пайшанбиев, сардори шуъбаи фарҳанги ВМКБ.
Дар яке аз чунин барномаҳои бахшида ба Рӯзи Ваҳдат кабӯтарони сафед - рамзи сулҳ, осоиштагӣ ва созандагӣ парафшонӣ доштанду суроби хираи уқоб зери ин мавҷи сапед нопадид шуд.
Рақси кабӯтар ва уқоб таҷассумгари муборизаи неруҳои некӣ ва бадӣ аст.Уқоби ҳарис ва тезчангол кабӯтаракони озод ва дар ҷустуҷӯйи донаро аз луқмаашон маҳрум ва дар панҷааш маҳв карданӣ мешавад, аммо дасти наҷоте уқобро тир мезанад ва кабӯтаракони ошиқи ҳаёт ва озодӣ парзанон саҳнаро пур карда, дили мухлисонро аз эҳсоси воло ва ошно лабрез месозанд.
Маҳингул рақси уқоб ва кабӯтарро такмил дода, ба саҳна гузошт. Он ба давраи хомӯш гардидани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ рост омад. Дасти наҷотбахш дар мазмуни нав неруҳои солими миллат, рамзи аз вартаи гирдобҳои сиёсӣ берун омадан ва эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва навинро ифода мекард.
– Ҳангоме ин рақсро ба намоиш гузоштем, бо авҷ гирифтани зарби мусиқӣ ва ҳаракатҳои зебо, ки қалбҳоро лабрез мекард, мухлисон беист кафкӯбӣ мекарданд.Зеро онҳо дар симои кабӯтар талош барои озодӣ ва созандагии мардуми як кишвари ҷавони соҳибистиқолро медиданд ва аз ин истиқбол мекарданд, – гуфт Маҳингул ва афзуд, ки дар Бадахшон дар баробари рақси занона қариб 14 намуд рақси мардона иҷро мешуд, аммо айни ҳол бисёре аз ин намудҳо аз байн рафтаанд. Рақси мардона дар қиёс бо рақси занона, ки аз ҳаракатҳои мавзуну мулоим ва нозук иборат аст, аз кас назораи тезу барроқ, ҳаракат ва покӯбиҳои гиро талаб мекунад.
Ба гуфти Бовар Хусравов, Ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ, Маҳингул дар ҷодаи санъат шахси тасодуфӣ набуда, номбардори сазовори модар-Моҳҷон Назардодова, нахустин Ҳофизи халқии Тоҷикистон аз байни бонувон, навозанда ва созандаи машҳур мебошад, ки созу навояш барои ҳар як хонаводаи вилоят ошно аст.
Маҳингул бовар дорад, ки рӯзҳои душвор паси сар шуданд. Тайи солҳои ахир ҳунарпешагони тарки касб намуда, боз баргаштанд ва 30 ҳунарпешаи ҷавон ба шуъбаи фарҳанг ва театр ба кор ҷалб шуданд.
Санъати рақс таҳаввулоти азимеро аз сар мегузаронад. Ҳунарпешагони ҷавон бо шеваҳои гуногун мерақсанд ва Маҳингул аз ғанӣ гаштани ин намуди сарвати фарҳангӣ шод аст. Аммо ба андешааш, нафосат ва назокати рақсҳои халқӣ, ки дар лаҳзаҳои шодиву андӯҳ мардумро ҳамроҳӣ мекунанд, бояд аз таҳоҷуми фарҳангӣ ҳифз гардад.
Меҳр ба рақсро дар дили ӯ сарбалетмейстри шинохтаи ансамбли «Помир» Мамадназар Отамов, ки солиёни зиёд дар театри Хоруғ кор мекард, ҷо намуд. Маҳингул дилпур аст, ки дар тӯли солҳои фаъолият дар паҳлуяш санъаткорони ҷавон, ба мисли Малина ва Аниса Мусайибоваҳо, Мавзуна Нусайриева, Гулзор Давлатшоева, Хуршеда Ватанбекова , Насиба Давлатхоҷаева, Лола Қизилова, София Гулаёзова ва Аноргул Курбонмамадова мактаби камолоти касбиро гузаштанд ва акнун мустақилона метавонанд барномаҳои дилангези рақсиро таҳия ва роҳбарӣ кунанд.
– Вазифа барои ӯ масъулият аст, – мегӯянд дар бораи Маҳингул ҳамкоронаш. Ба синни нафақа расид. Вале бовар дорад, ки ҳамчун ҳунарманд авҷи камолоти эҷодиаш нав фаро расидааст.
– Меҳоҳам худро пурра ба кори эҷодӣ бах-шам ва орзуям ин аст, ки ансамбли халқии рақс таъсис диҳам ва дар он, дар баробари ҷавонон кӯдакони соҳибсалиқа ва боистеъдод имконияти омӯзиш ва такмили малака дошта бошанд ва олами рангини рақси мардуми Бадахшон бо тамоми нозукӣ, зебоӣ ва шукӯҳ ба ҷилва дарояду ба мухлисон завқи бештаре бахшад.
Ш. Мирзоҷалол