Садбарг Қамбарова – роҳнамои мураббияҳо ё ба қавле «холаи меҳрубон»-и тифлакон беш аз 50 соли умри хешро сарфи кор дар муассисаҳои томактабии шаҳри Қӯрғонтеппа намудааст. Маълумоти миёнаи нопураро дар зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон гирифта, ба санъаткор Ҳукуматшоҳ Мулкамолов ба шавҳар мебарояд ва онҳо ба водии Рашт мекӯчанд. Бо ҳидояти шавҳар соҳиби маълумоти миёна шуда, ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб дохил мешавад. Аз соли 1963 инҷониб дар вазифаҳои гуногуни муассисаҳои томактабии шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият дорад.
Меъёр - ғизои истеъмолӣ, ё маънавӣ?
– Дар се даҳсолаи аввали фаъолияти меҳнатиам, ки ба солҳои 1960-1990 рост меояд, муассисаҳои томактабии кишвар бо маром рушд меёфтанд, – мегӯяд ӯ. Гарчанде солҳои пеш таъмини ғизои кӯдакон зери назорати ҷиддӣ қарор дошт, аммо меъёри баҳогузории вазъи боғчаҳои бачагон -рушди зеҳнии тарбиятгирандагон буд. Солҳои 1980–ум намояндагони Доғистону Афғонистон, Полшаву дигар кишварҳои дунё зимни боздид аз муассисаҳои томактабии шаҳри Қӯрғонтеппа ба шароити мавҷуда ва сатҳи тарбияи кӯдакистонҳо баҳои баланд дода буданд.
Дар мавриди маблағгузории кӯдакистонҳо Садбарг Қамбарова мегӯяд: «Рӯзе барои як кӯдак 2 рубли шӯравӣ ҷудо мешуд, ки ин ба се вақт хӯроки иборат аз ширу қаймоқ, равғану тухм ва гӯшту дигар маҳсулоти серғизо кифоят мекард. Аммо бо 1 сомониву 60 дираме, ки имрӯз барои хӯроки якрӯзаи кӯдак ҷудо мешавад, наметавон онҳоро бо маҳсулоти серғизо таъмин намуд».
Кӯдакони ташнаи шеър
Мусоҳиби мо бо таваҷҷуҳ ба рушди зеҳнии атфол таъкид менамояд, ки дар мадди аввал бояд муассисаҳои томактабиро бо бозича ва адабиёти кӯдакона таъмин намуд. Мутаассифона, дар 20 соли охир эҷоди расму шеър, чистону афсонаҳои кӯдакона коҳиш ёфтааст. Шоирон бояд мисли Убайд Раҷабу Мирсаид Миршакар мувофиқ ба синну соли кӯдак шеърҳои равону сода эҷод намоянд, зеро дар баробари коҳиш ёфтани нашри адабиёти бачагона, дарки мазмун ва қабули шеъри имрӯз барои кӯдакон вазнинӣ мекунад.
Садбарг Қамбарова муҳимтарин давраи тарбияи инсонро 3 -4 - солагӣ ҳисобида, таъкид дорад, ки вазъи имрӯзаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бозгӯйи рушди ояндаи ҷомеа аст. Мусаллам аст, ки солимии кӯдакон дар ин муассисаҳо зери назорати табибон қарор дошта, онҳо нисбат ба ҳамсолони дар хона тарбия ёфтаашон зудтар ба ҷамъият ворид мешаванд. Аз лиҳози дигар, кӯдакон табиатан оромиро қабул надоранд ва дар ҳаракату муошират аз калонсолон дида фаъолтаранд, аммо дар шароити хона зодмандон наметавонанд, ки тамоми рӯз саргарми муомила бо фарзанд бошанд.
Тарбияи ватандӯстӣ аз кай оғоз мешавад?
Равоншиносон мегӯянд, инкишофи кӯдак вобаста ба дарёфти посух ба 20-25 ҳазор суоле мебошад, ки ҳамарӯза дар зеҳни онҳо пайдо мешавад. Ба қавли Садбарг Қамбарова тифлро аз ду - сесолагӣ бо расму бозича ва ашёи гуногуни тарбиявӣ ҷалб намудан лозим аст. Баъдан, афсонаву шеър афкори кӯдакро ба олами орзуҳои ширин роҳнамоӣ мекунад ва дар ҳамин давраи ҳассос бояд дар фикри густариши ҷаҳонбинии кӯдак шуд. Бубинед, солҳо барои пешгирӣ аз ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мубориза мебарем, аммо боз ҳам насли ҷавонро аз ҳуҷумҳои идеологии бегона ҳифз карда наметавонем, зеро ягон қуввае имконияти пешгирии фикрронии инсонро надорад. Яъне барои инсон метавон маҳдудият-ҳое эҷод кард, аммо наметавон фикру андеша ва маънавиёти одамро зери назорат гирифт. Аз ин рӯ, агар мо ба тарбияи фарзандон аз синни томактабӣ диққат дода, дар овони мактабхонӣ онҳоро дар руҳияи ватандорию ватансозӣ тарбият намоем, баъди ба балоғат расидан дигар ягон идеологияи беруна ақидаи онҳоро тағйир дода наметавонад. Азбаски аксари наврасон дар муҳити хона, ки бештари вақташонро холигӣ пур мекунад, худхоҳ тарбия меёбанд, дар синни мактабхонию донишҷӯйӣ ба онҳо барномаҳои тарбиявии ватандӯстӣ таъсири хуб расонида наметавонанд.
Садбарг пешниҳод дорад, ки тарбияи кӯдакон дар руҳияи ватандӯстӣ бояд аз муассисаи томактабӣ оғоз шуда, барои амалӣ намудани ин стратегия барномаи муштараке таҳия намуда, рӯйи кор овард. Тахайюлоти кӯдакро, ки ақли таҳлилу хулосабарорӣ надорад, тасвирҳои дидаву суханҳои шунидааш пур мекунад. Аз ин рӯ, шиносоии кӯдак бо гимну парчами кишвар ва омӯхтани шеъру таронаҳои ватандӯстӣ дар синни томактабӣ, ба мақсад мувофиқ аст. Вале фазои маънавии кӯдак бо ин теъдод адабиёти камшумор пур намешавад, аз ин рӯ, табъу нашри адабиёти бачагонаро зиёд намудан лозим аст.
Аз марди тоҷик мураббия намебарояд!?
– Қаблан мардум ҷонибдори таъсиси муассисаҳои алтернативӣ- боғчаҳои бачагонаи хусусӣ буданд, аммо вақт нишон дод, ки теъдоди нисбатан ками сокинони Қӯрғонтеппа имкони молии тарбияи кӯдакро дар чунин муассисаҳо доранд. Аз 12 гуруҳе, ки дар оғози фаъолияти нахустин муассисаи хусусии шаҳр таъсис дода шуда буд, имрӯз ҳамагӣ чаҳорто боқӣ мондааст. Ҳоло боғчаи бачагонаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз лиҳози шароити таълиму тарбия ва фарогирии тифлони қишрҳои гуногуни ҷомеа, яке аз муассисаҳои намунавии шаҳри Қӯрғонтеппа ба ҳисоб меравад, меафзояд ӯ.
– Заъфи дигари мо дар муассисаҳои томактабӣ надоштани тарбиятдиҳандагон аз ҳисоби мардон аст, зеро фаъолияти онҳо метавонист ба сифати тарбия таъсири мусбат расонад. Дар шуъбаҳои ташкилоти ибтидоии донишкадаҳо ҷавонписарон низ таҳсил доранд, аммо баъди хатм ҳамчун методист фаъолият менамоянд ё вазифаи дигарро ба уҳда мегиранду тарбияи кӯдаконро не.
Ҳикмати офтоби сари кӯҳ
Ба суоли дар симои мураббияи кӯдакистон киро мебинад, Садбарг мегӯяд: «Агар мураббии дилбохтаи касбро қарори дилаш ин бошад, ки кӯдакон ӯро мисли модари худ дӯст доранд, бояд ба атфол меҳри модарона дошта бошад. Бузургии мураббия дар он вақт зоҳир мешавад, ки тифл ба ӯ мисли модар меҳр пайдо кунад. Агар мураббия ба дили кӯдак роҳ ёфта натавонад, бояд тарки касб намояд. Зеро рисолати тарбиятдиҳанда бо меҳру сидқу меҳрубонии модарона тифлро ба роҳи дуруст ҳидоят намудан аст.
Устоди дар олами кӯдакон таҷрибаи зиндагӣ андӯхта, аз камтаваҷҷуҳии насли ҷавон барои кор дар муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ дорад. «Мо дар риштаи тарбияи томактабӣ олимони варзида дорем, аммо руҷуи ҷавонон ба ин соҳа камтар ба назар мерасад, аз ин рӯ, дар тағйири вазъ аз ҳоли ҳозир бояд тадбирҳо андешид. Вагарна мураббияҳои пиронсол, ки айни ҳол ба нафақа баромаданашон ба нафъи соҳа нест, офтоби сари кӯҳро мемонанд».
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ