Меҳрубон
– Аз рӯи мушоҳидаҳоям меҳмонони зиёде, ки дар рӯзи таҷлили ҷашни Ваҳдат ба Бадахшон омада буданд, ҳар сари қадам самимият ва меҳмоннавозии мардум, ба хусус занону модаронро эҳсос мекарданд, ки табъашон бисёр болидаву хуш буд, мегӯяд ҳамсӯҳбатам ва илова мекунад, – чун рамзи меҳру ихлос бонувони мо барои меҳмонон ҳамеша ҷуроб ё тоқии бадахшӣ тақдим мекунанд.
Маърифатпарвар
– Қисмати умдаи ашхоси соҳибмаълумотро дар Бадахшон занон ташкил медиҳанд. Шавқу рағбат ба донишомӯзӣ дар байни занон аз анъана ва мақому мартабаи зан дар хонавода бар меояд.Тибқи анъана агар дар хонаводае соҳиби писару духтар бошанду бино бар мушкили молӣ имкони соҳибмаълумот кардани танҳо яке аз онҳоро дошта бошанд, пас интихоб ҳатман сари духтар қарор мегирад, зеро духтарон модарони оянда ҳастанд ва тарбият, омӯзишу парвариши насл ба саводу маърифати зан вобастагӣ дорад.
Шояд аз ин хотир бошад, ки бештар аз 70 дар сади донишҷуёни донишгоҳи Хоруғро духтарон ташкил медиҳанд, – қайд мекунад роҳбари бонувони вилоят.
Ҳунарманд
– Ба ҳунари санъатварии бонувон, ки саҳнаҳои театрҳои ҷумҳурӣ ва берун аз онро тасхир карданд, ҳанӯз устод Лоҳутӣ баҳои баланд дода гуфта буд: «Лолаҳои санъати Хоруғу Рӯшонро бубин». Нахустин ҳофизи халқии Тоҷикистон аз байни бонувон, сароянда ва навозандаи мумтози бадахшонӣ – Моҳҷон Назардодова зодаи рӯшонзамин аст. Аммо имрӯзҳо маро бештар аз ҳама қобилияти занони ҳунарманд ва эҷодкор, ки дар шароити на чандон хуби иҷтимоӣ рӯзгордориашонро саришта мекунанд, мутаассир сохтааст. Дар деҳаи Тусёни ноҳияи Роштқалъа бонуи нобино – Гулмеҳрӣ Қаноатшоеваро вохӯрдам, ки кӯдакеро танҳо ба воя мерасонад. Бо сабаби нобиноӣ ӯ сарбории хешовандон будан нахоста, бо ҳунари ресандагиву бофандагӣ буҷаи хонаводаашро ғанӣ месозад. Рангҳои гуногунеро, ки ин бофандаи нобино дар эҷодиёташ моҳирона истифода мекунад, ҳатто ҳунармандони асилро ба ҳайрат овардааст. Нерӯи баланди ҳиссиёт кӯмак мекунад, ки ҳунарманд бо ламси ангуштон рангҳоро аз ҳам фарқ кунад ва хеле зебову дақиқ дар ҷои лозима аз онҳо истифода кунад. Айни ҳол талош дорем, ки барои ривоҷи ҳунармандӣ дар шароити хонаводагӣ барои бонувони хонашин шароити бештаре муҳайё созем, – мегӯяд М.Ғуломшоева.
Ба гуфти ҳамсӯҳбатам гуногунрангии сарвати фарҳангии бонувони шаҳру навоҳии вилоят боиси ҳайрат ва таваҷҷӯҳи бинанадагон гаштааст. Агар бонувони дарвозӣ бо зардӯзиву гулдӯзӣ, куртаи чакандӯзиашон машҳур бошанд, бонвони ванҷӣ дар омода намудани таомҳои миллӣ ҳамто надоранд, қолину палосҳои бофандагони Мурғоб бинандаро ба ҳайрат мегузорад. Бонувони Рушону Шуғнон ва Хоруғ бо намадрезиву ҷӯроббофӣ ном баровардаанд. Дар Роштқалъа бонувон бештар ба маҳсулоти аз мӯинаи бузи ангорӣ тайёршуда бартарӣ медиҳанду тоқӣ ва миёнбанду гарданбанди арӯсиву домодии ҳунармандони ишкошимӣ дар дохилу хориҷи кишвар харидорони зиёде дарёфтааст.
Тахайюли бою рангини бонувонро дар ҳар намунаи эҷодашон дарёфтан мумкин аст. Танҳо дар як ҷуробҳои бадахшӣ, зиёда аз 70 намуди гулпартоӣ истифода мешавад.
Фаъол
Меҳрӣ Ғуломшоева занонро нерӯи аз ҳама муташаккил ва фаъоли минтақа мешуморад. Ӯ занонро дар рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ пешгом медонад ва мегӯяд, ки ҳеҷ як ташаббуси созандагӣ ва ободонӣ дар Бадахшон бе саҳми бонувон сурат намегирад.