Зимистон бонувони бадахшониро, ки одатан бештари вақташонро дар ҳавои тоза бо зироаткориву боғдорӣ ва ё дигар шуғлҳои рӯзгор дар замини наздиҳавлигиашон мегузаронанд, хонашин мекунад. Суханоро Алибахшева, сокини деҳаи Сучони ноҳияи Шуғнон, мегӯяд, ки ин хонашинии иҷборӣ барои бонувони ҳунарманд беҳтарин фурсатест, ки метавонанд маҳорату малака ва тахайюлро ба кор бурда, ҷӯробҳои рангаи пашмини помирӣ омода созанд. Бофандагон ҷӯробҳоро ба пайвандону меҳмонон туҳфа мекунанд ва ё ба бозор мебароранд. Ҳунармандони моҳир тозаву ресидани пашми гӯсфанду буз ва ранг кардани риштаҳоро дастӣ анҷом медиҳанд, аммо бархе аз риштаи тайёри ранга истифода мебарад. Дар Бадахшон се намуди ҷӯроб маъмул буд, аммо ҷӯробҳои то зону ва аз зону боло барои намоиш бофта мешаванду кӯтоҳ муд гардида бозорашон ҳамеша гарм аст. Онҳое, ки маҳсули бонувонро ба даст мегиранд, аз завқи баланд ва тахайюли бою рангинашон ба ҳайрат меоянд. Барои нақшу нигор зиёда аз 70 намуди гулпартоӣ бо номҳои «Шамшод ва алов», «Пайи нахчир», «Дарахтак», «Каждумак», «Пайи гунҷишк» ва ғайраҳо истифода мешаванд.
Ҳунармандони маҳаллӣ дар дӯхтани «пакол» ва ё тоқии помирӣ маҳорати махсус доранд ва аз фурсати хонашинии иҷбории фасли зимистон барои пур кардани буҷети оилавӣ самаранок истифода мебаранд. Паколҳо шакли гирд дошта, атрофи он бо шероз, ки аз рангҳои баланд ва равшан бофта мешавад, оро меёбад. «Гули нах-чир», «Гули товус», «Чашми булбул», «Тоҷи хурӯс», «Гули алов» ва «Қулфак» машҳуртарин нақшҳое мебошанд, ки дар шероз истифода мешаванд. Ҳар як оила барои шаҳмард ва ёваронаш тоқӣ фармоиш медиҳад ва аз сӯйи дигар паколи анъанавӣ солҳои охир байни ҷавонон муд мешавад ва паколи зебо бошад, ҳеҷ гоҳ бе харидор намемонад.
Сокини шаҳри Хоруғ, ҳунарманд Бибиноз Мирзоева мегӯяд, ки вақташро ба дӯхтани куртаҳои занона ва мардонаи миллӣ сарф мекунад. Зеро бо фаро расидани фасли баҳор ва Наврӯз талабгорони куртаҳои қадима, ки аз матои сафеди пашмин- рағза дӯхта мешаванд, меафзояд. Куртаҳое, ки ҳунармандон аз чити зард, сурх ва ё карбоси сафед медӯзанду гиребонашонро бо шерозаи гулдор оро медиҳанд, ба тан зебанда ва шинаманд. Ба гуфти масъулони шуъбаи фарҳанги шаҳр чанд сол қабл дар рӯзҳои ҷашн ҷавонон либосҳои миллиро аз театр ва шуъбаи фарҳанг ба орият мегирифтанд. Алҳол ҷавонон дар хона нигоҳ доштану дар рӯзҳои хурсандӣ ба тан кардани либоси қадимаро ифтихор медонанд. Ба гуфти Бибиноз соли гузашта беш аз 200 фармоишро ба иҷро расонда, сафи муштариёнаш боз ҳам бештар шудааст.
Бархе аз модароне, ки духтаронашонро ба шавҳар баровардан мехоҳанд, ба намадрезӣ омодагӣ мебинанд.Намадро дар рӯзҳои гарми баҳор ва тобистон мемоланд, вале тайёр кардани ашёи хом вақти зиёдро мегираду зимистон барои ин кор мувофиқ аст. Намадрез пашми бузу гӯсфандро ҷамъ оварда, тоза мекунад ва дар рангҳои гуногун меҷӯшонад. Расм аст, ки арӯс ба хонаи домод бо намади пурнақшу нигор равад ва барояш ифтихор аст, агар ин намад маҳсули ҳунари модар бошад ва он чун муқаддасоти хонаводагӣ ҳифз мешавад.
Бонувон сарватҳои табиат ва кишоварзиро барои тайёр кардани таом ва хӯришҳои гуногун моҳирона истифода мебаранд. Дар зимистон деги оташдон ҳамеша дар ҷӯш асту кадбонуро ба сӯи хеш мехонад, вале имкониятҳои пухтупази анвои серғизо камтар мегардад. Ба хотири рангоранг оростани дастархон бонувон ғизои миллӣ мепазанд.
Дар ҳар хонавода аз орди гандум ва ё бодинҷон даля, омоч ва боҷ таҳия мешавад, ки барои қувват гирифтан ва рафъи бемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва сармозадагӣ муфид маҳсуб мешаванд. Коче- намуди дигари таом аст, ки аз об, намак ва орди гандум омода мегардад. Ин ғизои маросимиро фасли баҳор ҳангоми ҷуфтбаророн тайёр намуда, луқмае аз онро ба пешонаи барзаговҳо мемолиданд, то баракат зиёд ва ҳосил фаровон шавад. Аз зардолуи хушк бо омехтаи орд ва қанд атолаи зардолу ё ношхухпа мепазанд.
Пештар расм буд, ки аҳли оила гирди танӯр менишас-танд ва бибӣ ё бобо қиссахонӣ менамуданду дигарон бо завқ гӯш меандохтанд. Дар хонаҳои ҳозиразамон танӯрро ба ҳавлӣ бароварданд ва ҷойи қиссагӯёнро телевизор гирифтаст. Бонувон бештар барномаҳои консертӣ ва сериалҳо тамошо мекунанд ва зимистон фурсатест, ки аз чашми шавқмандон ягон сериал хато намехӯрад.
Некбахтсултон Одинаева, сокини Хоруғ, мегӯяд, ки агар дӯстдорони оинаи нилгун пештар барои нафрат ба Албертои разилу сангдил ва ҳисси ҳамдардӣ ба тақдири Мариана ва Изавра ашк мерезонданд, алҳол сарнавишти Карану Абба аз сериалҳои ҳиндӣ онҳоро ба изтироб овардааст. Онҳо умедворанд, ки бо об шудани барф сериал ҳам поён меёбаду қаҳрамонони филм алорағми адоват ва душманиҳои ҷаноби Ҷекмохан Просат Сингх ба муроду мақсад мерасанд ва дили тамошобинонро дар баробари модарбузурги хонаводаи сингхҳо шод мегардонанд.
Шоира Зарнигор Муборакшоева мегӯяд, ки дарахти хаёлу андешааш аз чӣ бошад, ки умдатан фасли сармо гул мекунад ва беҳтарин шеърҳояш маҳз дар ин давра рӯйи коғаз меоянд.
Ба гуфти бонувони бадахшонӣ дар дигар фаслҳои сол ташвишу тараддудҳои рӯзгор зиёдтаранд, вале эҳсоси танқисӣ камтар аст. Зимистон тараддуд камтар мешавад, вале гароншавии нархҳо бо баста шудани ағбаи Хобу Рубот ва танқисии маводи ғазо, сӯзишворӣ ва ему хошок барои чорво зиёдтар аз худ дарак медиҳад.