Омилҳои реша давондани никоҳҳои хешутаборӣ дар ҷомеаи суннатии мо зиёданд ва ҳамзамон таърихи қадима доранд. Агар ба қарнҳои гузашта рӯ биоварем, мебинем, ки миёни хешу табор чунин додугирифт раванди маъмулӣ маҳсуб мешуд, зеро аз як ҷониб фақр ба аксари оилаҳо имкон намедод аз хонаводаҳои дигар арӯс интихоб ва маҳри мавҷударо пардохт намоянду аз суйи дигар пояи аслии давлатдорӣ, яъне дини мубини ислом ба анҷом шудани ин кор мусоидат мекард.
Замони шӯравӣ бо баланд гардидани сатҳи зиндагӣ никоҳи байни хешу табор ба тадриҷ коҳиш ёфт, аммо пурра аз байн нарафт. Шароити хуби зиндагӣ ба мардум имкон медод аз оилаҳои дигар, аз навоҳии дигар ва ҳатто аз кишварҳои дигар арӯс гиранд. Издивоҷи байни қавмҳо ва миллатҳо бе шак натиҷаҳои мусбат ба бор меовард.
Бо коҳиш ёфтани иқтисод ва пойин рафтани сатҳи зиндагӣ ин раванд дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфт ва имрӯз дар иртибот ба никоҳи хешутаборӣ сару садоҳо зиёданд. Гуруҳе аз чунин издивоҷ ҷонибдорӣ менамоянд ва бархе ҳам муқобиланд. Гуруҳе сабаби ба дунё омадани фарзандони носолимро дар никоҳи хешутаборӣ мебинанду баъзе ҳам ин назарро инкор месозанд. Бархе мегӯянд, ки аз назари ислом чунин никоҳ ҷойиз нест ва баъзе ҳам ин андешаро ботил мехонанд.
Саъдӣ Ворисов, коршиноси масоили динӣ, дар ин маврид чунин изҳори назар мекунад: «Дар масъалаи издивоҷ дини мубини ислом хешу таборро ба ду гуруҳ тақсим намудааст. Якум гуруҳе, ки бо онҳо издивоҷ дурусту ҷоиз аст ва дувум гуруҳе, ки бо онҳо издивоҷ намудан барои марди муъмин ҳарому ноҷоиз. Вақте ба ин ояти қуръонӣ таваҷҷуҳ мекунем, масъала бароямон равшантар мешавад. Худованд мефармояд:
“Никоҳи инҳо бар шумо ҳаром шудааст: модаронатон, духтаронатон, хоҳаронатон, аммаҳоятон, холаҳоятон, духтарони бародар, духтарони хоҳар, модароне, ки шуморо шир додаанд, хоҳарони ризоии (ширии) шумо, модарони ҳамсаронатон, духтарони ҳамсаронатон, ки дар домони шумо парвариш ёфтаанд ва бо он ҳамсарон ҳамбистар шудаед ва агар бо онҳо омезиши ҷинсӣ надоштаед, духтарони онҳо барои шумо монеъ надоранд ва ҳамчунин ҳамсарони писаронатон, ки аз насли шумо ҳастанд ва ҷамъи миёни ду хоҳар, магар он чӣ дар гузашта воқеъ шуда бошад ва худованд омурзанда ва меҳрубон аст "
(Сураи Нисо, ояти 23).
Аз рӯйи ин оят марди мусулмон метавонад бо духтари амма, духтари хола, духтари тағо, духтари амак издивоҷ кунад. Аммо ин пайвандҳоро Ислом ҳатмӣ накардааст. Дар умум доираи интихоби ҳамсар барои як марди мусулмон хеле васеъ аст. Аз хешони наздик чун духтари амаку амма шуруъ шуда, то духтарони бегона ва на танҳо дар доираи Ислом, балки ҳатто метавонад аз духтарони динҳои масеҳияту яҳудият низ барои худ ҳамсар интихоб кунад».
Мавҷуда Шифоева, мудири Дармонгоҳи машваратию ташхисии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва парантологии шаҳри Душанбе, дар ин маврид мегӯяд: «На дар ҳама ҳолатҳо аз никоҳи хешу табор фарзанди носолим таваллуд мешавад. Ҳар шахс дар организми худ генҳои барандаи бемориҳои гуногунро дорад, ки дар натиҷаи бордор шудани ин генҳо фарзанди носолим таваллуд мегардад. Оилае, ки никоҳи хешутаборӣ дорад, метавонад як фарзанди носолим ва чанд фарзанди солим дошта бошад. Агар дар оянда фарзандони солим бо хешу табор ақди никоҳ банданд, фарзандони носолим таваллуд мешаванд. Зеро онҳо зоҳиран солим бошанд ҳам, барандаи генҳои бемор мебошанд. Сабабҳои таваллуд шудани фарзандони носолим гуногунанд. Зиёда аз 5 ҳазор намуди нуқс вуҷуд дорад ва тарзи пайдоиши онҳо низ гуногун аст. Бемориҳое, ки бештар дар натиҷаи никоҳи байни хешу табор дида мешаванд, инҳоянд: микросефалияи якумин - андозаи косахона ва майнаи сар хурд буда, камақлӣ дида мешавад. Хондродистрофияи ирсӣ – дасту пой кӯтоҳ мешаванд. Ва ихтиоз – ба ҷойи пӯсти солим пулакчаҳо дида мешаванд. Ин гуна навзодон баъд аз таваллуд мефавтанд.
Роҳи пешгирии чунин бемориҳо манъ кардани никоҳ байни хешу табор мебошад ва аз падару модарон вобастагӣ дорад».
Агар ба таърих муроҷиат намоем, бароямон рӯшан мегардад, ки қавму миллатҳои дигар ҳам ба чунин мушкилот рӯ ба рӯ гардидаанд ва барои ҳаллу фасл намудани он аз роҳҳои мухталиф истифода бурдаанд. Масалан, аксар шоҳони аврупоӣ ва ҳам шарқӣ барои давом додани насли солим аз кишварҳои дигар арӯс интихоб мекарданд. Бо ин роҳ хун тоза гардида, насли солим ва зебо ба дунё меомад.
Баъзе руҳониён дар ҷараёни суҳбат чунин ибрози назар мекунанд, ки Расули акрам(с) дар ҳадисе фармудааст, то мусалмонон на аз пайвандони худ, балки аз бегонагон арӯс интихоб намоянд. Дар посух ба ин Саъдӣ Ворисов мегӯяд: «Ба як эътибор дини мо дини оиладориву сарҷамъист. Издивоҷи дурусту ҳалоле, ки боиси мустаҳкамӣ, устуворӣ ва пойдории як оила ва хонадон мешавад, мақсуд ва ҳадафи дини Ислом аст. Зиёд тафовут намекунад, ки оила дар доираи хешу табор сохта шудааст ва ё бо ғайри хешу табор. Бо дур издивоҷ кардан масъалае ҳаст, ки дар фармудаҳои ҳазрати Расули Худо (с) омадааст ва амри писандидаву тарғибшудае ҳаст, аммо, агар мо ба издивоҷҳои хонаи Пайғамбар назар афканем, мебинем, ки худи ҳазрати Расули акрам (с) аз хешу табор ҳамсар доштааст ва ҳам ҷашнҳоеро, ки баргузор намудааст, дар доираи наздиконаш будаанд.
Яке аз ҳамсарони ҳазрати Муҳаммад (с) Зайнаб бинти Ҷаҳш духтари аммааш будааст ва инчунин он бузургвор духтаронаш Руқияро ба писари амакаш Утба ибни Аби Лаҳаб ва духтараш Умми Кулсумро низ ба писари амакаш Утайба ибни Аби Лаҳаб ба шавҳарӣ додаст. Духтари дигараш Зайнабро Пайғамбари Худо ба писархолааш бо номи Абилъос ибни Рабеъ ва Фотимаро ба Алӣ ибни Абитолиб, ки ҳам писари амак ва ҳам парвардаи худ ба издивоҷ дод. Ҳосили ин издивоҷҳо на танҳо проблемаҳои генетикӣ надошт, балки беҳтарин қаҳрамонҳои таърихи исломро ба бор овард. Ҳамзамон бо ин ки дар доираи хешу табор издивоҷ карданро Ислом ҷоиз медонад, барои аз дур ҳамсар гирифтан низ чунин мақом додааст».
Мавҷуда Фатҳуллоева, гинеколог ва табиби пуртаҷриба, ки дар чанд кишвари араб фаъолият намудааст, чунин ибрози андеша менамояд: «Ҳамчун мутахассиси соҳа таъкид мекунам, ки издивоҷи хешутаборӣ оқибатҳои сангин ба бор меорад. Дар ҷумҳурӣ тифлони бемори зиёдеро дидан мумкин аст, ки дар натиҷаи никоҳи хешу табор ба дунё омадаанд. Мо, табибон, инро «хизмати хирсона» -и волидон меномем. Аксар зодмандон оқибатҳои зишти чунин издивоҷро дидаву дониста, аз байни хешони худ арӯс интихоб мекунанд. Ба фикрам, чунин издивоҷҳо аз давраҳои хеле қадим ба мардуми мо «мерос» мондаанд. Мо низ хуб медонем, ки аз байн бурдани баъзе расму одатҳои қадима хеле мушкил аст, зеро бисёр оилаҳо аз сабаби нодорӣ ва камбизоатӣ чунин иқдом мегиранд. Ба чунин хонаводаҳо мафҳуми ишқу муҳаббат бегона буда, онҳо ҳатто хоҳиши фарзандонро ба инобат нагирифта, иҷборан ҷашни арӯсиро созмон медиҳанд. Зарари дигари чунин издивоҷҳо дар он аст, ки ҳангоми пеш омадани мушкил на танҳо оилаи ҷавон аз ҳам мепошад, балки бунёди хешутаборӣ аз байн меравад. Пешниҳод менамоям, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои пеши роҳи чунин никоҳҳоро гирифтан, қонуни махсусе ба тасвиб расонад».
Дар баробари ин, баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки сабаби афзоиш ёфтани никоҳи хешутаборӣ на танҳо дар фақру камбизоатӣ нуҳуфта аст. Ба андешаи онҳо баъзе оилаҳои дорову сарватманд ба хотири ба дасти бегона нарасидани амволу тиҷорати худ, махсус духтарони хешро ба табор ва писаронро низ ба пайвандонашон издивоҷ медиҳанд.
Дар ҳар сурат аз суҳбат ва гуфтаҳои мутахассисон бармеояд, ки ҷиҳатҳои манфии никоҳи хешутаборӣ нисбат ба паҳлуҳои мусбаташ бештаранд. Илова бар ин, ҳадафи калидии ҳар давлат, қабл аз ҳама, солимии миллат аст. Ба андешаи коршиносон никоҳи хешутаборӣ аз ду сарчашма об мехӯрад: фақри моддӣ ва маънавӣ. Дар баъзе кишварҳои аз назари иқтисод ақибмонда ва ҷангзада, ба мисли Афғонистон чунин никоҳҳо дар ҳоли афзоиш буда, дар ҳолати ҷамъ накардани маҳри арӯс ду хонавода ба ҳам писару духтар дода, ба қавле ҳисоби худро баробар мекунанд. Як ҷанбаи мусбати ин издивоҷ дар он аст, ки агар оилаҳои камбизоат аз чунин роҳ фарзандони худро хонадор насозанд, онҳо метавонанд то поён ёфтани умр лазати ин меваро начашида, дунёро дар танҳоӣ, бе доштани ҳамсару фарзанд тарк кунанд. Агар дар назар дошта бошем, ки дар ҷаҳон имрӯз миллионҳо одамон камбизоат маҳсуб мешаванд, инро метавон ҳамчун як амри хайр унвон кард.
Дар мамлакатҳои пешрафтаи Осиё ва Аврупо чунин раванд тақрибан аз байн рафтааст. Дар ин кишварҳо имрӯз никоҳҳои ба истилоҳ «қарордодӣ» роиҷ гардидаанд. Ба хотири таъмини ояндаи худ зану мард вақти никоҳ қарордодеро ба имзо мерасонанд, ки вақти аз ҳам пошидани оила молу ашёи хона тибқи нишондоди ин созишнома миёни онҳо тақсим мегардад.
Эмомалӣ Сайидамирзод