Гунаҳгор кист?
Имрӯз аксар дар бораи коҳиш ёфтани ахлоқи духтарони тоҷик бо дард тариқи садову симо ва матбуоти даврӣ ҳарф мезананду сарчашмаи ин падидаи номатлубро меҷӯянд. Бархе ҳадс мезананд, ки гаравидан ба фарҳанги Ғарб ва дур мондан аз арзишҳои миллӣ, духтаронро беодоб кардаасту дигарон волидон ва мактабу ҷомеа ё ба қавли маъмул муҳитро айбдор меҳисобанд. Дар натиҷа шахси холис ва шунавандаи ин айбномаҳо ҳайрон мемонад, ки масъули тарбияи духтарон кист?
Духтар фарзанди навъи дуюм?
Аз касе пӯшида нест, дар байни мардуми авом як ақидаи нангине арзи вуҷуд дорад, ки духтарро моли мардум ва писарро соҳиби мурдаю зиндаи волидон меҳисобанд. Ҳол он ки дар аксари маврид духтар нисбати падару модар меҳрубонтар аст, зеро инро табиати ирсии эшон тақозо мекунад. Як андеша дар зеҳни мардуми мо сахт нақш бастааст, ки духтар шавҳар карда мераваду аз пайи зиндагии худаш мешавад, писар дар пирӣ асои дасти падару модар мегардад. Бисёр вақт барои ба дасти «соҳиб» бе «нуқсон» супурдани «мол» падару бародарон мекӯшанд, ки монеи саводомӯзии духтарон гарданд. Зеро ба бисёрҳо духтарҳои хондагӣ маъқул нестанд. Духтари бесаводу бемаърифат ҳар як чизи ба ӯ маъқулро новобаста ба паҳлуҳои мусбату манфияш зуд қабул мекунад. Домани андешаи баъзеҳо чунон кӯтоҳ аст, ки гумон доранд издивоҷи бобарор охири зиндагии зан аст. Онҳо ҳатто ба гӯшаи хотир намеоранд, ки хонадоршавӣ метавонад оғози бадбахтии духтар гардад! Шумо тасаввур кунед, аҳволи бонуеро, ки издивоҷаш бебарор анҷом меёбаду боз ба хонаи падар бармегардад, аммо на маълумоти олӣ дораду на касбу ҳунаре. Аз ҳама бадтар он аст, ки пушти пардаи сиёҳи талоқ тифлакон бошанд.
Назаре ба гузашта
Дар бораи тарзи оиладории тоҷикон аз аҳди қадим то замони мо маълумоти дақиқе нарасидааст, аммо аз рӯйи осори таърихии баъдина маълум мегардад, ки занҳо баробари мардон дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок мекарданд. Таърихшиноси Юнони Қадим Ҳеродот дар бораи малика Томирис нақл мекунад, ки вай сарлашкари моҳире буда, бо роҳбарии ӯ қабилаи массагетҳо ба муқобили ҳахоманишиҳо баҳри истиқлолият мубориза бурда, онҳоро шикаст медиҳанд. Дар асарҳои таърихшиносони Юнони Қадим омадааст, ки дар Осиёи Миёна занҳо баробари мардон санъати ҳарбиро меомӯхтанд, онҳо дар аспсаворӣ ва камонандозӣ хеле моҳир будаанд. Мувофиқи маълумоти таърихшиносон қабилаи саккоиҳо анъанае доштанд, ки мувофиқи он номзадҳо (домоду арӯс) пеш аз издивоҷ бояд қувваозмоӣ мекарданд. Агар домодшаванда арӯси худро мағлуб мекард, ҳуқуқи ба ӯ хонадор шуданро пайдо менамуд. Чунин маълумоти таърихшиносон аз он шаҳодат медиҳанд, ки байни аҷдоди мо аз замони қадим ҳуқуқи зану мард баробар будааст. Шояд омӯхтани таърих моро водор кунад, ки духтарро фарзанди навъи дуюм наҳисобем?
Тарбияи духтар масъулият мехоҳад
Духтарони навраси имрӯз модарони фардоянд ва тарбияи тарбиятгарони фардои миллату меҳан масъулияти хосса мехоҳад. Пеш аз ҳама, аз овони кӯдакӣ бояд ба духтарон хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, шарму ҳаё ва ҷасоратро омӯзем. Дар зеҳни онҳо, ки чун оина поку муҷаллост, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллат ва покию нафосатро ҷо намоем. Баъзе волидон пас аз бекор намудани ақди никоҳ тарбияи фарзандро ба як тараф ҳавола мекунанд, ки ин бемасъулиятии маҳз аст. Боиси хурсандист, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ин гуна волидони ғофилро водор менамояд, то новобаста аз ҷудо зиндагӣ кардан, аз тарбияи фарзанди хеш бехабар набошанд. Дар моддаи шаши боби 1-уми қонуни мазкур омадааст: «Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд.»
Аз духтари хушодоб то зани шоиста
Ҳазрати Пайғамбар (с) зани шоистаро давлати мард ҳисобидааст. Аммо зиндагӣ худ гувоҳ аст: тарбияи зани шоиста аз домани модаре ибтидо мегирад, ки аз фарҳанги хонадорӣ ба хубӣ огаҳӣ дорад. Пас ӯро қабл аз ҳама савод ва ҷаҳонбинии солим зарур аст. Модаре, ки аз маърифат бӯй набурда бошад, метавонад дар тарбия дастболо шавад? Албатта, не. Бинобар ин, дар ҷумҳурӣ барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани духтарон як қатор қонуну қарорҳое ба тавсиб расиданд, ки онҳо ҳама бозгӯйи ғамхорӣ нисбати бонувон мебошанд. Сарвари мамлакат дар ҳар сафараш ба манотиқи гуногуни кишвар ба тарзи зисту зиндагии занҳо диққат дода, баландбардории мақоми бонуи тоҷикро дар ҷомеа зикр мекунад. Дар ҷавоб ба ин пуштибониҳои падаронаи Президенти кишвар меҳнати босамар мебояд, зеро гуфтан дигар асту амал кардан дигар. Аз духтараки наврас ба камол расонидани зани шоиста меҳнати сангин аст, аммо хизмати арзандаест ба миллату ватан!
Ҷавҳари Саидназар