Дар ҳар сурат, вақте сарбозони шӯравӣ ин қисмати Бухорои Шарқиро ғасб намуданд, зиндагии мардум дар сатҳи хеле пойин қарор дошт. Тайи ҳафтод соли ҳукумати шӯравӣ дар ин минтақа шаҳрҳои зиёде сохта шуд, ки калонтарини онҳо пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе маҳсуб мешавад. Душанбе дар муқоиса бо мегаполисҳои ҷаҳонӣ шаҳри калон набошад ҳам, хеле сабз, муосир ва зебо буд. Аксари саёҳони шӯравӣ баъд аз дидани пойтахти Тоҷикистон онро Шветсарияи кӯчак меномиданд ва мо, ҷавонони вақт, сокинони он бо чунин номгузорӣ шудани пойтахтамон ифтихор мекардем.
Новобаста ба кӯчак будан Душанбе яке аз марказҳои саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд. Дар он чандин заводу корхонаҳои бузург фаъолият доштанд, вале новобаста ба он, аз назари зистмуҳитӣ пойтахт ҷаззоб буд ва мардум дар якҷоягӣ бо масъулин барои дар сатҳи лозима нигоҳ доштани он талош меварзиданд.
Ҳафтод сол хоҳ –нохоҳ дар тамаддун нақши бориз хоҳад дошт, аз ин рӯ, метавон гуфт, ки сокинони пойтахт шаҳрӣ шуда буданд. Як омили дигари он ҳамзистии миллатҳо, халқиятҳо ва қавмҳои гуногун маҳсуб мешуд, зеро аксари онҳо қаблан ҳам сокинони шаҳр буданд ва бо тақозои тақдир ба Душанбе кӯч баста буданд.
Зиндагӣ печудорҳои мухталиф дорад ва дар ҷараёни он баъзан миллате пешрафт ва дар бархе ҳолат ҳам фарҳанги он коста мегардад. Манзур аз ин гуфтаҳо ҳаводиси солҳои 90 –ум аст. Дар ҷараёни ин ҳаводис бахше аз мардуми шаҳрӣ кӯч баст ва ба ҷойи онҳо сокинони деҳот омаданд.
Зимистони имсол чандон сард наомад ва барфи бисёр ҳам наборид, аммо моҳи декабр барф заду он барои муддате дар замин ях баст. Рӯзе дар маркази шаҳр бояд нишасти матбуотие баргузор мегардид. Бо иллате соати баргузории он ба таъхир уфтод. Ба хотири «кӯр» кардани вақт соате дар хиёбонҳои марказӣ қадам задам. Ин «қадамзанӣ» бароям хеле гарон афтод, зеро замин ях баставу хеле лағзон буд. Мардум мекӯшид то ҳадди имкон пиёда роҳ нагардад, аз ин рӯ, дар истгоҳҳо ва чаҳорроҳаҳо шахсони зиёде рост меистоданд. Ҳар чӣ бештар роҳ мегаштам, тааҷҷубам зиёдтар мешуд. Одат шудааст, ки вазоратхонаҳо маъмулан дар кӯчаҳои марказӣ дафтар мегиранд, то дар ҳолатҳои зарурӣ барои таҳияи аснод вақт зиёд масраф нагардад. Тааҷҷуби ман аз он буд, ки пиёдагардҳои назди вазоратхонаҳо, ки на камтар аз 50 -100 метрро ташкил медоданд, ончунон яхбандӣ шуда буданд, ки бо ҳаракати ноҷо ва ё саросемае роҳгузар ба осонӣ метавонист дар ях лағзида, ба замин афтад ва дасту пояш шикаста гардад. Бевосита ба худ суол медодам, ки наход вазир ва ё муовинони ӯ ва ё ҳар шахси бомаданияти дар ин идора кор мекарда, чунин вазъро дида, бетафовут монад? Наход тоза кардани барфи пиёдароҳи ҳудуди вазорат ва ё идора чандон кори мушкил бошад? Чаро мо аз шаҳрдорӣ ва ё мақомоти дигар менолему худамон кори маъмулиеро анҷом намедиҳем? Наход вазир ва ё роҳбари як идораи давлатие мунтазир шавад, ки кай кормандони бахши коммуналӣ омада роҳрави онҳоро аз барфу ях тоза мекунанд? Ку масъулият? Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз дар аввали тирамоҳ масъулини шаҳрдории Душанбе дар саҳафоти васоити ахбори омма иттилоъ медиҳанд, ки барои зимистонгузаронӣ тамоми васоити фаннӣ омода гардидааст. Бароямон мушаххас гардидааст, ки гуфтаҳо чандон эътибор надоранд ва танҳо барои ҳисобот додан дар назди мақомот гуфта мешаванд.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки сокинони пойтахт дар чунин маврид чӣ гуна вокуниш зоҳир менамоянд? Бо итминон метавон гуфт, ки ҳич! Рафтори аксар шаҳрвандони Душанбе ба роҳгузар шабоҳат дорад. Маънии ин вожа саҳеҳ аст. Ӯ аз хиёбон мегузарад, агар ин хиёбон зебову тамиз аст, ҷойе онро таърифу тавсиф хоҳад кард, агар касифу нодиданист, талош мекунад, дигар аз он убур накунад. Хеле хуб. Аммо мо, сокинони шаҳр, барои чӣ шабеҳ ба роҳгузар бояд бошем? Оё ин маҳалла, ин хиёбон ва ниҳоят ин шаҳр макони зисти мо нест?
Дар қисматҳое, ки офтоб аз субҳ ба он гармӣ мебахшад, барф зуд об шуд, аммо дар дигар қисматҳои пойтахт барф бо иллати сардии ҳаво ях баст. Назди хонаҳои баландошёна ончунон яхбандӣ гардид, ки дар фосилаи 50- 100 метр занону бачаҳо чандин бор лағзида, ба рӯйи ях меафтиданд, аммо мардони маҳалла ба ин манзара бетафовут менигаристанд, гӯё ин тифлон фарзандони онҳо ва ин бонувон ҳамсарони онҳо набошанд. Иллати ин гуна муносибат ва рафтор бо наздикон ва шаҳру маҳалли зист адами фарҳанги шаҳрдорист. Мо бояд ин мушкилро дарк намоем ва барои ҳаллу фасл кардани он бикӯшем.
Рӯзе бо ҳамсоя белу мисрон гирифта, ба шикастани яхи роҳ ва тоза кардани барф шуруъ намудем. Хона аз 7 бахш иборат аст ва дар ҳар бахши он 36 оила зиндагӣ мекунад. Ҷамъулҷамъ хона аз 252 оила иборат аст. Агар як мардӣ дар ҳар оила бошад, 252 , агар се мардӣ бошад, 756 мард дар ин хона ба сар мебарад! Хонандаи гиромӣ, ҳич тасаввур мекунӣ, ки аз 756 мард нафаре омада, ба мо даси ёрӣ дароз накард! Ду соат, то обила кардани кафи дастон талош намудему ноилоҷ ба манзил баргаштем. Эҳтимол хонанда бипурсад, ки шояд ҳамсояҳо аз ин кори мо хабар наёфта бошанд? Хабар доштанд ва аксари онҳо моро диданд, аммо боз ҳам ҷойи таҳайюр ин аст, ки на танҳо «Худо ёратон» нагуфтанд ё белу мисронро аз дастамон нагирифтанд, балки баъзе дуртар, тақрибан 15 метр онтарафтар, рӯйи харак нишаста суҳбат оростанду баъзе ҳам мисли бегона ба рӯйи яхи кандаи мо қадам гузошта, аз пайи кори худ рафтанд. Чунин муносибатро тасаввур кардан мушкил аст? Оре, сахт аст, вале ин воқеияти рӯз аст!
Гузашта аз ин, бо кӯтоҳ омадани зимистон имсол баҳор зудтар ба ҷумҳурӣ омад. Тибқи маъмул баъд аз гузаштани зимистон ва об шудани барфу ях кӯчаву хиёбонҳо касиф мешаванд. Аммо аксар шаҳрвандони Душанберо ба ин коре нест. Гӯё меҳмон бошанд. Суоле пеш меояд, ки суннатҳои қадима ва пурарзиши ниёкони мо куҷо рафтанд? Чаро бо ибтикори худ, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони идораҳо ва вазоратхонаҳо рӯзҳои таътил ва истироҳат ҳашар намекунем? Чаро бо дастони худ маҳалла ва шаҳри худро намехоҳем ободу зебо гардонем? Барои чӣ фасли ниҳолшинонӣ расидаву мо ҳамоно оромем? Ин ҳам дар ҳолест, ки вақте барф зиёдтар мебораду шохи дарахтҳо аз бори вазнин мешикананд, аксар сокиниони шаҳр субҳи содиқ табар дар даст ба ҷойи шохи шикаста дарахтонро аз бех мебуранд. Ва воқеияти талхи дигар ин аст, ки баъзе шаҳрвандон аз фурсат истифода намуда, вақти буридани шохаҳо, дар ҷойи нонамоёне бар тани дарахти сиҳат ва ҷавон чанд табар мезананд, то бо вазиши нахустин шамол ва ё ҳатто насиме ин дарахт ба замин афтад. Бо ин роҳ онҳо на ҳазинаи дарахтро пардохт мекунанд ва на аз ҷониби идораи зистмуҳит ҷарима мешаванд.
Хуш ба ҳоли миллате, ки бо дороиҳои худ ва мероси фарзандон чунин муносибат дорад! Ин амал ва рафтори бархе аз шаҳрвандон ва хомӯшиву бетарафии мо аз ваҳшонияти Чингизу Темури ланг чӣ фарқе дорад?
Шаҳрдории Душанбе дар моҳи март чанд ҳашареро барои истиқболи Наврӯзи хуҷиста дар назар гирифтааст. Ин иқдом шоистаи таҳсин аст, аммо чаро мо бояд мунтазири амри шаҳрдор ва ё ибтикори Президенти кишвар бимонем, то ниҳол шинонему хиёбонҳоро тамиз намоем. Шояд аз имрӯз даст ба тозакорӣ ва поксозии маҳалла ва шаҳр бизанем? Шояд ниҳоят вақт расидааст, ки худро соҳибватан эҳсос намоем? Ватандории хешро на танҳо бо сухан, балки бо амал нишон диҳем? Шояд аз ин тариқ фарзандони мо ба шаҳру меҳани хеш бештар эҳсоси меҳру масъулият пайдо кунанд?
Таъсири амал аз гуфта болост.
Эмомалӣ Сайидамирзод