Омӯзгорони мактабе, ки Бахтигул Мустапалиева дар он дарс медиҳад, мегӯянд, дар симои ин бону азму талоши мутахассисони ҷавонро мебинанд , ки мехоҳанд дар кору зиндагӣ мавқеашонро муайян кунанд ва пайроҳаи хоси худашонро дошта бошанд. Раиси ноҳия Чоошбай Мурзабаев изҳор дошт, ки мақомот тарбияи кадрҳои ҷавонро аз авлавияти вазифаи хеш мешуморад ва ин ҷанбаи фаъолият натиҷаи босамар дода, кадрҳои фаъолу ташаббускори ҷавон дар риштаҳои гуногун бештар мешаванд.
Бахтигул пас аз хатми донишгоҳи омӯзгорӣ имкон дошт, ки шаҳрнишин шавад, вале ӯ ба зодгоҳаш баргашт.
«Олами орузҳои кӯдакӣ ва наврасӣ рангин аст. Омӯзиши забони Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ интихоби тасодуфӣ набуд. Ман чун ҳар як кӯдаки қирғизтабори ноҳия дар рӯҳияи эпоси Манас тарбия ёфтаам. Дар хонаводаи мо дар баробари ин достони қаҳрамонӣ, ки дар он дӯстии халқи қирғизу тоҷик васф шудааст, ба осори классикони тоҷик таваҷҷуҳи зиёд доштанд.Таъсири муҳити хонаводагӣ боис шуд, ки ман дар мактаб забонро хуб аз худ кунам ва донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ гардам», – мегӯяд Бахтигул.
Акнун омӯзгор забони давлатиро ба талабагон меомӯзонад. Дар ноҳияи Мурғоб омӯзгорони хуби забон кам нестанд, вале барои Бахтигул, ки забони қирғизӣ ва тоҷикиро хуб медонад, забономӯзӣ осонтар аст ва шогирдон ҳам шеваи дарси ин муаллимаро писандидаанд.
– Барои омӯзондани забони давлатӣ ба талабагон устод набояд аз усули маҷбуркунӣ истифода барад, зеро чунин шева метавонад шавқи забономӯзиро дар дили кӯдак кушад. Баръакс, омӯзгор бояд тавре таълими забонро ба роҳ монад, ки дар дили хонандагони хурдсол шавқу завқи омӯзиши забонро бедор созад, онҳоро ба ҷустуҷӯи мустақилона ва омӯзиши забон ҳидоят кунад, –изҳор медорад омӯзгори ҷавон.
– Омӯзгори ҷавон нозукиҳои забонро хуб дарк мекунад, бо тайёрии пухта машғулият мегузаронад ва бо усули шавқангези таълим дар забономӯзӣ муваффақ шудааст. Ба таври фаровон аз воситаҳои аёнӣ ва тасвирӣ истифода бурда, тавонистааст, ки муҳаббат ба забонро дар дили хонандагон ҷо намояд. Натиҷаи санҷиши шуъбаи маорифи ноҳия нишон дод, ки сатҳи забондонии талабагони ин омӯзгори ҷавон баландтар аст, – баён дошт Мирзобек Кенҷаев, сарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и ноҳияи Мурғоб.
Аммо омӯзгори ҷавон ба дониши андӯхтааш иктифо карданӣ нест ва ба уфуқҳои нави илму дониш роҳ меҷӯяд. Дар хонавода изҳори норизоият мекунанд, ки аллакай чанд ҷавон барои Бахтигул хостгор фиристодаанд, вале ӯ ҳанӯз дар фикри шавҳар нест ва нақшаву ниятҳои худро дорад.
Бахтигул мегӯяд, ки ба хотири муҳаббати ҳақиқӣ тайёр аст «малика»-и дуртарин чӯпон гашта, сариштаи рӯзгорро ба уҳда гирад. Аммо айни ҳол вай бо азми тамому саъйи комил ба такмили донишу малакааш машғул буда, ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва чинӣ пардохтааст. Бахтигул мехоҳад ба ҳайси як мутахассиси хуби забондон ташаккул ёбад ва бовар дорад, ки дар чорсӯи муносибатҳои бозаргонӣ ва сайёҳӣ қарор доштани минтақаи Мурғоб имконияти бештари баҳрабардорӣ аз донишу малакаро барои ҳар як мутахассис фароҳам месозад.
Ба андешаи ӯ таваҷҷуҳ ба мутахассисони ҷавон, таъмини онҳо бо манзили истиқоматӣ ва ё ҷудо намудани замин барои сохтмони хона, фароҳам сохтани дастрасии имтиёзнок ба сандуқи қарзи бонкӣ боиси ҷилавгирӣ аз муҳоҷират байни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба кор , ба вижа дар деҳот мегардад. Муҳити хубу созанда дар ташаккули ҳирфавии шахс ва мавқеи фаъоли иҷтимоиаш мусоидат мекунаду муҳити носозгор қалби ҷавонон ва парвози андешаҳоро мешиканад.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб мегӯянд, ки солҳои охир барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон талошҳо зиёданд. Бахусус, бо истифода аз Квотаи президентӣ халои норасоии мутахассисонро дар бисёр риштаҳо пур карданд. Дар макотиби ноҳия тадриси забони давлатӣ бидуни мушкилот ҷараён дошта, бештари омӯзгорон мутахассисони ҷавонанд.
Коргузорӣ дар идораву муассисоти ноҳия пурра ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Волидайни талабагони макотиби ноҳия мегӯянд, ки хуб донистани забони давлатӣ имконияти корёбии фарзандонашонро зиёдтар мекунад ва бо дарки аҳамияти забондонӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши он афзудааст.
Ба гуфти сокини ноҳияи Мурғоб Султон Парманов барои хуб аз худ намудани забони ноби тоҷикӣ омӯзгороне ба мисли Бахтигул лозиманд, ки новобаста ба ҷавонӣ касби худ ва забони тоҷикиро сидқан дӯст медоранд ва онро бо муҳаббат ва самимият ба дигарон меомӯзонанд.
Ш.Мирзоҷалол