Дар шаҳри Истиқлол мактаби ҳирфавии рақс ташаккул меёбад ва обрӯву нуфузи он бо тайёр намудани раққосони соҳибҳунар беш аз пеш меафзояд.
Зиндагӣ дар ин шаҳр замоне бинобар якбора аз кор бозмондани як силсила корхонаҳои саноатӣ ва фалаҷ гардидани истеҳсолот якнавохту якранг гардида буд. Дар он даврон маҳз фаъолияти пайвастаи маҳфилҳои ҳунарӣ, аз ҷумла, маҳфили рақс дили мардумро ба зиндагии хубу шоиста гарм менамуд.
Қурбонгул Тангирова яке аз фидоиёни ҳунар буд, ки маҳфилҳоро бо рақси худ гарм медошт ва дигаронро барои омӯхтани асрори он ташвиқ мекард. Соли 1990 вақте ӯро пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 2-и шаҳри Истиқлол ба ҳайси сарвари пешоҳангон ба кор пазируфтанд, нахустин коре, ки кард, созмон додани маҳфили рақсӣ буд. Зеро аз синфи чаҳорум фаъоли маҳфили рақсии Хонаи фарҳанги шаҳр ба шумор рафта, таҳти ҳидояти муаллимаи рақс Людмила Голубкова нозукиҳои рақси миллиро аз бар карда буд.
Баъдан, вақте Қурбонгул дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳайси мудири бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва муовини мудири бахши фарҳанг фаъолият мекард, ҳамеша аз пайи он буд, ки мактаби рақс намирад.
Соли 2010 бо дастгирии раиси шаҳри Истиқлол Матлуба Сатторова дар назди Хонаи фарҳанг гуруҳи ҳунарии рақсии «Садбарг» таъсис ёфт. Алҳол он дар се зергуруҳ, яъне кӯдакони 5-9-сола, наврасони 9-14 сола ва духтарони 14-17 сола фаъолият мебарад.
Дастаи ҳунарии рақсии шаҳри Истиқлол соли 2005 дар фестивал-озмуни вилоятии «Русская песня» иштирок намуд, соли 2006 бо як барномаи рангини ҳунарӣ ба деҳаи Покровкаи вилояти Владимири Русия сафар намуда, дар ҷашни 228-солагии он ширкат варзидааст. Дастпарварони он Сабина Турсунқулова, Зарнигор Абдиева, Шаҳло Танабердиева, Замира Дӯстматова, Дилноза Раҳмонова, Қиматой Норчаева, Манзура Хидирова, Мӯниса Одилматова ва Фирӯза Самирова дар бисёр саҳнаҳо рақси миллии тоҷикиро муаррифӣ намудаанд.
Шогирдон дилҳоро тасхир мекунанд
Моҳи январи соли 2013 9 нафар раққосаҳои гуруҳи рақсии «Маҳастӣ»-и вилояти Суғд дар ҳайати як гурӯҳи бонуфузи рақсии кишвар бо сафари ҳунарӣ озими кишвари Австралия хоҳанд шуд. Миёни онҳо се нафар дастпарварони мактаби рақсии шаҳри Истиқлол низ ҳастанд, ки пас аз хатми мактаби миёна бо дастгирии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода шомили донишкадаҳои шаҳри Хуҷанд шуда, ҳамзамон дар гуруҳи рақсии "Маҳастӣ"-и назди Муассисаи давлатии "Кохи Рӯдакӣ"-и маркази вилоят фаъолияти ҳунарии хешро идома медиҳанд.
Замира Дӯстматова донишҷӯйи соли чаҳоруми факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров аст. Вай узви дастаи рақсии «Маҳастӣ» аст. Замира иброз медорад, ки ҳанӯз аз хурдсолӣ узви гуруҳи рақсии бачагонаи «Садбарг»-и шаҳри Истиқлол буд. Асрору нозукиҳои рақсро аз устодаш Қурбонгул Тангирова омӯхтааст.
– Вақте ба курси савум гузаштам, хостам он донишу малакаеро, ки аз устоди рақсам гирифтаам, сайқал бахшида мукаммал созам,– иброз медорад Замира. –Бинобар ин, аз таъсис ёфтани гуруҳи «Маҳастӣ» огоҳӣ ёфта, ба ин ҷо омадам. Рақсҳои маро раҳбари даста Нилуфар Тоҷибоева хуш пазируфт.
Манзура Хидирова донишҷӯйи соли дувуми факултаи момодоягии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд аст. Вай хурсанд аз он аст, ки ҳам таҳсилашро дар риштаи тиб идома медиҳад ва ҳам ҳунари рақсро дар назди устодон меомӯзад.
Қиматой Норчаева низ донишҷӯйи соли дувуми факултаи дорушиносии коллеҷи тиббӣ аст. Вақте Қиматой дарёфт, ки ҳамшаҳриёнаш Манзураю Таҳмина ва Замираю Дилноза ба гурӯҳи «Маҳастӣ» шомил шудаанд, тасмим гирифт бо онҳо бошад.
Сарвари гурӯҳи рақсии «Маҳастӣ» Нилуфар Тоҷибоева аз фаъолияти ҳунарии шогирдонаш, ба вижа, дастпарварони мактаби рақсии Истиқлол шод аст. Вай мегӯяд: «Ин духтаракони зебо аз ҳар ҷиҳат лоиқи таҳсинанд. Онҳо оқилаю доно ва хоксору меҳрубонанд. Ташаккуру сипос ба устоду волидайнашон».
Орзуҳо ва ниятҳои наҷиб
Қурбонгул Тангирова, ҳарчанд омӯзгор аст, пайваста аз пайи такмили донишҳои хеш дар бахши рақс мебошад. Вай соли 2010 бахши хореографии коллеҷи санъати шаҳри Хуҷандро хатм карда, имсол ба бахши хореографии факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи устод Мирзо Турсунзода дохил шуд.
Қурбонгул мехоҳад, ки гуруҳи рақсияш қавӣ гардад ва он на танҳо шаҳри Истиқлолро,балки вилоят ва ҷумҳуриро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Вай мехоҳад, ки гурӯҳи «Садбарг» мақоми давлатӣ дошта бошад, то онҳо тавонанд ба аъзои дастаи ҳунарӣ маош муқаррар намоянд. Зеро Қурбонгул мутмаин аст, ки дар ин сурат аъзои даста пароканда нахоҳанд шуд ва дилгармии бештаре ба фаъолияти ҳунарӣ дар вуҷуди онҳо пайдо хоҳад гашт.
–Дар сурати мақоми давлатиро пайдо кардани дастаи ҳунарии «Садбарг» ният дорам, аъзои гуруҳро аз ҷумлаи писарон мукаммал созам. Зеро бисёр рақсҳои миллию аврупоие ҳастанд, ки будани писаронро тақозо мекунанд. Алҳол дар барномаи худ наздик ба сӣ рақси миллӣ ва аврупоӣ дорем. Мехоҳам онро бо рақсҳои нав ба нав рангинтар ва ғанитар созам, – мегӯяд ӯ.
Матлуба Сатторова, раиси шаҳри Истиқлол, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз фаъолияти раҳбари дастаи ҳунарии «Садбарг» - Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонгул Тангирова қаноатманд аст ва кӯшиш дорад барои ин даста шароити беҳтарини рақсу тамринро фароҳам созад.
Бояд хотирнишон сохт, ки шаҳри Истиқлол ҳамагӣ 13 ҳазор аҳолӣ дорад ва устуворона ба пеш қадам ниҳодани гуруҳи рақсии «Садбарг» худ аз саъю кӯшиш ва талошҳои мардуми он ҷиҳати рангинтару зеботар намудани зиндагияшон, аз ҳиммати баландашон далолат мекунад. Зеро ҳастанд шаҳру ноҳияҳое, ки беш аз сесад ҳазор аҳолӣ доранд, вале як гуруҳи фаъол ва доимоамалкунандаи ҳунарӣ надоранд. Онҳо метавонанд аз чунин ташаббуси мардуми ҳунарманди Истиқлол ибрат бигиранд.
Тилав Расулзода