Агар ангушт рӯйи китоби таърих бигзорем, саҳафоте боз хоҳад шуд, ки муаррихон ва офарандагони сухан пиромуни далериву шуҷоат, покиву растагорӣ ва паҳлавониву садоқати бонувони тоҷик достонҳо нигоштаанд. Ин достонҳо бозгӯйи онанд, ки зиндагӣ дар ҳама давру замон ҳамвор ва ором ҷараён надоштааст. Аммо гурддухтарон тавонистаанд дар баробари ҳама мушкилот истодагӣ намуда, барои дарёфти бахту саодат ва рифоҳи пайвандон мубориза кунанд. Муҳаббат ва садоқату самимиятро хатти маш интихоб сохта, барои он ҷонбозиҳо намудаанд. Ошноӣ бо ин достонҳо метавонад дар парвардан, тарбия ва омӯзиши духтарону занҳои ҷавони қарни навини миллат нақше созанда ва муассир дошта бошад. Ба ин хотир ҳайати эҷодии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» тасмим гирифтааст аз ҳаёт ва корнамоиҳои бонувони таърихӣ барои хонандагони гиромӣ матолиби ҷолиб ва муфиди ахлоқӣ таҳия намояд.
Нахустмужда аз Манижа духти Афросиёб аст, ки Фирдавсии бузург дар васфаш фармуда:
Манижа куҷо духти Афросиёб,
Дурахшон кунад боғ чун офтоб.
Хама рух пур аз гул, ҳама чашм хоб,
Ҳама лаб пур аз май ба бӯи гулоб.
Чу бишнид гуфтори фарёдхоҳ,
Ба дарди дил андарун бупечид шоҳ.
Хусрав –шоҳи додхоҳи Эрон паҳлавонони кишварро ҷамъ оварда, аз онҳо даъват ба амал меорад, ки дар куштани гурозон ва раҳоии мардуми марз ва кишоварзон саҳм гиранд:
К- «Аз ин номдорону гурдони ман,
Кӣ ҷуяд ҳаме ном дар анҷуман?»
Муддате ҳама хомӯширо ихтиёр менамоянду аз байн пури Гев, Бежани паҳлавону далер даъвати шоҳро мепазирад:
Ман оям ба фармон бар ин кор пеш,
Зи баҳри ту дорам тану ҷони хеш.
Сари хукро бугсилонам зи тан,
Манам Бежани Геви лашкаршикан.
Хусрав ба ҷасорати Бежан офарин хонда, ба хотири ҷавон буданаш Гургини Милод- шахси ҷангдида ва ботаҷрибаро ба ӯ ҳамроҳ мекунад.
Вақти набард бо гуроз Гургин аз бими ҷон Бежанро танҳо мегузорад, вале диловариву ҷасорат боло мегирад ва Бежан гурозро нобуд карда, сарафроз аз беша ба назди ӯ бармегардад. Гургин аз тарси он ки Хусрав ӯро барои хиёнат муҷозот хоҳад кард, Бежанро фиреб дода, ба сӯйи шикоргоҳи шоҳи Турон- Афросиёб раҳнамоӣ менамояд:
Паричеҳра бинӣ ҳама дашту кӯҳ,
Ба ҳар сӯ ба шодӣ нишаста гурӯҳ.
Билохира, найранги Гургон ва гардиши сарнавишт дар якҷоягӣ кор медиҳанд ва Бежан бо нахустин дидор ба доми зулфи духти Афросиёб –Манижаи моҳрӯ гирифтор мешавад. Муддати се шабонарӯз онҳо аз суҳбати ҳам манфиат мегиранд ва чун вақти баргаштан наздик меояд, Манижа дастур медиҳад, то ба ҷоми Бежан доруи хоб андозанд:
Бифармуд то доруи ҳушбар,
Парастанда омехт бо нӯш бар.
Бежанро Манижа ба дарбори шоҳ, ба кохи худ мебарад ва муддате онҳо аз дидори ҳам шодӣ меҷӯянд, то хабар ба Афросиёб мерасад. Ӯ бародари худ Гарсевазро дастур медиҳад, ки Бежанро даступо баста ба наздаш биоварад. Бежан дар танҳоӣ бидуни доштани зиреҳ ва аслиҳа бо як корд алайҳи Гарсеваз ва сарбозони ӯ қиём мекунад.
Гарсеваз бо фиребу найранг Бежанро даступо баста, ба назди шоҳ мебарад. Афросиёб амр медиҳад, то ӯро ба дор овезанд. Пирон, шахси ботадбиру хирад ба Афросиёб панд дода, хоҳиш мекунад Бежанро қатл накунад. Афросиёб, шоҳи Турон, ки хеле марди худхоҳ ва золим буд, дастур медиҳад, то Бежанро занҷирпеч намуда, ба қаъри чоҳ партоянд.
Манижа хабар ёфт аз корвон,
Яко-як ба шаҳр андаромад давон.
Ва корвон ҳам маъмулӣ набуд, зеро Рустами Дастон бо иттилоъ ёфтан аз ҳаводиси ахир зиреҳи ҷангӣ ба пираҳан табдид мекунад ва ба унвони як бозаргон ба Турон меояд. Манижа ба наздаш омада, аз Геву Хусрав ва Рустаму дигар гурдони Эрон суроғ мегирад. Рустам дар посух мегӯяд: «Занеро жулидамӯ ва дастнигар бо паҳлавонон ва бузургони Эрон чӣ кор?»
Манижа чунин посух медиҳад:
Манижа манам духти Афросиёб,
Бараҳна надида танам офтоб.
Кунун дида пурхуну дил пур зи дард,
Аз ин дар бад-он дарду рухсор зард.
Аз ин зортар чун бувад рӯзгор,
Сар орад магар бар ман ин кирдгор?
Ки бечора Бежан дар он жарфчоҳ-
Набинад шабу рӯз, хуршеду моҳ.
Рустам, ки дар достонҳои паҳлавӣ на танҳо бо мардонагӣ ва ҷасурӣ ном баровардааст, балки ҳамчун гурди зирак ва боҳуш низ шинохта шуда, дар даруни мурғи пухта аншуштаринашро пинҳон карда, барои Бежан ғизо мефиристад. Бежан аз он мужда мегирад ва Рустам аз Манижа хоҳиш менамояд, ки бо фаро расидани шаб гулхане биафрӯзад, то ӯ маҳалли чоҳро муайян созад.
Манижа бишуд, оташе барфурӯхт,
Ки чашми шаби қиргунро бисӯхт.
Бо мадади Манижа гави Систон Бежанро аз чоҳ берун оварда, ба коҳи Афросиёб шабохун мезанад. Ин шабохун ҷанги азимеро дар пай дошт, ки лашкари Турон шикаст хӯрд ва ишқи ду ҷавон пирӯз шуд.
Баъд аз баргаштан ба Эрон Хусрав Бежанро инъоми зиёде бахшида чунин панд медиҳад:
Ба Бежан бифармуд, к- «Ин хоста
Бубар сӯи духти равонкоста.
Ба ранҷиш мафарсою сардаш магӯй,
Нигар, то чӣ овардӣ ӯро ба рӯй.
Ту бо ӯ ҷаҳонро ба шодӣ гузор,
Нигаҳ кун бар ин гардиши рӯзгор.
Достони Манижа ва Бежан дар ҳамин ҷо поён меёбад ва Фирдавсӣ зиндагии хушу мадидеро ба ин ҷуфт нисбат медиҳад. Ин достони пур аз паҳлавониву ҷасорат ва саропо муҳаббат тасбит мекунад, ки дар зиндагӣ покиву муҳаббат ва азхудгузаштанҳо аз ҷониби Яздони пок ҳатман қадр мешавад. Сазад, ки духтарони пурмеҳр ва бонувони покдомани тоҷик барои ҳифзи муҳаббати худ ба мисли Манижа мубориза кунанд ва Парвардгор онҳоро дар ин ҷода тавфиқ диҳад.
Пажӯҳиши Эмомалӣ Сайидамирзод