Дар замони мо мардуми сайёра бо ин ки кураи заминро ба як деҳкадаи бузург мубаддал кардаву робитаи наздик ва бесобиқае байни ҳам барқарор намудаанд, вале ҳамоно солшумории сокинони сайёраи мо масофаи кайҳониро пеши назар меорад. Бар асоси се навъи тақвим – қамарӣ, қамарӣ – хуршедӣ ва хуршедӣ наздики 40 солшуморӣ миёни ҷамъияти инсонӣ офарида шудааст.
Мучал – яке аз 40 солшуморӣ
Мучал – яке аз ин 40 солшуморӣ аст, ки миёни ақвоми шарқ маъруфияти бештар дорад. Солшуморӣ, ё тақвими мучал аз 12 сол иборат буда, ҳар кадом сол номи як ҳайвонро соҳиб аст. Оғози як давраи мучал аз муш шуруъ гардида, ба тартиби бақар (гов), паланг, харгӯш, наҳанг, мор, асп, гӯсфанд, ҳамдуна (маймун), мурғ ва сагу хук ба охир мерасад.
Огаҳони ҳол бар ин боваранд, ки мучалро мардумони Чини қадим тартиб додаанд. Тавре Хурсанд Ибодинов, директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, дар гузаштаи дур дар дарбори подшоҳон муаррихону котибон хусусият ва вижагии солҳоро менавиштанд. Фаровониву камҳосилӣ, серборишиву хушксолӣ, маргу мир, офату вабоҳо ва дигар пайомадҳоро қайд мекарданд. Саранҷом, ба хулосае расиданд, ки ҳамин вижагиҳо бо гузашти солҳо такрор меёбанд. Фаразан хуруҷи малах ҳар 12 сол як маротиба мушоҳида мешуд, ё бархе аз бемориҳо дар 12 сол як маротиба авҷ мегирифт, ё ҳосили зироат дар давраи 12 сола як маротиба ба таври бесобиқа зиёд мегардид… Ҳамин тавр, бар сари ҳисоби давраи 12-сола қарор гирифтанд ва бо такя ба хислати ҳайвонҳо ин 12 солро номгузорӣ карданд. Вале аз асрор ва сабабҳои такроршавии ин хусусиёт бехабар буданд.
Заминаҳои илмии мучал
Гузашти қарнҳо ва тараққии илми кайҳоншиносӣ заминаҳои илмии давраи 12-солаи солшумории мучалро муаррифӣ мекунад.
Тавре Хурсанд Ибодинов мегӯяд:
- Ду гузина (вариант)-и илмии тақвими мучал ҳоло мавриди омӯзиши олимон қарор гирифтааст: нахуст - давраи хуруҷи офтоб, ки тахминан 11 солу 3 моҳ ва ё 11 солу 4 моҳро дар бар мегирад; баъдан – даври гардиши сайёраи муштарӣ дар атрофи офтоб. Як даврзании муштарӣ дар атрофи офтоб расо ба 12 сол баробар аст. Даври хуруҷи офтоб гуфта, баланду паст, афканиши шамоли офтобиро меноманд. Шамоли офтоб бошад – ин сели заррачаҳои зарядноки аз офтоб ба кайҳон паҳншаванда аст. Аз он ҷумла тоҷи офтоб ҳаст, андозаи тоҷи офтоб ҳар сари 11,3 ё 11,4 сол хеле каму зиёд мешавад. Миқдори доғҳо, миқдори фаввораҳои сатҳи офтоб бо дарназардошти ҳамин давр пасту баланд мегарданд. Ҳоло илм исбот кардааст, ки тамоми ҳаёти рӯи замин: наботот, равандҳои физикиву химиявиву биологие, ки дар замин рӯй медиҳанд, аз амалиёти офтоб пурра вобастаанд. Аз он ҷумла, чанд намуди бемориҳо: асаб, дил, ҳатто миқдори садамаҳои автомобилӣ, хуруҷи малах, миқдори афзоиши мушҳо, ҳосилнокии зироат… ҳамаи ҳаминҳо бо хуруҷи офтоб як навъ робита доранд. Ин аз қадимулайём мушоҳида мешавад. Аммо сабаби инро мардум намедонистанд. Бори аввал дар солҳои 20-уми асри гузашта як олими рус бо номи Чижевский ба ҳамин масъала машғул шуд ва робитаи хуруҷи офтобро бо таҳаввулоти заминӣ собит кард. Гузина ва ё варианти дигари заминаи илмӣ доштаи солшумории мучал, ки даврзании сайёраи муштариро дар атрофи офтоб тахмин мекунад, низ асос дорад.
Хурсанд Ибодинов меафзояд, ҳамон гуна, ки офтоб ба дигар сайёраҳо таъсир мерасонад, ҳамин гуна дигар сайёраҳои низоми офтобӣ ба офтоб таъсири худро доранд. Инро вобастагии мутақобила мегӯянд. Дар ин миён яке аз ақидаҳо ин аст, ки шояд даври 11,3 ва ё 11,4 соли хуруҷи офтоб ба гардиши муштарӣ робитаи зич дошта бошад. Агар ҳамин масъалаи илмӣ ҳал шавад, он замон печидагиҳо ва кулли масъалаҳои вобаста ба тақвими мучал низ ҳал ва шаффоф мегарданд.
Мучал ва боварҳои мардумӣ
Аммо то замоне, ки ин масъалаи кайҳонӣ ҳал нашавад, миёни мардумони Осиёи Марказӣ – ба вижа тоҷикон, дар робита ба гардиши мучал боварҳои мутаддиде ҷой хоҳанд дошт. Рамуз гирифтан аз соли наҳангу бузинаву гӯсфанд ва афроди мутаваллиди солҳои мору сагу муш як амри табиӣ гардидааст. Тақрибан наздики 1000 сол муқаддам солшумории мучал ба сарзамини мо ворид шудааст.
Фолклоршинос Дилшод Раҳимов оғози пайдоиши мучалро миёни мардумони Осиёи Марказӣ ба асрҳои 10 ва 11 тахмин мекунад. Вай мегӯяд, ин навъи солшуморӣ аз Чин ба фарҳангҳои халқҳои Осиёи Марказӣ раҳ ёфтааст:
- Ин тақвим танҳо барои ҳисоби синну сол ба кор меравад ва барои мардуми авоми асримиёнагӣ хеле созгор буд. Онро чиниҳо, возеҳан, аз рӯйи ҷойгиршавии бурҷҳои осмон тартиб додаанд, аммо дар фарҳанги мардуми тоҷик ҷанбаҳои нуҷумии он комилан ба назар намерасад. Гуфтан мумкин аст, тоҷикон онро як навъ тоҷикона кардаанд, яъне дар атрофи ҳар як ҷонвари дар мучал мавқеъдошта, бовару ақидаҳои зиёде бофтаанд.Аз рӯи иштироки ҷонварон хулоса баровардан мумкин аст, ки мучал солшумории ғайриэронист. Агар он аз тарафи эрониҳо сохта мешуд, ҳатман ҷонварҳои маъруфи ин сарзамин, амсоли шутур, буз, хар, хурӯс (на мурғ), шер ва ғайра, ки дар адабиёти қадимаи эронӣ бисёр тасвир шудаанд, ба он дохил мегаштанд.
Мутобиқи ақидаи мардум, ҳар сол ба хосияту табиати ҷонвари мучалаш монанд мешавад, яъне чигунагии ҳар солро мардум аз рӯи ҷонвараш фол мегиранд. Мардуми тоҷик тибқи мушоҳидаҳои чандинасраи худ хусусиятҳои ҳар як соли мансуби ин солшумориро муайян кардаанд, ки онҳо аз рӯйи табиату хислати ҷонварон хулоса шудаанд. Масалан, мувофиқи мушоҳидаи одамон, агар соли гӯсфанд бошад, гармӣ мешавад, зеро миҷози ин ҷонвар гарм аст. Соли говро пурбаракат ва давраи фаровонӣ шумурдаанд. Сол агар соли мурғ бошад, гӯё гуруснагӣ мешавад, зеро мурғ ҳарис ва ҳамеша дар ҷустуҷӯи ризқ овора аст. Соли муш соли меҳнатӣ, серкорӣ ва захиракунӣ дониста мешавад. Дар соли наҳанг, ки ҷонвари обӣ аст ва дар баҳр умр ба сар мебарад, бориш бисёр шуда, ҳосили кишт фаровон мегардидааст.
Ақидаи дигаре роиҷ аст, ки ҳар шахсе дар соли муайяни ҳайвоне зода шудааст, хислату табиат ва феълу атвори ҳамон ҳайвонро дорад. Чунончӣ, одамоне, ки солашон гӯсфанд аст, орому нармтабиат ва ҳалиманд. Шахсоне, ки дар соли муш таваллуд шудаанд, одатан зираку доно, кунҷков ва чусту чолок мебошанд. Онҳо аз ҷиҳати хислат нарммуомила, бекина, ошкорсухан ва дар меҳру муҳаббат хеле ҷиддӣ ва содиқ ҳастанд. Шахсе ки солаш наҳанг аст, одами нарму ҳалим ва бомулоҳиза хоҳад буд. Онҳое, ки мутаваллиди соли паланганд, зудхашму якрав, аммо нерӯманд мебошанд, - меафзояд фолклоршинос Дилшод Раҳимов.
Аммо соли мор…
Фолклоршинос мегӯяд, соли мор дар фарҳанги суннатии тоҷикон соли душвор шумурда шудааст. Зеро мор хазандаи зиёнрасон ва гӯшташ дар шариати Ислом ҳаром мебошад. Дар нақлу ривоятҳои халқӣ мор тимсоли бад ва душмани одам буда, ҳамеша дар тазод бо инсон тасвир шудааст. Аммо, аз ҷониби дигар, мор ҷонвари ҳушёру доно буда, бо ганҷ алоқа дорад. Мегӯянд, ки мор дар болои тилло хоб мекунад. Мор ҷонвари мустақил аст, на тарс дорад ва на ба ягон ҳайвон мутеъ аст.
Касоне, ки дар соли мор таваллуд шудаанд, донову зирак ва бо ақлу тадбир хоҳанд буд. Мисли мор мустақилиятро дӯст медоранд.
Оғози соли мор: январ ё март?
Ҳам фолклоршинос ва ҳам олими соҳаи астрофизика дар мавриди оғоз ва анҷоми солшумории мучал иттиҳоди назар доранд. Тавре онҳо зикр мекунанд, то воридшавии фарҳанги шӯравӣ ба Осиёи Марказӣ, тоҷикон ва дигар халқҳои ҳамҷавор солшумории худро аз Наврӯз оғоз мекарданд ва табиӣ буд, ки оғози солшумории мучалро низ аз Наврӯз медонистанд. Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ин тартибро барҳам зад.
Фолклоршинос мегӯяд: «Дар солшумории чиниҳо соли мор расман аз 10-уми феврал оғоз меёбад. Аммо дар фарҳанги суннатии тоҷикон ва баъзе халқҳои Осиёи Марказӣ соли ин ва ё он ҷонвари ҳисоби мучалро аз фарорасии Наврӯз медонанд».
Хурсанд Ибодинов низ ҳамин ҳарфҳоро мегӯяд, вале бо лаҳни дигартар: «Бародарон! Соли мор ҳоло сар нашудааст. Он тақвиме, ки мучал ном дорад, дар сарзамини мо аз замони баробаршавии шабу рӯз оғоз меёбад. Январу февралу 20 рӯзи моҳи март дар ҳисоби соли пештара аст. Он хислатҳое, ки мебиёянд, ба ин се моҳ ҳамроҳ накунед! Аз Маскав сар карда то Душанбе дар ҳама ҷо такрор мекунанд: соли гӯсфанд сар шуд, соли харгӯш сар шуд, соли мор сар шуд… Сар нашудааст, аз баробаршавии шабу рӯз сар мешавад».
Ё. Ҳалимов