Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан,
Сутуни гунбади миноӣ, эй зан!
Лоиқ Шералӣ
Телевизиони «Пойтахт» тайи ду моҳ мешавад, ки таҳти роҳбарии Абдуқодир Талбаков фаъолият дорад. Дар ин муддат ба мо муйяссар гардид, ки ба пахши шабонарӯзӣ гузашта, сафи тамошобинамонро зиёд гардонем. Дар Телевизиони иттилоотӣ-фарҳангӣ ва фароғатии «Пойтахт» барномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пахш мегарданд. ТВ «Пойтахт» минбари аҳли ҷомеа буда, ҳар шахси ҳирфавӣ имкони аз он сухан гуфтанро дорад. Мо барои шахсиятҳое, ки дар иртибот ба шаҳри Душанбе ва манофеи миллӣ андешаҳои созанда доранд, вақти эфирӣ ҷудо хоҳем кард. Ҳар нафаре, ки маҳорату малака, ҳунару истеъдод ва пешниҳоди созандаи худро баҳри пешрафти ҷомеа равона карданист, ТВ – «Пойтахт» барои ӯ минбари воқеӣ мебошад.
Ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии ТВ «Пойтахт» бо ниятҳои нек ва нақшаву андешаҳои ҷолиб ба соли 2013 қадам мемонад. Шуруъ аз моҳи январи соли 2013 -ум лоиҳаи нави телевизионӣ рӯи кор меояд. Ният дорем бо рақобати солим сафи тамошобини худро бештар намуда, пайвастгаре бошем миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Тасмими ҷадиди мо ин аст, ки ТВ – «Пойтахт» -ро ба як шабакаи дунявӣ табдил дода, аз тариқи эфир арзишҳои миллию фарҳангиро тарғиб намоем. Бо истифода аз маданияту фарҳанг ва муқаддасоти миллии худ фарҳанги ҷомеаи шаҳриро баланд бардорем. Ҳамчунин бо таҳияи барномаҳои гуногунмазмун дар таблиғи маданияти шаҳрнишинӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандии сокинони шаҳри Душанбе нақши худро гузорем.
Душанбе рӯз аз рӯз зебову дилоро мешавад. Моро мебояд, ки ҳамқадами замон буда, барои рушду нумуи фарҳангу маданияти хеш талош варзем. Имрӯз барои тарбия намудани ҷомеа, бахусус ҷавонон мехоҳем телевизиони муосире бисозем ва ҳадафи он нишонрас бошад. Ҳадаф якест, пос доштани муқаддасоти миллии худ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ ва пазируфтани пешрафтҳои ҷаҳонӣ ба манфиати ҷомеаи муосири тоҷик.
Наргис Раҳматшоева,
муовини директори Муассисаи давлатии ТВ – «Пойтахт»