Дар ҷамъияте, ки муҳимтарин вазифаву масъулияти зиндагӣ тарбия ва ба воя расонидани фарзандони солим, таъмини шароити зиндагӣ ва пойдорию мустаҳкамии оилаҳо аз зан- модар вобастагии сахт дорад, мебояд аз имрӯз ба таълиму тарбияи духтарон - модарони оянда диққати ҷиддӣ зоҳир намуд, зеро барои тарбияи кӯдакону наврасон, ки насли ояндасози ҷомеа мебошанд, модаронро донишу заковати воло бояд.
Боиси таассуф аст, ки дар ду даҳсолаи охир бинобар аз таҳсил дар канор мондан ва ҷавону бе таҷрибаи зиндагӣ ба шавҳар додани духтарон боиси афзоиши пошхӯрии оилаҳо ва зиёд шудани теъдоди кӯдакони бесаводу дар кӯчаҳо овора гардидааст.
Бинобар маълумоти расмӣ танҳо дар соли ҷорӣ 10 дар сади духтарон баъди хатми синфи 9-уми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар аз таҳсил дар канор мондаанд. Ин рақам дар пойтахти кишвар 8 дар сад ва дар навоҳии дурдаст аз 10 то 15 фисадро ташкил медиҳад.
Ба гуфти Ситора Бобохонова, мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабии идораи маорифи шаҳри Душанбе, соли гузашта аз 6213 хатмкунандаи синфи 9-уми мактабҳои шаҳри Душанбе 544 нафар ё 8 дар сади онҳо тарки таҳсил намудаанд.
–Ин нишондод нигаронкунанда аст, зеро ташаккули ҳаёти солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзандон ва ташкили оилаи солим бе бонувони босаводу соҳибкасб имконнопазир аст, – мегӯяд С. Бобохонова.
Духтарон орзу доранд, ки…
Хонандагону омӯзгорон, падару модарон ва масъулини соҳаи маорифи кишвар сабабҳои аз таҳсилу баъдан аз касбу кор дар канор мондани духтаронро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд.
Гулшан Мирзохонова, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №57, ноҳияи Хуросон, иброз медорад, ки ягон толибаи синфи 9-уми русто хоҳиш надорад тарки таҳсил намуда, кунҷи хона нишинад.
– Дар зеҳнам боре ҳам ба ҷуз хондану донишҷӯй шудан дигар фикре пайдо нашудааст, аммо аз сабаби мушкилоти зиндагӣ дигар орзу намекунам, ки духтур шавам. Модарам мегӯянд, ки ман ҳам баъди синфи 11-ум мисли ду хоҳарони бузургам касби дӯзандагиро омӯзам. Баъзе аз ҳамсолонамро бародарону падаронашон монеи идомаи таҳсил шуданд, –мегӯяд ӯ.
Калонсолони деҳоти ноҳияи Хуросон бошанд, баъди хатми таҳсилоти асосӣ тарки мактаб намудани духтаронро ба вазъи иҷтимоии оилаҳои онҳо рабт медиҳанд, аммо Зиёда Саломова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, иброз медорад, ки духтарони хуросонӣ набояд бо баҳонаи мушкили иҷтимоӣ тарки таҳсил намоянд, зеро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои аз мактаб дар канор намондани фарзандони оилаҳои камбизоат тадбир меҷӯянд.
–Ҳамин сол бонуи камбизоате ба бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон муроҷиат намуд, ки имкони таъмини духтари мактабхонашро бо сару либоси мактабӣ надорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин оила мадад расониду он духтар дар қатори ҳамсолонаш дар мактаб мехонад, – ёдовар гардид З. Саломова.
Адиба Тағоева, хонандаи синфи 10-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №57- и ҳамин ноҳия, мегӯяд, ки волидону омӯзгорон ва фаъолони маҳаллаҳо бояд барои ҷалби духтарон ба синфҳои 10-11 тадбирҳо андешанд. Зеро ихтиёрӣ будани идомаи таҳсил аз ҷониби сокинони деҳот, ки таваҷҷуҳ ба илму донишандӯзии духтаронро надоранд, барои наслҳои оянда мушкилоти зиёд ба бор меоварад. Ба гуфти Адиба ӯ ҳамроҳи се нафар дугонаҳояш ҳамин сол ба синфи тоҷикӣ гузаштаанд, зеро хоҳиш доранд, ки оянда дар мактабҳои олӣ таҳсил намуда, соҳиби касбу кори сазовор шаванд.
Озодамоҳ Ҳакимова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60 -и ноҳияи Рашт, иброз медорад, ки ҷомеа бе мардуми маълумотноку худогоҳ пеш намеравад. Занону духтарони навоҳии кӯҳистон ба илму донишандӯзӣ майлу рағбати зиёд доранд, аммо на ҳама он шуҷоату иродаи матинеро доранд, ки барои расидан ба мақсаду орзуҳои хеш ҷаҳду талош намоянд.
– Вақте мактаби миёнаро хатм намудам, волидон ва баъдан шавҳарам розӣ нашуданд, ки дар ягон мактаби олӣ таҳсилро идома диҳам. Танҳо баъди 34 соли ҷаҳду талошҳо бароям муяссар шуд, ки дар синни 52-солагӣ барои таҳсил дар мактаби олӣ ризояти шавҳарамро гирам. Дар тӯли 5 соли фаъолияти омӯзгорӣ даҳҳо духтарони рустоиро барои идомаи таҳсил ба мактабҳои касбомӯзӣ роҳнамоӣ кардаам.
Чӣ бояд кард?
Мунзима Мадаминова, сарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72, ноҳияи Фирдавсӣ, пешниҳод дорад, ки дар ҷалби духтарон ба таҳсилоти зинаи савум ва муассисаҳои касбомӯзӣ пеш аз ҳама бояд сатҳи шуурнокии падару модарони онҳо баланд бардошта шавад. Дар воқифгардонии аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа дар ҳалли ин масъала бояд тамоми воситаҳо истифода шаванд. Вақте ҷомеа рӯ ба илму маънавиёт овард, мавзуъҳои доғ аз байн хоҳанд рафт.
Тӯйчӣ Маҳмадиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, бовар дорад, ки такмили синфхонаҳои таълимоти касбӣ бо дастгоҳҳои гуногуни касбомӯзӣ таваҷҷуҳи духтарони маҳаллиро ба мактаб зиёд мегардонад. Дар ин замина Вазорати маориф тибқи як лоиҳа ҳамроҳи Барномаи рушди Олмон синфхонаҳои таълимоти касбии се мактаби ноҳияро бо дастгоҳҳои қаннодӣ ва дӯзандагию косибӣ муҷаҳҳаз мегардонад.
Омӯзгорону хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Ҷиликӯл таҳсили духтарони рустоиро дар зинаи савуми таҳсил ҳатмӣ мешуморанд. Озода Нурова, хонандаи синфи 10-уми мактаби №1, чунин ибрози назар кард: «Аз таҳсилу касбомӯзӣ дар канор мондани духтарони 15-16 сола на танҳо барои духтарон ва оилаҳои онҳо, балки барои ҷамъияту давлат низ оқибатҳои фоҷиабор дорад. Баъзан мегӯянд: «Духтарро хонданаш чӣ?», аммо ба фаҳми он намераванд, ки бузургтарин ва мушкилтарин вазифаву рисолати зиндагӣ тарбияи фарзанду саришта намудани корҳои хонаводагӣ аст. Бояд духтарон хонда соҳиби касбу маълумоти олӣ шаванд. Зеро пешрафту тараққиёти Ватани мо аз пойдории оилаҳо, ки аксари масъулият бар дӯши занон аст, вобастагии зиёд дорад».
Ситора Мирзоева, хонандаи синфи 10-уми литсейи давлатии ноҳияи Ҷиликӯл, мегӯяд, ки барои бедор намудани рағбати донишандӯзии духтарони деҳот ва пешгирӣ аз монеасозии баъзе бародарону падарони «сахтгир» бояд корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монд.
Роҳнамое таҳия мешавад
Насли калонсоли деҳоти кишвар сабаби камтаваҷҷуҳии мардумро барои таҳсили духтарон дар синфҳои 10-11 ба мушкилу маҳдудиятҳои касбомӯзии духтарон ва норасоии ҷойи кор дар бозори меҳнат рабт медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, ба қавли Абдусамад Муллоев, сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар ояндаи наздик дурнамои таҳсили касбии духтарон таҳия хоҳад шуд. Айни замон дар тамоми мушовараҳои Вазорати маориф барномаҳои рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ матраҳ шуда, дар ояндаи наздик қабул мешаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баҳри афзалият додан ба муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ иқдомҳои тоза мекунад, ки тавассути он метавонем наврасонро баъди синфи 9-ум барои омӯхтани касбҳои гуногун роҳнамоӣ намоем. Дар ин робита омӯзишгоҳҳои касбӣ ба литсейҳо ва литсейҳои касбӣ ба коллеҷҳои касбию ҳунарӣ табдил меёбанд.
– Ихтиёрӣ намудани зинаи савуми таҳсил ин муҳайё кардани шароиту имконият барои навҷавонон баҳри таҳсил дар муассисаҳои миёнаи касбӣ мебошад, на ин ки хонанишин шудану аз касбу ҳунар дар канор мондани духтарон, – мегӯяд Мунзима Маҳмадҷонова, сарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72, ноҳияи Фирдавсӣ. Рушду инкишофи ҳар кишвар ва пешрафти ҷомеа аз сатҳи маълумотнокии бонувон вобастагии зиёд дорад. Зеро дар баробари таваллуд ва дигар масъулиятҳои муҳими оилавӣ, бонувон тарбияи фарзандро низ ба уҳда доранд. Пас, фардои кишвар то ҳамон сатҳе рушду пешрафт мекунад, ки тарбиятгарони насли имрӯзаш - модарон донишу маърифати баланд дошта бошанд. Ва мавзуи бозомӯзии занони хонанишину таълиму тарбияи маънавии духтарон бояд ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа ва масъулони соҳаи маориф бошад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов
Омор: Абдусамад Муллоев, сардори раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон: ҳанӯз чанд сол пеш омори тарки зинаи савуми таҳсил аз ҳисоби духтарон дар миқёси кишвар бештар аз 50 дарсадро ташкил медод.