Дуруд! Боз расидем ба анҷоми як соли тақвимӣ. Поён ёфт як соли талошҳо, орзуҳо ва комёбию комгориҳо. Дар ин роҳ, ки оғозаш нав буду ҳукми анҷомаш куҳан шуд, моро ҳадафҳои барозандаи Сарвари давлати тоҷикон роҳнамо буданд. Бояд ифтихор кунем аз ин як соли таърихи миллат, зеро бо ҳама созандагиҳояш таҷаммули вижае дошт.Боз як соли умр бо мо падруд мегӯяд, ё ки мо гуселаш мекунем чун меҳмони азиз ва ӯ дар китоби хотирот ҷойгузин хоҳад шуд. Чӣ соле буд, чӣ айёме ва чӣ давроне буд фурӯ рехт ба сарнавишт, ки мӯҷиби шукргузорию қобили тавсиф бошад? Мо шояд дар ҳангомаҳои зиндагӣ сареҳ дарк накардем, ки соли куҳан ҳар лаҳза гиребони вақт ва фосилаҳоро дар панҷа дошт ва аз оромишу ваҳдату амнияти миллату давлат дифоъ мекард. Ба ҳамин далел, ки як сол дар сарнавишти давлату миллат ва рӯзгори мову шумо нақши боризе дошт, ба ӯ аз рӯи инсоф арҷ гузорем. ҳар яке дар Дафтари сол бо арзу эҳтирому сипос ва қаноатмандӣ соядасте гузорем, ки ӯ зимоми қудратро дар даст дошту армуғони зиёде бароямон ҳадя кард. Шукрона бикунем аз он ки алорағми ҳама монеаҳо, мушкилот ва касолату фишорҳо қадамҳои мо сӯи фардо устувор буданд. Розу ниёз буд, ҳоҷат буд, бемеҳрию дилсардӣ буд, аммо бениёз набудем, ҳоҷатбарор доштем ва муҳаббат омаду роҳат ёфтем. Охир, тавонистем аз фишори гуноҳҳо, хатоҳо ва фиребу найрангҳо озод шавему зиндагиро бо чашми дигар бинем. ҳама ноумедиҳо фурӯ рехтанд ва боз бо қудуми Соли Нави милодӣ орзую омоли дигар, нақшаю ниятҳои сареҳу нек дар дафтари тозаи Сол сабт мегарданд. Пайи ҳамин орзуҳо мо ҳам дар саҳфаҳои тозаи маҷалла аз рӯзгори шумо, кору пайкор ва нақшаю ниятҳои созандаи ҳукумату давлат баҳри дифои зиндагии ороставу пиростаи шумо таронаҳо эҷод хоҳем кард. қалби мо, дафтари кории мо ҳамеша ба истиқболи шумо боз аст. Биёед! Оед, ки дидори ҳам бубинем ва аз зиндагӣ, аз орзую ормонҳо қисса кунему ҳамроз шавем,то дар Соли Нав отифагии шумо, озодманишӣ ва хушрӯзиву хушбахтиатон амсоли шерозаҳои рангини зиндагӣ ҷило диҳанд. Ба ин эътиқод бандед ва бовар дошта бошед, ки сомони рӯзгор дар дасти худи мост.Маҷаллаи мо пас аз оғози Соли милодӣ бо сабки тоза ва меҳру ихлоси самимона нашр хоҳад шуд. ҷилои саҳфаҳояш симои бонувони сарвар,модарону хоҳарони хушбахту хушбину хушрӯз ва розу ниёзу орзую ормонҳояшон хоҳанд буд.
Шояд кифоя аст ин ҷо баёни нақшаю ниятҳо ва бозгардем ба оғози соли тақвимӣ, соле, ки ба як айёми зебои табиат-Фасли дай иртибот дорад. Фасле, ки ба як маънӣ фасли фасонааш мехонанд.Воқеан, замҳарири рӯзу шабҳои зимистон фасонаҳо дорад. Чун фасонаҳо аз Ишқ оғоз меёбанду бо Висол анҷом, бигузор зиндагии шумо ҳам лабрези ошиқонаҳо бошад! Замину замон пироҳани сафед ба бар мекунад, мисли арӯс испеду пок! Ҳамин сапедиҳо ва покиҳо мубораку насиби шумо бодо!
Дар баёзи барфрезаҳои само ва боди серуни субҳу шом таронаи Ваҳдат ва шукуфоии Ватанро сароед. Пас, ба унвони як муқаддима, ки ҳарфи дилу орзую ниятҳои сабзгунаро бо қалами сияҳ дар варақи испед бароятон ифшо намудем, меравем дунболи кор. Ба умеди боз як соли талошҳо ва бунёдкориҳо, зеро Умед мояи зиндагист! Агар умед бимирад, зиндагӣ поён меёбад. Зиндагиро дӯст доред, зеро Зиндагӣ зебост!
Боз ҳам Дуруд ба шумо!