Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои худоист.
Ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.
Август Кант
Зан кист?
Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,
Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.
Бе зан чӣ бувад,зиндагиву зист дар олам,
Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.
Зан беҳтарин муъҷизаи парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқату ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нест. Охир, беҳуда нагуфтаанд: "Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст."
Асолату иффати зан пеш аз ҳама дар ору номус, ватандорӣ, тозакорию сарфаҷӯйӣ, вафодорию ҳалимӣ ва рӯзгордорию фарҳангдӯстӣ таҷассум мегардад.
Зан дар ҳар давру замон мақому мартабаи худро дошт.Аз ин ҷост, ки инъикоси нақшу мақом ва манзалати зани соҳибхираду бофарҳанг дар саҳфаи таърих ҷолибу муассир аст ва имрӯз низ саҳми занони боистеъдоду лаёқатманд дар бунёди ҷомеаи навин баробари мардони барӯманди кишвар бузург аст. Саҳми онҳо бахусус, дар пешрафти муассисаҳои фарҳангӣ ва соҳаи маориф хеле назаррас аст. Ба ҳамин маънӣ имрӯз боз масъулияти муҳиме ба дӯш доранд, яъне тарбияи фарзандон. Зиндагӣ собит кард, ки зан қудрат дорад сиёсатмадори хуб, табиби ҳозиқ, муҳандиси ботаҷриба ва рӯзноманигори хушсалиқа ва модари ғамхор бошад. Воқеан, рисолати ҳар як зан-модар пеш аз ҳама тарбияи фарзанд аст, яъне насле, ки бо як ҷаҳон ифтихор ояндаи Тоҷикистон мегӯем. Охир, беҳуда занро фариштаи замин ва дилработарин офаридаи осмонӣ нагуфтаанд. Ӯ партави ҳастист, ки метавонад зиндагии моро рӯшан созад. Дар домани модар ҳама орзую ҳавасҳои ширини фарзанд гул мекунанд. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз инсонро дар лобалои ҳама тазодҳои зиндагӣ ба фазлу муҳаббат мисли модар ҳидоят карда наметавонад. Ва ба ҳамин маънӣ Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо занони фаъоли Тоҷикистон иброз дошта буданд:
«Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба модар ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Пас месазад, ки сазовори ин боварӣ ва дастгирӣ бошем. Худшиносӣ, маърифати баланд, меҳнатдӯстӣ, фарҳанги оиладорӣ ва дурандешиву озодманишӣ-ин аст калиди бахту саодат ва роҳ ба сӯи комёбиҳо.
Агар тамоми неъмати дунё аз байн биравад, ба шарте ки зан дар саҳнаи ҳаёт вуҷуд дошта бошад,зиндагӣ боз ҳам қобили таҳаммул аст.
Жан Жак Руссо
Бузургии модарро амсоли худои рӯи замин донистаанд. Олитарин эҳсоси зан, таровату нафосат ва муҳаббати беандозаи ин олиҳаи замин хеле нозуку мафтункунанда дар асарҳои аҳли адаб рӯшану ҷаззоб таҷассум ёфтааст. Тӯли таърихи инсоният занони боиродаву дурандеш, хирадманду закӣ ва боистеъдоду худафрӯз бо ҳидояту пайкори хеш тавонистанд зиндагии худу атрофиёнро мунаввар карда ба замону ҳамзамонон исбот намоянд, ки маҳз ақлу заковат, иродаву фазилат ва маърифату фарҳанги хонадории зан сутуни давлат ва пойдевори зиндагии ҳар хонадонро побарҷо месозад. Ғолибан дар ҷомеае, ки зан мақоми созандаву зиндагии шоиставу солим ба сар дошта бошад, он кишвар дар рушду тараққист.Дарвоқеъ, зан оинаи оила ва миллат аст. Қалби пурэҳсоси зан саршори меҳру сафост. Ва набзи имрӯзи замон тақозои онро дорад, ки аз даричаи сабзи қалбҳо ба ҳама гирумони зиндагӣ нигоҳи тозае дошта дар эъмори ҷомеаи навин нақши созандае гузорад.
Пас, биёед хоҳарон, бонувон, модарони ғамхору меҳрубон ба ояндаи ин миллат, ки сарнавишту тақдираш дар дасти худи мост, аз равзагоҳи тафаккури солим назари нек андохта, фарзандони худро дар руҳияи инсондӯстию ватанпарастӣ тарбия намоем ва ба ҳамин васила дар беҳдошти ин марзу бум саҳми боризи худро гузорем. Муҳим он аст, ки дар фаросӯи ҳаёт рисолати худро шиносему пойдевори зиндагии худро мустаҳкам намоем. Дар фароварди андешаи иброзшуда барои ҳар кадоме аз шумо, азизони дил, тоҷиконаву меҳронаву холисона таманно дорем, ки тани сиҳат, хотири ҷамъ ва дили беғаму бедард насибатон бошад!
Шаҳлои Насриддин