Душанбе мешавад обод, бешак,
Вале ҳар лаҳза бошад маътали мо.
Паи ободияш чандон бикӯшем,
Ки дар ҳар кӯча монад ҳайкали мо...
Лоиқ Шералӣ
Замони шӯравӣ ҳамсояе шохи дарахтеро дар саҳни ҳавлӣ ба хотири ҷо кардани мошинаш бурид. Соҳибони 35 манзили дигари хона ба берун рехта, ҳамсояро дар миён гирифтанд. Эҳтимол ин марди 65 - сола дар давоми ҳаёташ ин қадар суханони сахт нашунида буд. Таҳти фишор ҳамсоя аз кори кардаи худ сахт пушаймону хиҷил гардида, ваъда дод, ки дар давоми ҳафта ба ҷойи шохи буридаи дарахт ҳафт ниҳол оварда мешинонад.
То реша давондану сабз шудани ниҳолҳо ҳамсоя дар ҳавлӣ бо сари хаму чеҳраи хиҷил мегашт...Замони шӯравӣ вақте як нафар аз деҳа ба пойтахт барои таҳсил меомад ва ё нафаре қасди меҳмонӣ мекард, муддате омодагӣ медид. Тарзи муносибат ва гуфторашро ба мардуми шаҳрӣ наздик менамуд, либоси нав мехарид ва ҳатто тарзи шона кардани мӯи сарашро дигар мекард. Чунин омодагӣ шоистаи таҳсин буд, зеро шахс бошуурона тамаддуни шаҳриро аз худ мекард ва ё ба он мутобиқ мешуд.
Илова бар ин, дар шаҳри Душанбе миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ, аз қабили русҳо, тоторҳо, осетинҳо, қирғизҳо, яҳудиҳо, гурҷиҳо ва арманиҳо умр ба сар мебурданд. Ҳамзистӣ ва табодули фарҳангҳо сабаби пешрафти мардуми бумӣ мегашт ва таҳаммулпазирӣ як ҷузви аслии ҷомеа маҳсуб меёфт.
Иллати дигари коста шудани фарҳанг ва ахлоқ дар пойтахти Тоҷикистон ба он сабаб аст, ки урбанизатсия (шаҳришавӣ) дар ҷумҳурӣ ба даврае рост омад, ки дар натиҷаи даргириҳо иқтисод заъф ёфту як қисми мардҳо ба хотири таъмин намудани хонаводаҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварданд. Ғайриинтизор, ин муҳоҷират бо гузашти 20 сол густариш меёбаду коҳиш не. Агар солҳои аввал ба ин раванд танҳо мардҳо ҷалб гардида бошанд, чанд соли ахир занҳо низ ба муҳоҷирати корӣ зиёд мераванд. Дар чунин ҳолат, онҳо маъмулан кӯдакони худро дар ихтиёри фарзандони ба воярасида ё хешу табор мегузоранд. Бинобар ин, онҳо аз таълиму тарбия дар канор монда, ба қавле дар «тарбияи кӯча» қарор мегиранд. Агар «тарбияи хиёбонӣ» натиҷаи хуб медод, дар паҳнои таърих аз он бо ҳарфҳои нек ёдоварӣ мешуд.
Имрӯз дар дилхоҳ хиёбону макотиби пойтахт шунидани алфози қабеҳ ва сақату дашном гӯё ба ҳукми анъана даромадааст. Кам шахсе, омӯзгоре ва ё раҳгузаре пайдо мешавад, ки ба чунин тарзи муносибат вокуниши ҷиддие зоҳир намояд. Оё бетарафӣ як иллати аслии густариши бефарҳангӣ дар ҷомеа намегардад? Агар чунин аст, чаро ба оянда ва имрӯзи худ чунин муносибат дорем?
Мисол овардан аз тарзи муносибати ҳамсояҳо аз замони шӯравӣ ба ҳамин хотир буд, ки бигӯем: онҳо дар якҷоягӣ барои маҳалли зист, маҳалла, хиёбонҳо ва ободии шаҳри худ талош мекарданд. Дар акси ҳол, агар нафаре ба танҳоӣ вокуниш зоҳир менамуд, шояд шахси ниҳолбур ҳарфи ӯро гӯш ҳам намекард ва дар оянда низ чунин муносибати худро ба муҳити зист идома медод. Он ҳам, ки муҳити зист буд. Мо бояд пиромуни афкор, гуфтор ва рафтори шаҳрвандони худ биандешем. Билохира, аз тамаддуни шаҳрӣ баҳравар гардему ба фарзандони худ, ҳамсоя ва ниҳоятан ба ҳамватанони худ бигӯем: «Душанбе пойтахт ва Тоҷикистон маъвои ҳамаи мост. Бояд сазовори ин шаҳру Ватан бошем».
Ё хонанда назари дигар дорад?
Эмомалӣ Сайидамирзод