«Ҳар кас метавонад ҳар рӯзи худро беҳтар аз дирӯз бисозад»
Муҳаммади Ҳиҷозӣ
Таъсиси шуъбаи шабона дар Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара барои бонувони шаҳру навоҳии Хатлон имкони касбомӯзӣ фароҳам овард.
Нуриннисо Боқиева, роҳбари гуруҳи шабонаи омӯзишгоҳ, иброз медорад, ки ба роҳ мондани таҳсили шабона барои бонувони корҷӯй орзуи деринтизори духтарони хонанишин буд. Зеро дар вилояти Хатлон ҳазорҳо нафар бонувон бинобар надоштани маълумоти касбӣ барои худ кори муносиб намеёбанд. Аз ҷониби дигар, дастпарварони ояндаи гуруҳи шабонаи омӯзишгоҳи тиббӣ метавонанд дар оянда ҷойҳои кори холиро дар беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ пур кунанд,зеро аз сабаби нокифоя будани музди меҳнат дар соҳаи тандурустӣ мутахассисон тарки касб намуда, норасоии духтурон дар беморхонаҳои навоҳии минтақа мушоҳида мешавад.
Бинобар гуфти Нуриннисо Боқиева соли аввал дар гуруҳи шабонаи омӯзишгоҳ 34 бону аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Данғара, Восеъ, Темурмалик, Балҷувон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор таҳсил дорад. Бештари донишҷӯён кормандони шуъбаҳои санитарии беморхонаҳои ноҳияҳо мебошанд, ки қисман аз нозукиҳои соҳаи тандурустӣ огоҳанд. Таъсиси гуруҳи шабона, бахусус барои касбомӯзии бонувони аз шавҳар ҷудошуда, ки аз надоштани ихтисос ҷойи кор намеёбанд, нақши муҳим мебозад,- мегӯяд ӯ.
Зарафшон Қурбонова, сокини деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара, дар синни 38- солагӣ донишҷӯйи шуъбаи шабона шудааст: «Ҳамшираи шафқат шудан орзуи даврони мактабхониам буд. Баъди хатми мактаби миёна шароити касбомӯзӣ надоштаму волидонам аз тарси он ки духтарони маълумотдорро ба арӯсӣ намегиранд, барои таҳсил розӣ нашуданд. Ҳамин тавр, на ба шавҳар баромадаму на соҳибкасб шудам.
Баъдан, вақте волидонам бистарӣ шуда, ба ёрии пайвастаи тиббӣ ниёз пайдо карданд, иштибоҳи худро дарк намуданд. Охир, аз 9 нафар узви оилаи мо танҳо як бародарам соҳиби кор буд. Акнун баробари кушодашавии гуруҳи шабона иҷозат доданд, ки хонда ҳамшираи шафқат шавам».
Лола Баротова, бонуи ноҳияи Восеъ, низ донишҷӯи шуъбаи шабонаи Омӯзишгоҳи тиббии Данғара аст.
– Аз бекориҳои чандинсола оқибат волидайни омӯзгорам дарк карданд, ки касбомӯзии ман ҳатмист. Зеро ягона омиле, ки бонувонро аз вартаи мушкилот мераҳонад, ин ба кор таъмин намудани онҳо мебошад. Падару модар ба холаву язнаам, ки ҳар ду духтуранду зиндагии хушбахтона доранд, ҳавас намуда, ба ман низ иҷозати таҳсил доданд.
Дилрабо Салимова, донишҷӯйи дигари ин омӯзишгоҳ, чунин мегӯяд: «Ҳанӯз, ки ҳамсару фарзандонам соҳиби касбу коранд, таҳсил дар омӯзишгоҳи тиббӣ бароям мушкилӣ надорад. Омӯзиши илму ҳунар ҳеҷ гоҳ дер намешавад, агар инсон шавқу рағбат дошта бошад. Мабодо баъди хатми омӯзишгоҳ ҷойи кор пайдо нашавад ҳам, лоақал дар ҳолати бемор шудани ягон нафар аз пайвандонам ба онҳо ёрии тиббӣ мерасонам».
Умуман, кушодашавии шуъбаи шабона дар назди омӯзишгоҳ мушкилоти гуногунҷанбаи бонувони минтақаро бартараф менамояд.
Зебонисо Бегова ташкили шуъбаи шабонаро дар назди Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара даргоҳи умеди бонувони хонанишин меномад, зеро аксарияти донишҷӯёни шуъбаи мазкур бонувонеанд, ки акнун имкони соҳибкасб шуданро пайдо кардаанд.
Қаблан бонувони аз синни 36 боло иҷозаи дохил шудан ба омӯзишгоҳҳои касбиро надоштанд. Ҳатто чанд сол пеш дар рафти як санҷиш донишҷӯёни аз 36 сола болои муассисаҳои касбомӯзиро хориҷ карданд.
Айни ҳол, ба гуфти Сабзаалӣ Азимов, директори Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара, барои қабули довталабон ба се гурӯҳ иҷозат дода шудааст. Имсол аз ҳисоби 37 довталаб 2 гуруҳи шартномавӣ таъсис ёфтааст. Дар омӯзишгоҳи мазкур ба ғайр аз 36 омӯзгор, инчунин 96 мутахассиси соҳаи тиб тариқи шартнома кор мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара соли 1990 ҳамчун филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта, баъдан ба расмият шинохта шуд.
Билоли Шамс