Бо Ватан аҳли Ватанро нисбатест,
З-он, ки аз хокаш тулуъи миллатест.
Муҳаммад Иқбол
Ганҷина Ғоибова мехоҳад духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ҳарчӣ бештар дар муассисаҳои таълимоти олии низомии мамлакат таҳсил намоянд ва теъдоди онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзун гардад. Вай зодаи ноҳияи Шаҳристон буда, имсол ба Академияи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуд. Дар ин робита бо ӯ суҳбате доштем, ки мухтасари онро пешниҳоди хонандагони арҷманд мегардонем:
– Ганҷина, чаро ин касбро интихоб кардед?
– Ҳанӯз дар синфи панҷум мехондам, ки дар дилам шавқи корманди мақомоти милитсия шудан пайдо гардид. Ҳар вақте писари амакам Бахтиёр Нарзуллоевро бо либоси низомӣ медидам, ба худ мегуфтам: «Ҳатман мисли ӯ мешавам». Ин ниятамро ба Бахтиёр гуфтам. Вай чунин посух дод: «Дарсҳоро хуб бихон, ба варзиш машғул шав ва рӯзе ба орзуят мерасӣ». Ин буд, ки пайваста машқу тамрин мекардаму сабақҳои устодонро хуб аз бар менамудам.
– Танҳо либоси низомӣ шавқи Шуморо ба корманди милитсия шудан бедор кард, ё чизи дигаре низ буд, ки ба интихоби ин касб раҳнамун сохт?
– Албатта, либоси низомӣ барои духтарони тоҷик зебанда аст ва ба бар кардани он як навъ ифтихор аст. Вале ман мехоҳам, ки симои бонуи милитсияи тоҷикро тағйир диҳам ва беҳтарин хислатҳои духтарони маҳаллиро дар он таҷассум созам. Мафкураи барғалати «милитсия кори зан нест»-ро инкор намуда гуфтаниям, ки ҳар қадар дар мақомоти қудратӣ, аз ҷумла, милитсия бонувон зиёд бошанд, он ба манфиати кор хоҳад буд.
– Аз ин тасмим падару модар розӣ буданд?
– Бале. Қиблагоҳам ронанда ва модарам ҳуқуқшиносанд. Қабл аз ҳама падар маро дар роҳи расидан ба мақсадам дастгирӣ карданд, ки бисёр сипосгузорам.
– Ҳамсоягону ҳамшаҳриён чӣ мегӯянд?
–Тақрибан ҳар ҳафта ба ноҳия меравам. Вақте духтарони мактабхон маро бо либоси низомӣ мебинанд, ҳавасашон меояд ва мегӯянд: «Мо низ ба академия дохил гардида, ҳуқуқшинос хоҳем шуд».
– Таҳсил мушкил нест?
– Не, то нисфи рӯз дарс мехонем. Сипас, машғулиятҳои иловагӣ мегузарем. Баъдан ба хона рафта, ҳамроҳ бо ҳамсабақам Макнуна Умарзода омӯзишро идома медиҳам.
– Оё қабл аз донишҷӯӣ хабар доштед, ки ин касб бисёр маҳрумиятҳо низ дорад?
– Медонам, ки кор танҳо иборат аз либоси низомӣ пӯшидан нест. Бедорхобиҳо, заҳматҳо, ранҷҳо ва хатарҳо дорад. Ҳолатҳое мешавад, ки барои таъмини оромию осудагии мардум бо авбошону ҷинояткорон сар ба сар мешавӣ. Ба ин хотир, аз синфи панҷум сар карда, пайваста дар толори варзишии мактабамон тамрин менамудам. Рӯзҳои гарм бошад, дар майдони варзишии мактаб ҳамроҳи писарон медавидам. Ҳоло ният дорам, ки усулҳои ҷанги тан ба тан ва бисёрҳарбаро аз устодон биёмӯзам.
– Агар баъди хатми академия ба дигар шаҳр ё ноҳия фиристанд, меравед?
– Савганд ёд кардаам ва раҳбарон ба ҳар куҷо лозим донанду бифиристанд, меравам .
– Агар оянда шавҳар монеи кор шавад, чӣ хоҳед кард?
– Пеш аз шавҳар кардан ба ҳамсари ояндаам шартҳои худро хоҳам гузошт. Самараи таҳсили худро бар бод нахоҳам дод. Умедворам бо инсоне рӯ ба рӯ хоҳам шуд, ки дили маро мефаҳмад ва тасмиму андешаи маро эҳтиром мегузорад.
– Оё шунидаед, ки баъзан мегӯянд: «Худоё, моро ба милитсияву духтур гирифтор накун!» Чаро ин ақида пойдор шудааст?
– Инро онҳое мегӯянд, ки аз кори милитсия огоҳӣ надоранд. Милитсия пойбанди қонун аст. Вай кӯшиш мекунад, ки пеши роҳи ҷинояткориро бигирад. Вай ҳақ надорад ҷиноятро рӯпӯш созад. Ин, албатта, ба баъзе одамон мақбул нест. Аз ин рӯ, ин тоифа дар ҳаққи милитсия суханони носазо мегӯянд. Вале кам нестанд одамоне, ки дуои нек карда, милитсияро ҳимоятгар меноманд.
– Чӣ орзуҳо доред?
– Варзишро идома дода, ҳамзамон дар баробари дигар фанҳо кӯшиш мекунам забонҳои англисию русиро фаро бигирам. Зеро, хуб дарк мекунам, ки афсари даврони истиқлол хоҳам шуд ва барои дигарон бояд аз ҳар ҷиҳат намуна бошам.
Тилав Расулзода