Романтика ба эҳсосоти зебое гуфта мешавад, ки аз қалб маншаъ мегиранду зиндагӣ ва лаҳазоти ҳаётро зебову гуворо мекунанд. Барои иброзу изҳори эҳсосоти романтикӣ инсонҳо аз гулу хушбӯӣ, шеъру сухану мусиқӣ, аксу тасовири зебо, рақсу манозири нотакрор ва дигару дигар истифода мебаранд. Дар ҷаҳони имрӯз, агарчанде гапи дараҷаи якро иқтисоду пешрафтҳои технологӣ мезананд, мошинизм ҳамагир шудаасту инсонҳо бо як зиндагии хушки роботӣ рӯ ба рӯ шудаанд, аммо ҳанӯз ҳам романтика вуҷуд дорад ва дар баробари ин ҳама бераҳмиҳои рӯзгори навин сахтҷонӣ мекунад.
Романтика дар гузаштаҳо зиёдтар худнамоӣ медошти ва ҳаёти башар то инқилобҳои саноатӣ ва пешрафтҳои технологӣ бештар романтик буд то ба имрӯз. Инсонҳо дар қадим бештар эҳсосотӣ, дорои отифаи қавӣ ва дилҳо бештар пурмуҳаббат буданд.
Романтика дар таърихи башар шомили ҳоли бузургони ҷаҳон, шоҳону сарону сарварон, паёмбарону ҳакимону надимон низ будааст. Тозагиҳои сериали зебои туркӣ, ки ҳаёти оилавии салотини туркҳои усмонӣ ва паризодагони ҳарамсарои онҳоро ба риштаи тасвир кашидааст, шӯҳраи шаҳру шабакаҳои телевизионӣ шудаанд.
Ин пурсишҳо, ки «оё Пайғамбари худо Ҳазрати Муҳаммади Мустафо алайҳиссалоту ва саллам низ романтик буд? Оё ӯ аз ин эҳсоси зебои инсонӣ ва отифаи баланди қалбӣ барои завҷаҳои худ истифода мекард? Оё ҳамсарони он Расули хушҷавоз дар ҳаёту зиндагии худ саҳнаҳои романтик доштанд?» саволоте ҳастанд, ки дар ҷумҳурии мо матраҳшуда нестанд, гарчанде ба шакли пароканда ривоёте дар ин хусус вуҷуд доранд.
Аз рӯйи ривоёти исломӣ ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам саҳнаҳои романтик бо ҳамсарони худ фаровон доштааст. Тардиде нест, ки бештари ҳаёту зиндагии ӯ дар ҷангу мубориза ва ҷиҳоду рӯёрӯиҳо гузашт, аммо дар васати ин ҳама он фиристодаи Худо фурсат меёфту лаҳазотеро бо ҳамсарони худ дар камоли хушиву авҷи зебоӣ мегузаронид.
Пас аз ин лиҳоз метавон хулосагирӣ кард, ки доштани лаҳазоту фурсатҳои романтик дар зиндагӣ суннати набавӣ ҳаст. На танҳо доштани он, балки сохтану офаридани он низ.
1. Имом Бухорӣ аз ҳазрати Оишаи Сиддиқа разияллоҳу ъанҳо ривоят мекунад, ки дар яке аз рӯзҳои ид сиёҳпӯстон намоиши идонае иборат аз бозӣ бо шамшеру синон баргузор намуданд. Ҳазрати Муҳаммад (с) аз ҳамсараш Оиша (р) пурсид, ки оё мехоҳад ин намоишро тамошо кунад? Ҳазрати Оиша гуфт, бале. Сипас Пайғамбар Муҳаммад (с) тавре истод, ки ҳамсараш аз пушти сари ӯ дар ҳоле, ки рӯи худро ба рухсораи ҳазрати Муҳаммад салаллоҳу алайҳи ва саллам мечаспонд, ба тамошои он намоиши идона шурӯъ кард. Ин ҳолат то хаста шудани модари мӯъминон Оиша разияллоҳу ъанҳо идома дошт.
Бо тааммул дар ин ривоят метавон мулоҳиза намуд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) чӣ қадар эҳсоси романтикии болое дошту ҳангоми тамошои чунин як намоиш аз он истифода мекард ва гузашта аз ин дилдориро ошкоро анҷом медод. Дар банду бими он набуд, ки касе ӯро мебинад ва изҳори ишқу муҳаббат дар як чорчӯбаи ахлоқии волоро бо ҳамсаронаш бебок анҷом медод.
2. Дар ривояти дигар Бухорӣ аз Анас ибни Молик ривоят мекунад, ки тайи яке аз сафарҳо Ҳазрати Муҳаммад (с) барои савор шудан бар пушти уштур, ки баландӣ мекард, пойи худро тавре гузошт, ки ронаш зинае барои баромадани ҳамсараш шавад, аммо Сафия низ ин меҳрубонии шавҳари худро посухе муносиб доду кафи пойи худро нагузошта зонуяшро монду ба уштур боло шуд.
Сафия, ки аслан бонуе бо шахсияту ҷаҳонбинӣ буд, тамоми ин нозукиҳоро дарк мекард ва ҳамеша посухе муносиб ба онҳо медод. Шумо барои як лаҳза тасаввур кунед, ки ҳамсари Пайғамбар (с) зонуи худро руйи рони шавҳараш мегузораду ҳатман Паёмбар (с) дасти ӯро дошта барои савор шудан ба уштур ёрӣ мерасонад. Чӣ манзараи ҷолибу романтикӣ. Ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки дигарон инро медиданд.
3. Имом Аҳмад ва Абудовуд ривоят мекунанд, ки Пайғамбари Худо ҳамеша бар рӯйи ҳамсарони худ табассум менамуд ва авқоти хуше бо онҳо дошт. Мутобиқи ривояти ин ровиёни муътабари ҳадис ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамсараш Оишаро ба саҳро мебурду бо ӯ мусобиқаи давидан мекард.
Дар як баррасии куллӣ аз зиндагии Пайғамбар (с) метавон хулоса гирифт, ки зиндагияш як ҳаёти муштарак бо ҳамсаронаш буд. Ин муштаракӣ на танҳо дар дохили хона, балки дар тафреҳу хушгузаронӣ низ маҳсус буду мушоҳида мешуд. Ривоёти фаровоне аз Расули акрам (с) омадааст, ки чӣ гуна дар кори хона ба ҳамсаронаш ёрӣ медод, бар рӯяшон табассум мекарду аз миёни абрӯвон мебӯсид, бо онҳо шӯхӣ менамуду ҳаргиз дилозорӣ намекард. Агар мушкиле ба сабаби рашку ҳасад ва ё иллату далели дигаре дар миёни ҳамсаронаш сар мезад, ҳатман Расулуллоҳ (с) мекӯшид, ки онро ҳал намояд ва ҷузъи ҳал бошад на қисмате аз мушкил. Пайғамбари Худо бо ҳамсаронаш машварат меорост ва шахсияти онҳоро эҳтиром менамуд. Ӯ ҳамаи ин ахлоқу бархурди ошиқонаву романтик бо ҳамсаронашро дар зиндагие амалӣ намуд, ки саршор аз душвориҳову чолишҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ буд. Пас набояд сахтиҳои рӯзгор баҳонаи талх зистан барои мо мӯъминону умматоне бошад, ки дар шароити орому амн ба сар мебарем. Ӯ (с) бо ин ахлоқаш ба мо фаҳмонид, ки барои дилбарӣ ва зебо зистан ҳеҷ баҳонае вуҷуд надорад. Пас ин умри кӯтоҳи зудгузарро бояд зебо зист. Ин аст он чӣ аз он Расули бузургвор (с) меомӯзем.