Муаррифӣ:
Туҳфа Умарова соли 1960 омӯзишгоҳи томактабии шаҳри Душанберо хатм намуда, солҳои 1964-1968 дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар факултаи забон ва адабиёти тоҷик таҳсил кардааст. Фаъолияти омӯзгориашро дар ноҳияи Вахш оғоз менамояд. Соли 1972 ба мактаби рақами 2-и ноҳияи Тоҷикобод мегузарад. Соли 1975 раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об таъйин мегардад. Соли 1982 дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба унвони мудири шуъбаи оила ва ҳуқуқ кор мекунад. Баъд аз чаҳор сол роҳбарии хонаи пионерони ноҳияи Тоҷикободро бар уҳда мегирад. Феълан нозири кадрҳои шуъбаи маорифи ҳамин ноҳия аст.
Қамчин ва зан
«Солҳои даргирӣ ба ҳайси раиси Кумитаи занҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод кор мекардам. Вазъият муташанниҷ буд. Неруҳои бадсиришт мехостанд ҷомеаро ба қаъри ҷаҳолат бикашанд. Барои ба ҳадаф расидан аз роҳҳои гуногун истифода менамуданд. Таҳдиду фишор ҳамарӯза эҳсос мегардид. Силоҳбадастон чанд дафъа фишор оварда, маҷбур менамуданд, ки корро бас кунам. Ба ҳарфашон гӯш надодам. Як дафъа ба ҷойи корам омада, бо қамчин ба сару рӯям заданду таҳдид намуданд, ки корро бас накунам, духтарамро бо худ мебаранд. Чунин сурат гирифтани корро интизор набудам. Аз ин рӯ, барои наҷот додани оила, бо раиси ноҳия маслиҳат намуда, хонаамро фурӯхтаму ба шаҳри Душанбе кӯч бастам. Муддати як сол дар пойтахт ба корҳои ноҳия шуғл меварзидам. Дар ҳама нишасту ҷаласаҳои ҷумҳуриявӣ аз номи ноҳия ширкат мекардам.
Азбаски дар кӯҳистон ба воя расидаам, шаҳр ва зиндагӣ дар хонаҳои бетонӣ ба табиатам рост наомад. Аз ин рӯ, баъди ба эътидол омадани вазъ боз ба Тоҷикобод баргашта, аз нав хона харида, ба кор шуруъ намудам»,- мегӯяд Туҳфа Умарова, солҳои 90-умро ба хотир оварда.
Оғози зиндагии пур аз муҳаббат
Оре, ӯ инсонест, ки наметавонад дар муҳити ҷаҳолату зӯроварӣ зиндагӣ кунад, зеро ҳаёти оилавиро бо муҳаббат оғоз намудаву фарзандонро низ ба ин роҳ ҳидоят сохтааст. Дар ин маврид муаллима чунин изҳори назар мекунад:
«Баъд аз издивоҷ бо шавҳарам барои кор ба ноҳияи Вахш рафтем. Ӯ рӯзноманигор буду ман омӯзгор. Зиндагиро бо як кӯрпаву рахтхоби оҳанин оғоз намудем. Эҳтимол барои ҷавонони имрӯз боварнакарданӣ бошад, аммо, мо хушбахт будем, зеро манзиламон аз муҳаббат гарм буду дилҳоямон аз ишқ».
Як бартарии ҳаёти замони шӯравӣ ҳам ин буд, ки аксар ҷавонон зиндагии оилавиро ба истилоҳ аз сифр оғоз менамуданд. Бо роҳхати донишгоҳ ба ноҳияи дурдасте сафар намуда, фаъолияти кориашонро оғоз мекарданд. Баъд аз муддате бо мардуми деҳа аз наздик шинос гардида, ба қавле хешу табор ва бародару хоҳар мешуданд. Дар зеҳни ҷавонон бештар меҳр ба Ватан буду талош меварзиданд дар риштаҳои худ шинохта шаванд. Шабҳои бехобӣ, табодули назар ва таҷриба ба тадриҷ ҷавононро ба мутахассис табдил медод. Илова бар ин, дар он замон чизпарастӣ хеле камтар ба назар мерасид. Эътибори кам ба ҷамъ овардани сармояу ашё бештар ба хушбахтӣ мусоидат менамуд. Муҳаббат ба ҳамсару фарзандон, ба Ватану модар ва тахассус маҳаки зиндагӣ маҳсуб мешуд. Дар муқоиса ба ҷавонони имрӯз он вақтҳо эътибор дар ҷойи кор ва қадр дар зиндагии хонаводагӣ боиси ифтихор буд. Маънавиёт зиндагиро рангину хуш мекард.
«Пешравии шогирдонро медидаму дилам аз фараҳ лабрез мегашт. Шаб ба хона омада, ба шавҳарам аз пешравиҳои корам нақл мекардам», – ба ёд меорад муаллима ибтидои фаъолияташро. –Баъдан, дар ҳар ҷойе, ки кор мекардам, ба пуррагӣ худро ба он мебахшидам, шояд ҳаминро ба назар гирифта, ҳамкорон эҳтиромам менамуданд. Ба ғайр аз ин, омӯзгорӣ аз падар мерос мондааст».
Эҳтиром ва қадр
Бале, ҷомеа ва мардум эҳтирому қадраш мекунанд. Зеро барои бахше омӯзгори дилсӯз асту барои гурӯҳе бонуи мутахассис ва кордон. Ба нафақа баромаду ду сол дар хона нишаст. Бо фарзандону наберагон ҳоли хуш дошт. Аммо рӯзе дари хонаашро кӯфтанду боз ба кор даъваташ намуданд…
Мефаҳмад, ки дар кӯҳистон ҳанӯз ҳам кадрҳои соҳибихтисос ва кордону ботаҷриба намерасанд. Касбашро низ дӯст медорад. Аз ин рӯ, баргашт. Ду сол боз дар шуъбаи маорифи ноҳия ба ҳайси нозири кадрҳо кор мекунад. Бо аввалин имконияти дастдода, таҷрибаи зиндагиашро ба ҷавонон меомӯзад. Охир, набераҳову абераҳо бояд ба мактаб раванду маърифат омӯзанд. Ояндаи ҷумҳурӣ дар дасти онҳост.
Фоҷиа
Писари дувуми муаллима –Ҷамшед Эшонов, паҳлавон буду Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм намуда. Фаъолӣ ва ҷасорату донишашро ба назар гирифта, ӯро ба Вазорати корҳои дохила ба кор гирифтанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод кор мекарду аз эҳтироми ҳамдиёронаш бархӯрдор буд. Ба тозагӣ хонадор шудаву як фарзанд дошт.
Солҳои 90 –ум гурӯҳҳои сиёҳкор қабл аз ҳама мутахассисон ва ашхоси баобрӯю ҷасурро нест мекарданд. Ҷамшед Эшонов аз ҳамин қабил ашхосе буд, ки ба ҳарфи онҳо гӯш надоду сар наздашон хам накард. Ӯро номардона куштанд…
Фоҷиа танҳо ба оилаи Эшоновҳо тааллуқ надошт. Ин фоҷиаи маҳал, минтақа ва миллат буд. Вақте қаҳрамонам ин ҳодисаи мудҳишро ба ёд меовард, ба умқи чашмонаш хира шудам. Оре, танҳо модар аст, ки чунин фоҷиаро дар худ ниҳон доштаву барои идомаи зиндагӣ неру меёбад. Зан – модар аст, ки бо ин ҳама дард барои пешрафти ҷомеа боз ҳам талош меварзад, набераҳоро дар оғӯш мегирад, муҳаббати аз падар надидаро барояшон ҷуброн мекунад…
Зиндагии як зан
Аз зиндагӣ шукргузор аст. Ҳамсари хуб дораду зиндагии пурфайз. Фарзандон таҳсилдидаанду соҳибкасб ва дар маҳалли кор соҳибобрӯ. Яке полковники КҲФ асту дигаре омӯзгор, савумӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ифои вазифа мекунаду чаҳорумӣ косиб асту дастони пурҳунар дорад.
«Дар муҳити маҳал фаъолияти як зан аз шавҳар вобастагии калон дорад. Аксар маврид ҳамкоронам суол мекунанд, ки оё шавҳарат рашк намекунад? Дар ҷавоб мегӯям, ки не. Вақте бо коре ба пойтахт меравам, баъди баргаштан шаби дароз ба ӯ нақл мекунам, ки бо кадом шиносу ҳамдарсон вохӯрдаму ба куҷо рафтам. Ё дар толорҳои синамои Душанбе кадом филмҳоро тамошо кардам. Бо шавқ ба гуфтаҳоям гӯш медиҳад. Рашк дар зиндагии мо ҷо надошт, зеро ба ҳам эътимод дорему якдигарро дӯст медорем. Илова бар ин, дар як факулта, дар як курс дарс хондаву якдигарро хуб шинохтаем. То имрӯз аз ӯ ҳарфи бад ва ё ноҷое нашунидаам. Шахси бофарҳанг ва меҳрубон аст. Ба фарзандонам ҳам аз хурдӣ талқин мекардам, ки дӯст дошта оила бунёд намоед», –мегӯяд Туҳфа Умарова.
Мушкилоти занҳои Тоҷикобод
«Занҳои ноҳияи мо ҳанӯз мушкилоти зиёд доранд. Мушкили аслӣ мутеъ будани аксари онҳо ба шавҳар аст. Мушкили дигар бекорӣ ва хонашин будани онҳост. Ва мушкили асосӣ зуд ба шавҳар додани духтарон аст. Духтарони 16- 17- соларо волидон ба шавҳар медиҳанд. Аксари онҳо зуд хонавайрон мешаванд, зеро ба зиндагии мустақил омода нестанд. Бояд модарон пастиву баландии зиндагиро ба онҳо биомӯзанду баъд ба шавҳар диҳанд. Илова бар ин, қисми зиёди духтарон ба таҳсилоти макотиби олӣ фаро гирифта намешаванд. Дар ин роҳ волидон ба онҳо мушкил эҷод менамоянд. Хушбахтона, солҳои охир тибқи Квотаи президентӣ баъзе духтарон ба донишгоҳҳо рафта соҳибмаълумот мешаванд. Соли гузашта набераамро худам ба пойтахт бурдам. Ӯ ба донишгоҳ дохил шуд.
Сабаби ақибмонии баъзе занҳои ноҳия дар бесаводӣ ва ҷаҳолати онҳову шавҳаронашон нуҳуфтааст. Одами бесавод зуд фирефтаву мутеъ мегардад. Дар ҳолати пеш омадани мушкил на ба назди мутахассис, балки ба назди фолбин мераванд. Шахси бесавод гумроҳ аст. Ҳуқуқу мавқеи худро дар ҷомеа намедонад. Дар ноҳия баъзе занҳо танҳо баъди хонавайрон шудан ба кор мебароянд, то зиндагиашонро таъмин намоянд. Бояд ба маърифатнокии занҳо бештар аҳамият диҳем. Ин кор ҳам ба нафъи онҳосту ҳам бар суди ҷомеа. Занҳои тоҷикободӣ дар пухту паз ва ҳунармандӣ ҳамто надоранд. Беҳбудӣ дар мавриди соҳибмаълумот гардидани бонувон низ солҳои охир ба чашм мерасад», – ба суҳбат ҳусни анҷом мебахшад Туҳфа Умарова.
«Замони таҳсил дар мактаб ба суханони муаллимон гӯш медодаму орзу мекардам, ки омӯзгор ва ё наттоқ шавам. Толеъ баландӣ карду соҳибмаълумот гардидам. Имрӯз дар баробари омӯзгорӣ кӯшиш менамоям аз муаллимони ботаҷриба сабақ гирам, то битавонам мисли онҳо ба дили шогирдон роҳ ёбам».
Аз шогирдӣ то устодӣ фосила бузург аст. Тай кардани ин роҳ иродаву муҳаббат ба касб мехоҳад. Зеро ин касб хеле сангин асту заҳматталаб. Умед дорем, ки Рисқинисо аз таҷрибаи устодоне ба мисли Туҳфа Умарова омӯхтаву камол меёбад.
Эмомалӣ Сайидамирзод