Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба ифтихори 70-солагии Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Шерова маҳфили бошукӯҳе баргузор кард. Дар ҳошияи маҳфил суҳбате оростем дар бораи мақому манзалати китоб ва китобдор, бо шахсе, ки ним асри ҳаёти хешро ба китоб ва хидмати мардум бахшидааст.
– Муаллима, чаро баромадкунандагон бештар дар бораи фаъолияти пурсамари беш аз 50 – солаи Шумо сухан карданд, вале худатон танҳо дар хусуси мушкили соҳаи китобу китобдорӣ ҳарф задед?
– Масъалаи китобу китобдорӣ тамоми ақлу ҳуши маро банд кардааст. Имрӯз аз он сахт нигаронам, ки мақому манзалати китобу китобхонӣ дар ҷомеа пойин рафта, қадри молу ҳирси сарват фарогири ақлҳо шудааст. Мардуми кӯҳистон ҳамеша соҳибкитоб буда, онро аз даст ба дасту аз насл ба насл ба мерос мегузоштанд.
Ривояте ҳаст, ки Ҳаким Носири Хусрав чун ба кӯҳистон омад, дар кулбор китоб дошт. Мардуми ташнаи илму маърифат аз паси Ҳаким мегаштанду ба панду ҳикматаш гӯш фаро медоданд. Ва мегӯянд, ки сокинони як маҳал ҳатто шабе китобҳояшро дуздиданд.
Аз қадимулайём зери болини кӯдаки навзод дар кӯҳистон ғазалиёти Ҳофиз ва ё «Девони Шамс»-и Ҷалолиддини Румиро мегузоштанд, ба умеде, ки дар оянда бо хату савод шавад ва фаҳмише ҳам роиҷ буд, ки абёти малакутӣ тифлро аз неруҳои аҳриманӣ ҳифозат мекардаанд.
Дар деҳаи Сучони ноҳияи Шуғнон хонаводаеро медонам, ки асрҳо боз «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавиро чун ганҷи пурбаҳо ҳифз мекунанд ва он аз насл ба насл мегузарад. Мегӯянд, ки ин китоби хушнависони маҳфили адабии Ҳинд буда, замоне падарбузурги хонавода онро бар ивази ду ҷуфт барзагови корӣ харидорӣ кардааст.
– Анъанаи китобхонӣ ва эҳтиром ба китобу китобдорӣ дар давраи шӯравӣ чӣ гуна буд?
– Пас аз хатми Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии собиқ ноҳияи Ленин, (ҳоло Рӯдакӣ) соли 1961 фаъолиятамро дар китобхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ оғоз кардам. Он замон китобхона дар бинои тангу кӯҳнае ҷой дошт. Аммо ҳамеша серодам буд. Хонандагоне буданд, ки байнашон барои мутолиаи бештари китоб мусобиқа мерафт.
– Ба фикри Шумо чӣ омилҳое сабаб шуданд, ки толори китобхонаҳо холианд ва анъанаи китобхонӣ ба тадриҷ аз байн меравад?
– Китобдори имрӯза аз утоқи корӣ берун намешавад. Қаблан, ба ҷойи изофанависии шумораи хонандагон, ки ман онро ҷиноят ҳисоб мекунам, китобдорон ба манзури тарғиби китоб ва ташвиқи китобхонӣ хона ба хонаву муассиса ба муассиса мегаштанд. Ин амал самараи хубе дошт.
Воқеан, солҳои охир сафи китобдӯстон кам шудааст, ки ман онро бештар ба омилҳои иҷтимоӣ бастагӣ медиҳам. Ба китобхона бештар донишҷӯён дар арафаи имтиҳонсупорӣ меоянд. Бештари ҷавонон имрӯз ба тамошои диску фитаҳои гуногун майлу рағбат доранд.
Дар ҷараёни раванди хусусигардонӣ ягона мағозаи китобфурӯшии шаҳр низ шахсӣ шуд ва соҳибмулк онро ба ошхона табдил дод. Дар ду китобхонаи шаҳрӣ ҳам одамонро маскун карданд. Аксари китобхонаҳои деҳот бо ном фаъолият доранд. Бо сабаби набуди бино ва ё хусусӣ шудани биноҳо китобхонаҳо дар манзилҳои шахсии китобдорон ҷой гирифтанд.
Мушкили дигар ин аст, ки фонди китобхонаҳо кайҳо кӯҳна шудаанду ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Китобҳои наву замонавиро бояд ба феҳраст ворид намуд.
Ш. Мирзоҷалол