Чун дигар ҳамсолонаш соли 1936 таҳсилро дар яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Санкт-Петербург оғоз намуда, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва муҳосираи Ленинград (Санкт-Петербург) моҳи марти соли 1942 оилаи онҳо ба Қазоқистон кӯчид.
Пас аз хатми мактаби миёна ба Тоҷикистон омада, солҳои 1949-1954 дар факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил намуд. Баъди ба охир расидани таҳсил ба шаҳри Фрунзе баргашт. Мира Алексеевна ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ ба Тоҷикистон меҳри беандоза дошта, дар экспедитсияҳои бостоншиносии шаҳраки Панҷакент ва Ҳулбук фаъолона ширкат мекард.
Ва соли 1959 баъди ба охир расидани аспирантура бо пешниҳоди мудири шӯъбаи бостоншиносии Институти таърихи Академияи илмҳо А.Б.Литвинский барои кор ба Тоҷикистон баргашт.
Солҳои 1963-1968 дар ҳайати экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти роҳбарии Б.А.Литвинский дар Бозордара (Аличур) дар баландии 3980 метр аз сатҳи баҳр фаъолият намуда, тобистони соли 1966 дар Бозордара (Помири Шарқӣ) 67 номгӯй маводи хатнависӣ, килку хома, боқимондаи матоъҳо ва ашёи дигари рӯзгорро пайдо намуд.
Дар байни бозёфтҳои бостоншиносии Мира Алексеевна маҷмӯаи қабристони Қарадимури соҳили дарёи Ғунд аз асри 1 то милод ва тақвими офтобии деҳаи Караати назди Қаракӯл (Помири Шарқӣ) мавқеи калон доранд. Соли 2003 Мира Алексеевна бо ҳамкории бостоншиноси шведӣ М.Хаузер дар Помири Шарқӣ се муҷассамаи 30 метраи санги рахдорро пайдо намуд, ки ба асри 1 милодӣ тааллуқ дорад. Ӯ соли 1997 «Харитаи бостоншиносии Помири Ғарбӣ»-ро нашр намуд, ки он дар бораи 285 ёдгории таърихӣ маълумот медиҳад.
Мира Алексеевна ба ғайр аз кофтукобҳои бостоншиносӣ ба ҷамъоварии маводи таърихӣ рағбати калон дошта, соли 1986 бо ҳамкории китобхонаи илмии Академияи илмҳои ба номи И.Ганди нишондиҳандаи библиографии дуҷилдаро мураттаб намуд. Ҷилди якум дар бораи таърих, мардумшиносӣ, антропология ва ҷилди дуюм дар бораи илми бостоншиносӣ маълумот медиҳад. Дар ҳар ду ҷилд 4911 номгӯй адабиёт гирд оварда шудааст.
Ӯ солҳои 1983, 2002-2004 роҳбари экспедитсияи бостоншиносии шаҳраки Душанбе буд. Соли 2004 ба ифтихори ҷашни 80-солагии Душанбе харитаи бостоншиносиро нашр намуд.
Ба қалами вай зиёда аз 200 асару мақолаҳои илмӣ мансуб мебошад. Мира Алексеевна аъзои фахрии Коллеҷи зардуштиёни ш.Бомбай ва шаҳрванди фахрии ВМКБ мебошад. Соли 2009 аз ҷониби Маркази байналмилалии биографии Кембриҷ (Британияи Кабир) инсони сол эълон шуда, ба дарёфти ҷоизаи Алберт Эйнштейн пешниҳод гардид. Номи ӯ ба «Интеллектуалҳои барҷастаи асри XXІ» ворид карда шудааст.
Чунин аст рисолати як инсони заминӣ ва як бонуи дилбастаи илми бостоншиносии тоҷик.
Сулаймоншо Ғуломшоев,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон