Қалби шоирона ва як зиндагии ба афсона монанд дорад ин бонуи зебо. Ба ин афсона ӯ танҳо тавассути саъю талош ва фаъолияти пурсамар дар радиои «Фарҳанг» ворид шуд.
Баъди хатми мактаби миёна аз пайи афсона ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рафт. Мехост дунёи пурфасонаи Шарқро биёмӯзад. Ба факултаи шарқшиносӣ дохил шуд. Бо ҳавас таҳсил мекарду дили афсонаҷӯяш тамошои дунёи савту наво, созу рози олами санъат мехост ва Маҳбубаи Саидзод ин давраи гулшукуфти умрро хеле самарабахш пушти сар кард. Шеъри бисёре аз бар намуд. «Ҷавонӣ як баҳоре буду бигзашт…» мехонд дар суруде. Дар ҳамин баҳори умр, ки кору эҷод кардан мехосту донишҷӯ буд, Худованд аллакай оила ва чаҳор фарзандро муяссараш гардонд. Ин неъматҳои Аллоҳ нагузоштанд, ки сайри олами Шарқ аз пайи афсона биравад, вале афсонаи олами тифлонаш низ гуворо буд…
СУХАН МОНАД АНДАР ҶАҲОН ЁДГОР
Ӯ оқибат баъди 8 соли ба тарбияи фарзандон машғул шудан, тавонист ба кор барояд, ба як олами афсонаи дигар – дунёи радиои «Фарҳанг» дар рӯзи таъсисёбии ин шабака - 5 ноябри соли 2008. Овози ширадору тарзи гуфтори роҳбари ин радиои навтаъсис, барандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Хайруллоҳи Иброҳим ва лавҳаҳои зебои қироатнамудаи ӯ низ Маҳбубаро ба олами афсонаҳо мебурд.
Бар замми танзимгари барномаҳои радиои навташкил будан, ӯ ба ҳайси муҳаррир ва гӯянда низ ба кор ҷалб гардид. Дар андак муддат чун муҳаррири барномаҳои «Насри муосир», «Гулбонг», «Андалебони гулшани роз» ва гӯяндаи як силсила гуфторҳои радиоӣ хуш пазируфта шуд.
Ба ӯ лозим меомад, ки ҳамроҳи устодаш на танҳо очерку лавҳаҳои диловезу пурмуҳтаворо қироат намояд, балки дар чунин гуфторҳои ҷолибе, ба мисли: «Радиотеатр», «Радиофилмҳо», барномаҳои калонҳаҷми идона, силсилагуфторҳои «Хониши бадеӣ», барномаҳои «Ману шабҳои маҳтобӣ», «Ашкҳои хуршедӣ», «Наргиси шаҳло», «Бо моҳу парвин», «Гулшани роз», «Ҷоми ҷаҳоннамо китоб аст», «Рози созҳо», «Ало, шеъри тари дарё», «Сафинаи сафед», «Кохи ҳунар», «Ошиқона», «Рез борон», «Атре дар гесуи шаб», «Лолаҳо дар ёлаҳо», «Борони ашк дар баҳор» ва боз чандин барномаҳои дигар чун муаллиф, муҳаррир ва гӯянда ширкат варзад.
Маҳбубаи Саидзод ба орзуҳои деринааш расид. Яъне чун санъату адабиётро дӯст медошт, тавонист ба ин орзуяш дар радио бирасад. Дар чандин гуфторҳои радиоии театрикунондашуда нақшҳои ҷолибу хотирмон бозид, дар таҳия ва банду басти спектаклҳои радиоӣ ширкат варзид.
СУХАН – БЕҲТАР АЗ ГАВҲАРИ ШОҲВОР
Барои тайёр кардану дар мавҷ садо додани ҳар як гуфтор шабонарӯзӣ заҳмат кашидан лозим меомад. Муваффақият дар кори радио ҳам осон даст намедиҳад.
Ҳар як шеъру тарона ва ҳикояю очеркро пеш аз он ки дар радио садо диҳад, борҳо гаштаю баргашта мехонд, дар ҳузури аҳли оила шабҳо такрор мекард, аз устодаш дар ҷои кор маслиҳат мегирифт ва баъд онро сабт мекарду ба мавҷи радио парвоз медод. Аммо бисёр вақт баъди садо додани барнома низ аз худ қаноатманд нашуда, зуд камбудию норасоиҳои рухдодаро дарёфт ва ислоҳ мекард, барои беҳтару расотар шудани сухан мекӯшид.
Ин афсона барояш хушоянд буд…
ПАЙИ АФСОНАЕ ДИГАР
– Дар бахши шарқшиносӣ таҳсил мекардаму ба саҳна, ба сурудхонӣ дилкашолӣ доштам. Аз радиову телевизион барномаҳои драмавию саҳнавиро гӯш кардаву тамошо карда, ҳар як баромади санъаткорону ҳофизони шинохта – Туҳфа Фозилова, Хайрӣ Назарова, Нуқра Раҳматова, Нигина Рауфова, Мағфират Ҳамроқулова ва дигаронро бо шавқу ҳавас мешунидаму тамошо мекардам ва дар дил орзу мепарваридам, ки ба онҳо монанд бошам, – нақл мекунад Маҳбуба ва боз илова мекунад: барои матни суруди аввалинам ба шоираи соҳибзавқ Нуқраи Суннатниё муроҷиат карда, ёрӣ пурсидам. Суруди «Маро бубахш, азизам» ба вуҷуд омад, ки ман онро суруда дар фита сабт намудам ва он ба шунавандаю бинандаҳо хеле писанд омад.
Дертар Маҳбуба як суруди ҳунарманди иронӣ Пунеҳро, ки «Дӯстат медорам» ном дошт, сароид.
Сониян, ду суруди санъаткори бузург – Туҳфа Фозиловаро, ки «Мепарварам» ва «Эй бодапарастон» ном доштанду аз хазинаи радио пайдо намуда буд, месароид ва ҳамин тавр бо ёрии устодаш – Ҳунарманди мардумии ҷумҳурӣ, Акбар Мирраҷабов дар пайи клип кардани сурудҳояш шуд.
Чанде қабл, дар рӯзҳои Наврӯзи ҷумҳурӣ дар озмуни кормандони радио ва телевизион бо суруди «Алла» баромад карда, сазовори таҳсини аъзои ҳакамони озмун ва ҳамкорону тамошобинон гардид. Бо телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи аввал ҳамкории доимӣ дорад ва аз тариқи онҳо чанд клипи ин сарояндаи хушсалиқа садо додааст, ки писанди тамошобинони сершумор гардидаанд.
БОЗ ЯК АФСОНА
Ин афсона олами нақшофарист. Дар кинофилмҳои «Тақдир» ва «Сароби хунин» нақш офарида, писанди тамошобин гашт. Ҳоло дар филми «Номус», ки имрӯзҳо ба навор гирифта мешавад, нақши зани савдогар - Абдуллоро мебозад.
Оре, Маҳбуба афсонаро дӯст медорад, афсонаи меҳр, афсонаи баҳор, афсонаи ишқ, афсонаи зебоиро…
Зиндагиаш ҳам як афсонаест зебо…
Аслами ФаридуН