Аслан мо ният надоштем, ки барои таблиғи кӯдакистон ба ин даргоҳ равем. Танҳо коршиносеро мекофтем, ки дар хусуси масоили кӯдакони хурдсол ва нақши кӯдакистон дар таълиму тарбия ва ояндаи онҳо аз таҷриба андешаҳояшро гӯяд.
Дар як кунҷи шаҳр кӯдакистонеро чунин ободу зебо, тозаву пешрафта дарёфтему аҳсан ба кори масъулини он гуфтем.
Аз суҳбати мутахассиси муваффақ, мудири боғча Меҳринисо Валихоҷаева рӯҳу ҷонамон роҳат кард…
Шиносоӣ:
Ному насаб: Валихоҷаева Меҳринисо
Хатмкарда: Донишгоҳи омӯзгорӣ
Ихтисос: омӯзгори забон ва адабиёти рус (1972-1976), равоншинос (1979-1984)
Риштаи фаъолият: мудири боғчаи рақами 89-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Ғолиби озмунҳои: «Мудири беҳтарин» ва «Боғчаи сол»
Ӯ аз соли 2000-ум узви гурӯҳи кории барномаҳо барои кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ дар назди Вазорати маориф аст. Ба ҳайси коршиноси шинохтаи масоили модару кӯдак бо созмонҳои гуногуни хориҷии муқими Тоҷикистон низ ҳамкориҳо дорад. Дорандаи унвони фахрии Аълочии маориф ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Мураббияи бадқавоқу бемеҳрро дӯст намедоранд!»
«Аз рӯи қонун мо бояд аз 1,5 - солагӣ кӯдакро ба боғча қабул намоем. Аммо ҳамчун коршинос мегӯям, ки беҳтараш кӯдак то синни 3 - солагӣ дар оғӯши модар бошад. Волидайни азиз, агар шароити то 3-солагӣ нигоҳубини кӯдакро дар хона надошта бошед, беҳтараш ӯро ба боғчае баред, ки кӯдаконаш каманд. Масалан, дар 1 гуруҳ 10 нафар. Кӯдак ба меҳру муҳаббат ниёз дорад. Ӯро навозиш кардан, хӯрокашро сари вақт додан лозим…
Вақте суол мекунанд, ки боғчаи давлатӣ хуб аст ё хусусӣ, ҷавоби ман ин аст, ки аз ҳама муҳимаш мураббияи хуб бошад. Агар бозичаҳои тамоми дунёро ба наздаш орӣ, хӯроки лазизтаринро баҳраш омода созиву мураббия бадқавоқу бемеҳр бошад, кӯдак бо ҳеҷ ваҷҳ боғчаро дӯст намедорад.
Пеш аз қабули кӯдак ба боғча бояд ташхиси равоншиносӣ гузаронида, доираи фаҳмишу ҷаҳонбинӣ, инкишофи нутқ, ҳатто имкониятҳои физиологиву ҷисмонии ӯро омӯхт, аммо имрӯз мутахассисон аз ин амал камтар кор мегиранд.
Дар телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо, дар ҷаласаву нишастҳо ҳамеша мегӯем, ки падару модар аввалин мураббиву муаллиманд, аммо кам шудааст, ки мо роҳҳои воқеии тарбияро муайян кардаву ба онҳо фаҳмонида бошем, ки аз чӣ бояд оғоз намуду аз кадомин шева бояд кор гирифт.
Дар илм ду мафҳум ҳаст, тарбияи хуб ва тарбияи дуруст, ки байни онҳо бояд тафовут гузошт. Меҳру муҳаббати волидайн танҳо дар амалӣ кардани хостаҳои фарзандон зоҳир намешавад. Барои кӯдак бояд муҳитеро фароҳам овард, ки он воқеан тарбиявӣ бошад. Ҳар як бозиву бозича бояд маънӣ дошта бошад. Тавассути бозичаҳо кӯдакон оҳиста-оҳиста гирду атрофро меомӯзанд, ба муҳит ворид мешаванд».
«ХОҲИШИ КӮДАКРО БОЯД БА ЭЪТИБОР ГИРИФТ»
«Вазорати маориф бисёр барномаҳои хуберо дар самти кор бо кӯдакони хурдсол, наврасон ва ҷавонон пиёда намудааст. Хушбахтона, чанде пеш мо соҳиби як барномаи мукаммале дар самти «Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак» шудем. Ҳар нафар метавонад бо истифода аз он новобаста аз он ки кӯдакаш ба кӯдакистону мактаб меравад ё не ҳамроҳаш машғулиятҳои лозимаро гузаронад, аз рӯи ҳамин барнома бе ҳеҷ коршинос ташхис кунад, ки кӯдаки ӯ воқеан солим аст ё не. Тамоми рушду инкишофи қувваи ақлониву ҷисмонии кӯдак дар ин барнома мувофиқи синну сол, зина ба зина, мушаххас нишон дода шудааст. Он бояд китоби рӯимизии падару модарон бошад. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо модароне ҳам ҳастанд, ки хондаву навишта наметавонанд. Ин ташвишовар аст. Вақте модар савод надорад, ӯ ба фарзандаш чӣ гуна саводнокиро талқин мекунад?
Дар намоишгоҳи китоби Эрон шоҳиди як ҳодисаи аҷибе шудам. Одатан, мо барои кӯдаконамон камтар китоб мехарем. Агар харидорӣ кунем ҳам, аксар вақт меъёри интихобамон як аст, бештар ба расмҳову намуди зоҳирии он диққат медиҳем. Ба хона меорему мегӯем, ки «Ана, ин китобчаро барои ту овардам, гиру хон». Аммо дар Эрон ва баъдтар ин ҳодисаро дар Туркия низ мушоҳида кардам, ки модарон кӯдаконашонро ба мағозаи китоб меоранду мувофиқи табъу завқи онҳо китоб интихоб менамоянд. Ин тавр нест, ки ман интихоб кардам, ту бояд онро хонӣ. Масалан, модаре кӯдакро назди рафи китобҳои бачагона оварда, чандтоашро барои интихоб пешниҳод кард: «Бачаҷон, ана ин китоб дар бораи ҳайвонот, инаш бошад дар бораи гулҳо, инаш дар хусуси шаҳри мо, кадомашро интихоб мекунӣ, кадомӣ барои ту ҷолиб аст?» Мутаассифона, дар бештари маврид мо ба хоҳишу интихоби кӯдак ҷиддӣ муносибат намекунем. Китобчаеро, ки мувофиқи табъу завқ ва синну сол кӯдак интихоб кард, модар ба дасташ дода гуфт: «Ба фурӯшанда чӣ гуфтан даркор?» Кӯдаки 4-5 сола «Ташаккур, мамнунам». – гӯён аз мағоза баромад. Ман аз ин муносибати модару кӯдак ба ваҷд омадам, воқеан чӣ қадар зебову омӯхтанист ин таҷриба».
«ПЕШНИҲОД БАРОИ ВАКИЛОН»
«Кӯдакони имрӯз, чӣ аз ҷиҳати саломатӣ ва чӣ аз ҷиҳати дониш аз кӯдакони пешин фарқ мекунанд. Онҳо дар омӯзиши техникаву технология пешсафанд. Телефони мобилӣ, компютер ва интернетро хуб мефаҳманд. Агар ҳамаи ин имконот танҳо ба хотири омӯзиш ва пешрафт истифода шавад хуб аст. Мутаассифона, масъала паҳлуҳои дигар низ дорад. Асоси саломатӣ ва рушди ақлониву ҷисмонии кӯдакро ғизои солим ташкил медиҳад. Имрӯз на ҳар кӯдак хӯроки серғизо истеъмол мекунад. Нархи оддитарин ғизои кӯдак - шир чӣ қадар баланд аст, ё моҳӣ, ки барои ташаккули ақлу идрок, рушди майнаи сар муҳим аст, барои баъзеҳо дастрас нест. Шафтолу, банан, гелос, ангур, нархҳои оддитари меваҳои ҳатмии истеъмоли кӯдак осмонӣ шудаанд. Волидон пеш аз ҳама фикр мекунанд, ки пули кӯдакистон, мактаб, барқ, об, газ ва хона диҳанд. Баъзе кӯдакон ҳатто субҳона нокарда ба боғча ё ба мактаб мераванд. Майна дар ин ҳолат иттилоъ ё ахбори навро қабул намекунад. Маъмулан, кӯдакон дар боғча аз соати 12 бояд хоб кунанд, аммо ҳастанд нафароне, ки аз соати 10 аллакай хоб кардан мехоҳанд, чунки организми онҳо заиф аст.
Агар вазни кӯдак бо синну солаш мувофиқ набошад, инро дар илми тиб дистрофия мегӯянд. Аз ӯ мо чӣ ҳисоби дуруст, ё инкишофи нутқу шеърхонӣ талаб мекунем? Дар бузург кардани кӯдак авлавият аввал ба ҒИЗО, баъд ба ТАРБИЯ, баъдан ба ТАЪЛИМ дода мешавад. Ғизо дар ҷои аввал аст. Ақли солим, руҳи солим, ҷисми солим аз ғизои солим аст.
Дар ин замина ба вакилон пешниҳод дорам, ки қонун «Дар бораи сарпарастӣ» қабул гардад. Дар вақти андозбандӣ ба баъзе аз корхонаҳои бузург сабукӣ дода шавад, то онҳо дар оянда мунтазам чун сарпараст ба боғчаву мактабҳо, хонаи кӯдакону интернатҳо ёрии моддиву молӣ расонанд».
«Лаблабуро бо чашми кам набинед»
«Дар Туркия як шабакаи телевизионӣ танҳо барои маърифатнок шудани модарон фаъолият мебарад. Аз барномаҳои муфид волидайн метавонанд ба дилхоҳ суолашон посух бигиранд. Тарзи дурусти муносибат бо кӯдак, викторинаҳо, саволу ҷавоб ва ахбори ҷолиб. Мехоҳед кӯдаки Шумо донишманд бошад? Барои ин пеш аз ҳама донишманд будани Шумо муҳим аст.
Ман аз шабакаи телевизионии модарон дар Туркия огоҳ шудам, ки танҳо аз як лаблабу имкон доштааст, 37 намуд ғизо омода созем. Аз наску лӯбиёву каду низ. Ин маҳсулот дар Тоҷикистон зиёданд, гарон ҳам нестанд, аммо, мутаассифона, мо тарзи тайёр кардани хӯроки болаззатро аз ин маҳсулот хуб намедонем. Ин маҳсулоти аз нигоҳи тиббӣ хеле фоиданок дар мо қадр надоранд. Хунамон кам мегӯему ба назди духтур меравем, пули зиёде барои табобат харҷ месозем, вале барои хун манфиатнок будани лаблабуро касе донистан намехоҳад. Лаблабуро ҷӯшонида, каме чормағзро кӯфта, равған ҳамроҳ намоед, ҳам бомазза, ҳам хушхӯр ва ҳам фоиданок аст...»
«ШИРИНИИ ХИТОӢ БАРОИ КӮДАКОНИ ГИРЁНЧАК»
«Мутаассифона, баъзан вақт субҳгоҳон дар хиёбонҳо шоҳиди ҳодисаҳои аҷибе мешавем. Модар пеш-пеш бо зару зевари зиёд ба кару фари худ андармон, кӯдак бошад аз паси ӯ гирякунон, бо як ҳоли зор ба боғча меояд. Чӣ қадар табъи одам хира мешавад.
Пеш аз ҳама падару модар бояд фосилаи хонаву боғчаро барои кӯдак аз байн бибаранд. Зеҳни кӯдакро ба зебоиҳои атроф бояд банд кард. «Мадинаҷон, ана бин, тирамоҳ шудааст, баргҳо рехтаанд», ё «бин, ин одамон кӯчаҳоро мерӯбанд, ту бояд эҳтиёт шавӣ, коғазпораҳоро дар ҳар куҷо напартоӣ, кӯчаи мо бояд ҳамеша тоза бошад», ё «ана, ду гурба, якеаш сиёҳ будаасту дигарӣ сафед, дидӣ, онҳо дӯстона бо ҳам бозӣ мекунанд», - ҳамин тавр мешавад, ки ӯро ором кунем. Кӯдак ҳам барои худ як иттилои тоза мегирад ва чизеро меомӯзад.
Як мисоли дигар аз мушоҳидаҳоям. Вақте падару модарони мо кӯдаки гирёнро субҳ ба боғча меоранд, барои ором шуданаш ҳатман ба мағозае даромада, шириниҳои хитоиро бо нархҳои арзон харидорӣ менамоянд. Аммо бубинед, ки дар ин маврид дӯстони эронӣ чӣ кор мекунанд. Кӯдак ба мағоза даромаду як шириниеро гирифт ва гуфт: «бобо, ман инро мегирам», падараш дар ҳол гуфт, ки «не, инро намегирӣ», кӯдак ба сӯйӣ ӯ бо ишораи «чаро?» сар ҷонбонд. Падар гуфт: «Ман барои ин ширинӣ пул надорам. Танҳо 3 лира дорам. Ту чизе гир, ки пули ман ба он бирасад». Кӯдак каме фикр карду баъд гуфт: «Набошад, шумо барои ман пешниҳод кунед, то ман якеро интихоб кунам». Инро якдигарфаҳмии байни кӯдаку волидайн мегӯянд».
Гулноза БОБОМУРОДОВА,