Озорро дӯст надоред!
Оё инсон метавонад дардро, озорро дӯст бидорад? Шавҳаре, ки аз ҳамсари худ муҳаббату осоиши хонадонро умедвор аст, бояд ӯро наёзорад. Вале, мутаассифона, баъзе ҳамсарон бо бадқавоқиву хашинӣ ба занон муносибати сарду дағал мекунанд, вале инро муносибати оддии оилавӣ мешуморанд.
Вақте бо маърифатноктарин мард ҳам сӯҳбат меороӣ, қабулаш ин аст, ки зан бояд дар хона биҳиштеро барояш омода созаду шавҳар ба ин хотир ба нишеманаш дилгарм баргардад, пеши ӯ бимонад ва ҷойи дигаре дил набандад.
Аҷиб аст, оё як нафар ба танҳоӣ имкони фароҳам сохтани биҳишт ё беҳтарин муҳитро дорад? Фарз кардем марди сарватмандеро, ки хонаи қасрмонанде бино намудаву барои ҳамсараш тамоми ҷиҳози беҳтарин, либоси олитарин, тилловориву алмоси фаровоне ҳам эҳдо карда. Ва зан рӯйи даст маблағи калоне ҳам дорад, ки ҳар гунае бихоҳад, хон биорояд ва шароити хуби маишат фароҳам орад. Вале оё ӯ метавонад гармӣ, муҳаббат, муҳити форам ва «биҳишт»-е барои дилу рӯҳи шумо фароҳам ва ниёзи маънавиятонро бароварда созад? Суолест, ки ҳар гуна метавон посух дод. Не. Ё баръакс, оре.
Вале ана ҳамин «оре» дар он суратест, ки бо ин ҳама дороӣ шумо ӯро чун як инсон дӯст бидоред. Қадраш донед, эҳтиромаш пос бидоред, барояш ҳар лаҳзаро қурбон созед. Аммо умрро бо ҳам танҳо дар сурате метавон ширин намуд, ки ин ҳама муносибатро барояш пешниҳод кунед, на таҳмил. То зан битавонад интихоб кунад, на қабул.
Чаро баъзан муносибатҳои бо ормонҳои зиёд ва оқилона сохтаи як нафар (фарқ надорад, ки мард аст ё зан) ба санги бемаърифатӣ, кундзеҳнӣ ё беақлии дигаре бархӯрда мешиканад? Ҷудоӣ, рӯҳафтодагӣ, дилсардӣ ва ниҳоят ноумедиро ба вуҷуд меорад. Ва атрофиён бе ягон таҳлил ва ё омӯзиш «хулоса» мекунанд, ки: «Ана дидед, хотирбинӣ, дӯст доштан, муносибати маданӣ ва эҳтиром гузоштан ба зан ба чӣ оварда расонд? Задан, зулм кардан, тарсондан, ҳукм рондан ва чун ҳама осуда зистан беҳтар аст». Ва чунин нафарон дидаву дониста ё худ нафаҳмида хушунатро талқин месозанд.
Аммо касе намеандешад, ки шояд ин ду нафар ба ҳам муносиб набуд, ба он хотир, ки баробар набуд. Аз лиҳози сатҳи маърифат, тарбия ва ҷаҳонбинӣ, ақл, дониш, дарк, фаҳмиш, муҳит, ирсият ва ғайраҳо. Оё марде бо пушти сар кардани солиёни тӯлонии ҳамсарӣ бо дили пур гуфта метавонад, ки ӯ ҳамсарашро хуб мефаҳмад? Эҳсосоти вайро чӣ гунае, ки набошад, эҳтиром мегузорад? Ё баръакс ба ҳиссиёташ, ба орзуҳояш, ба эҳсосоти худододу модарзодияш коре надорад. Танҳо фармон медиҳад, ҳукм меронаду зан итоат менамояд. Агар итоат насозад, зулму озори ӯро интиҳо нест. Вале фармудаҳои ислом низ итоат бар пояи зулм нест, балки ба эътирофу эътимод аст.
Оё шумо раисатонро (роҳбаратон, вазиратон, намедонам ҳар касеро, ки ҳамарӯза болои сари шумо бо дуруштхӯйӣ фармонравост) дӯст дошта метавонед? Онеро, ки бо дағалӣ аз шумо фақат иҷро талаб мекунад, доимо асабонисту аз иҷроиши корҳоятон қонеъ намегардад ва мудом норозиву дуруштгуфтор аст барои муҳаббат эҳдо месозед? Албатта, не! Вале чаро эҳсос намекунед, ки дар хона худи шумо низ ҳамин гуна муносибатро нисбати ҳамсаратон раво дида, боз менолед, ки ӯ на ҳамчуноне шуморо дӯст медорад, ки фарз кардем «маъшуқаатон». Оё ёд доред, ки кай бори охир самимона ба розҳои дилаш гӯш додаву барои сабук кардани мушкилу дардҳои доштааш марҳам гаштаед?
Баъзан ба қиссаҳои занона гӯш кардаву дар таҳайюр мемонӣ: «Шавҳарам шаб зада ҳама ҷоямро сиёҳу кабуду дардманд карду пагоҳӣ таънаам намуда гуфт: «Маро дӯст намедорӣ?» Оё шумо нафареро медонед, ки дардро, озорро дӯст бидорад? Пас озори ҳам наҷӯед, зеро дард дӯстдоштанӣ нест.
Нақши зан дар зулм бар худ
Андешаманди бузург Алии Шариатӣ дар асараш «Фотима, Фотима» менависад: «Дар танг кардану маҳдуд гардонидани мавқеи зан ва фишорҳои рӯҳии вай ду кас айбдор аст: оне, ки фишор меорад ва шахсе, ки инро қабул мекунад». Муаллиф бар он назар аст, ки фишор овардану шахсеро дар мавқеи танги зулм нигоҳ доштан, номумкин аст. Онеро, ки дар маҳдудият нигоҳ медоранду азобаш медиҳанд ва ӯ муқовимате намекунад, метавон дар сар задану мудаввом шудани ин зулм шарик шумурд. Яъне ӯ иҷоза медиҳад, ки чунин муносибатеро барояш раво бидоранд.
Агар ҳамин хушунату озорро дар нисбати як зане дар оила бигирем, ба ин андешаҳо розӣ шудан мумкин аст. Масалан, духтареро, ки сархаму фармонбардор дар хонаи падар ба воя мерасад, аксаран волидон бе хости худаш, бе гирифтани ризоияташ ба касе, ки худ раво медонанд, ба шавҳар медиҳанд. Оё бо чунин тарбияи итоаткорӣ зан метавонад дар хонаи марди дигар (ба унвони шавҳар), ки дар ин муомила чун харидоре ҳасту дар ивази мол ё маслиҳате бо падараш ӯро молик гаштааст, овоз барорад? Ҳаргиз. Вале нақши ӯ дар зулму ҳуқуқпоймолкуниҳои нисбаташ шуда дар баробари дигарон аст. Зеро чунин муносибатро ба худ раво мебинаду муқовимате намекунад. Чунин зан ба ҳайси хидматгор, модар, доя, фароғатбахши мард, мошини ҷомашӯйӣ, деҳқони ҳотаву замин, нигаҳбони гову мол, таббоху хайёт ва ғайраву ғайра умр мегузаронаду то мурдан худро чун посбони хонаву дари шавҳар ба сархамиву дастнигарӣ маҳкум месозад.
Агар Худованд ба ҳолаш раҳм ораду ин мард ба унвони шавҳар раҳмдилу боинсоф ё худотарс бошад, ин ҳама нақшҳои дар боло овардаро зан иҷро мекунад, вале бе азоби ҷисмонӣ. Худое накарда «соҳиб»-и зан сангдилу ҷоҳил ва золим бошад, дар баробари иҷрои ин ҳама вазоиф боз мунтазам шаттаву шаллоқ мехураду ҳақорат мешунавад, таънаву таҳқир мебинад, вале боз бояд шукри он кунад, ки шавҳар ва хонаву дару фарзанд дорад. Ӯ боре намеандешад, ки дар ин хонаву дар танҳо як худаш ба зулм гирифтор аст. Ба ҷойи чанд нафар бе музду бе ҳуқуқ ва бе собиқаи кориву нафақаи фардо чӣ қадар кор мекунад. Оре, ҳеҷ гоҳе дар ин бора ҳатто намеандешад, зеро ӯро чунин тарбия кардаанд ва бовараш бахшидаанд, ки зиндагӣ ҳамин аст, итоат кардану шукр гуфтан ва хидмати шавҳар намудан.
Агар Худованд раҳмашро хӯрда бошаду фарзандони солеҳ ба дунё орад, нафақаи ӯ дар пирӣ аз эшон хоҳад буд. Вагарна умр дар пирии бадтар аз ҷавонӣ чизе барояш ваъда нахоҳад дод.
Ҳуқуқ ё суннат?
Магар ҷомеаи суннатӣ боре бар ин ақида мувофиқ буда, ки дар ин ҳама зулм нақши худи зан низ дар баробари мард ва ё падару шавҳар аст? Не. Зеро зани тоҷик миёни ду низом-ислом ва демократия зиндагии номуайян ба сар мебарад. Манзур ҳамон занест, ки дар боло ишора ба ҳаёти суннатияш меравад. Ҳамчун зани мусулмон бо сархамиву фармонбариву порсоӣ бояд аз эҳтироми падар, то ҳаққи волои шавҳар на аз рӯйи дин, балки бо таъсири хурофот дар ҷомеа, ба ҳеҷ вокунише, садодардиҳие ҳақ надорад. Зеро ин ҷомеа рӯсиёҳаш мекунад ба унвони нофармон, беҳаё, носипос ва дӯзахӣ.
Вале дар ин миён қонунҳои давлати дунявӣ ҳуқуқаш медиҳанд барои ҳимояи хеш аз ҷабру зулми ҳам хонаводагӣ ва ҳам иҷтимоӣ. Парадокс ин аст, ки агар зан барои лату кӯби шавҳараш, агар ба милиса равад, ками кам ба ҳолаш механданду насиҳаташ мекунанд, ки барои ҳар майда- чуйда шавҳарашро беобрӯ накунаду худашро хонавайрон насозад. Агар милиса марди ҳаммонанди шавҳараш дар хислат бошад, ҳатто ба худ иҷоза медиҳад, ки ҳақораташ ҳам бикунад, ки ин чӣ нофармониву беҳаёист, ки аз болои шавҳари худ шикоят дорӣ? Зан боз миёни дуроҳа ҳайрон мемонад.
Агар ҳуқуқ гӯяд, радди маърака мешавад ва агар суннат бипарастад, зери зулм хоҳад зист. Ва зани замони мо аксаран дувумиро афзалият медиҳад, зеро дар ҷомеа аксарият онро қабул кардаанду «роҳи наҷот»-аш шумурдаанд. Роҳи гуё аввал душвориҳову бадномиҳо ҳам дорад.
Зулми хонаводагӣ ноаён аст. Касро метавонад бикушад, вале чун тибқи таомул сир нигоҳ бидорӣ, берун аз чор девори хонаат касе огоҳ намегардад. Мисолҳое кам нестанд, ки аксари худкушиҳо аз зулми хонаводагист, вале то ҳанӯз беисботу беҷазо.
Ва то замоне, ки золим ва мазлум ҳар ду дар ин амали зишт шариканд, яке ҷабр мекунаду дигаре сабр, он боқӣ хоҳад монд.
То замоне, ки нақши зан дар таҳаммули озору ҷабр ба ҳайси инсони сабуру фармонраво боқист, решаи хушунати хонаводагӣ сабз хоҳад буд.
То оне, ки зан аз нигоҳи шууру фарҳанг, донишу маърифат ба қадри хеш баҳогузорӣ карданро наомӯзад, муносибат ба ӯ дигар нахоҳад шуд.
То даме, ки волидон барои ояндаи соҳибҳуқуқии духтар, ҳанӯз аз тифлии ӯ сармоягузориҳои ақлониву ҳуқуқӣ намекунанд ва духтарро фармонбару ситамкашу сабур тарбия мекунанд, зан аз ҷабри хонаводагӣ эмин нахоҳад буд.
То даме, ки де-факто, зан барои ҳимояи ҳуқуқи хеш дар ҷомеа масъул нагардад, де-юре ӯ аз қонунҳои дар рӯйи қоғаз беамал, истифода карда наметавонад.
Низоми ҳуқуқи инсон (минҷумла занон) бояд як бошад. Аммо ин дуроҳае, ки имрӯз мо дар пеш дорему пойбанди ду низом ҳастем ва ба яке ба унвони сиёсати ҳоким итоатгару ба дигаре ба унвони дину суннат дар пайравӣ қарор дорем, як нагардад, то ба озодии комилу демократияи воқеӣ расидан, ҳақ талаб кардану аз зулми хонаводагӣ халос гаштани зан, роҳ хеле тӯлонист. Вале ин роҳ беохир нест.
Ҳуриннисо Ализода