Муаррифӣ: Барнои Қодирдухт хатмкардаи факултаи журналистика ва тарҷумонии ДДМТ аст.
Фаъолияти эҷодӣ: хабарнигори ҳафтаномаи «Чархи гардун», идораи барномаи «Субҳ»-и ТВТ, рӯзномаи «Ҷумҳурият», маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», корманди бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Ман охирин фариштаам» (соли 2003), «Ниёзи рӯҳ» (соли 2005), маҷмӯаи мусоҳибаҳо бо чеҳраҳои маъруф «Равзанаи дидор» (китоби якум соли 2004, китоби дуюм соли 2010), филмномаи «Умеди охирин» (соли 2007).
Мадҳияе барои ту
Ҳазор чашм бибояд барои дидани ту,
Ҳазор гӯш бибояд барои бишнидан.
Ҳазор дил бишавад дар раҳи ту қурбонӣ,
Ҳазор умр бибоист ишқ варзидан.
Ҳазор чашма шавам, аз дилам бурун оям,
Ҳазор қатраи набишта ҳарфи ишқи ту бод.
Ҳазор ашк бирезам ба ёди ту ҳама шаб,
Ки боғи ишқ аз ин лутфи мо шавад обод.
Агар наӣ ту сутуни бинои умр маро,
Шудӣ сутуни дилам, то мадори ман бошӣ.
Ҳазор бор бимирам агар, раво бошад,
Агар ту дар ҳарами васл ёри ман бошӣ.
Ҳазор ҳарф бибояд бари ситудани ту,
Зи ҳадди ҳар сухане ишқи туст болотар.
Ҳазор бор агар номи ту ба лаб гирам,
Ҳазор бор биёбам таваллуди дигар!
Шабеҳаи ғам
Ҳастиам чашм буд, чашми ниёз,
Гаҳ наарзид агар ба ними нигоҳ.
Гарчи баҳрам накард лутфу савоб,
Ҳам наарзидаам ба гарди гуноҳ.
Акси гирёни ман шабеҳаи ғам
Монд, дар лавҳи дидагонаш монд.
Ишқи ӯ захм шуд даруни дилам,
Бас даво дар дили забонаш монд.
Ишқи ман хок шуд, ба роҳаш рехт,
Нолад он ҷо, ки ӯ ниҳод қадам.
Ишқи ман то абад садо-ш кунад
Аз нигоҳи хамӯшу ашки қалам.
Ашки ғурур
Он ғурурам нигар ба сурати ашк
Оқибат рехт, пеши пои ту рехт.
Он мане, ки ниқоб сохта буд,
Оқибат аз тилисми хеш гурехт.
Ту биё, аз тани ҳавасҳоям
Пора кун ин қабои маснӯӣ.
Роҳи умрам сиришкпӯш шавад,
Кай ту ин роҳи бенишон пӯӣ?
Ту сарамро зи хоки тар бардор,
Ту ба чашмам нигар даме бо меҳр.
Рози ман то забони ҳол кунад,
Ҳарфи мӯъҷиза бигӯяд з-ин сеҳр.
Пеши поят гиристанам ҳавас аст,
Эй, ки болотарӣ ту аз ҳама кас.
То фиғонам расад ба гӯши дилат,
Ки туро дӯст, дӯст дораму бас!
Баҳри оне, ки маро дӯст надошт…
Баҳри оне, ки маро дӯст надошт,
Боз ҳам шеъри ғамин мегӯям.
Гарчи ӯро назаре нест ба ман,
Боз чашмони варо меҷӯям.
Зиндагиам набуда ҷуз руъё
Бо хаёлаш, ки буда беҳуда.
Ман чаро ҷустам осмонеро,
Ҷаҳд кардам зи пайи нобуда?
Баҳри оне, ки маро дӯст надошт,
Оқибат чашм ба раҳ мемирам.
Шеъри ишқам ба лабам ҷои дуо,
Охир аз ашк кафан мегирам…