Оилаи бузурги Эргашевҳо, ки дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сар мебарад, аз чунин хонаводаҳои бузурге мебошад, ки шумораи умумии аъзои он 32 нафарро ташкил медиҳад. Асрори сарҷамъию тифоқ будани аҳли оиларо сарвари 68- солаи хонадони бузург- Биқурбон Мамадқулова аз риояи қонунҳои хонаводагӣ ва ҳурмату эҳтироми якдигар медонад.
– Ҳамеша духтару келинҳоямро насиҳат мекунам, ки эҳтироми шавҳарро ба ҷо оварда, мардро, ки сутуни хонадон аст, бо табъи хушу чаҳраи хандон аз хона гусел намуда, бегоҳӣ низ ҳамин тавр пешвоз гиранд. Пешрафту тараққиёти давлат аз вазири закӣ ва мустаҳкамию ободии оила аз зани оқила вобастагии калон дорад. Тарбияи фарзандон дар оила аз муносибати ҳамарӯзаи байни зану шавҳар оғоз мешавад.
– Дуруст аст, ки дар хонаи Шумо хазинадор як нафар буда, барои ҳама дар як дег хӯрок пӯхта мешавад?
– Оре, хазинадор манам. Ҳама писару келину набераҳои коргарам маошашонро оварда, ба ман месупоранд. Буҷети оиларо бо маслиҳати писари калониям-Абдувосити 52- сола, ки бузургмарди оила ба ҳисоб меравад, тарҳрезӣ мекунем. Барои хӯрок пухтан 6-7 килограмм биринҷ, макарон ё мош истифода мебарем. Мувофиқ ба хӯроки пухтаамон гӯшту равғану сабзӣ ё пиёзу картошка истифода мешавад.
– Оё даромади оила барои таъмини рӯзгор кифоят мекунад?
– Мо дар бригадаи №5-и Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев кор мекунем, – ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад писари калонӣ Абдувосит Эргашев. –Сад гектар замин дорем, ки дар масоҳати бештари он пунба киштаем. Соли гузашта барои рӯёнидани ҳосили хуб раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мошини сабукрави «Жигули- 07» тақдим кард. Ҳамчунин гандум, ҷуворимакка, сабзӣ, картошка ва пиёз мекорем. Солона барои оилаамон се тонна биринҷ, ҳамин миқдор сабзиву пиёзу картошка ва ҳудуди 6 тонна гандум лозим меояд. Дар мавсими ҳосилғундорӣ талаботи якунимсолаи оиларо захира мекунем. Дар хона ва назди замини хоҷагиамон гову гӯсфанду мурғ парвариш намуда, ниёзе ба хариди маҳсулоти гӯштию ширӣ надорем. Бонувони хонадон рӯзе 30-32 дона нон мепазанд.
– Мабодо рӯзе нафаре аз узви хонадон хоҳиши истеъмоли он хӯрокеро, ки дар деги асосӣ мепазед, надошта бошад, бояд чӣ кор кунад?
– Ҳар нафаре , ки хӯроки умумиро нахоҳад, метавонад барои худаш дар дегчаи алоҳида хӯроки дигар пазад. Аммо ин чиз кам иттифоқ меафтад, зеро мо ҳамдигарро сахт эҳтиром менамоем. Дар баъзе ҳолатҳо парҳездорон барои худ хӯроки хоҳиши дилашонро мепазанд.
– Фарзандону келинҳо чӣ тахассусҳоеро интихоб намудаанд?
– Дар оилаи мо намояндагони касбҳои гуногун: агроном, муҳосиб, ронанда, рӯзноманигор, донишҷӯ, ҳамшираи шафқат, деҳқон ва сарбозон ҳастанд. Мадина ном келинам курси семоҳаи ҳамширагиро хатм кардааст. Вай фишору набзи аъзои оиларо пайваста месанҷад. Вақти зарурат ба аъзои хонавода кӯмаки аввалияи тиббӣ мерасонад. Наберагонам Ҳасану Ҳусейн дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хидмат мекунанд. Ҳамчунин чаҳор нафар духтаронам Раъноҷону Барноҷон ва Холнисо ва Нортоҷиро ба оилаҳои гуногун ба шавҳар додам. Ҳама дар саҳро кор мекунанд. Агар духтару домодҳо ва фарзандони онҳоро ҳам ҳисоб кунем, дар маҷмӯъ аҳли оилаи мо 69 нафарро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои иди Наврӯзу Рамазон ва Қурбон дар хона сарҷамъ мешавем. Соле як маротиба ҳама аъзои оила дастҷамъона ба кӯҳ, ба сайри гули лола меравем.
– Лутфан бигуед, чӣ сирест, ки оилаи бузургро иттифоқу сарҷамъ нигоҳ медорад?
– Расм шудааст, ки чанд чизро дар рӯзгордорӣ дар мадди аввал гузорем. Фарзандон бояд боодоб, ватанпараст, меҳмондӯст, дилогоҳу ҳамдигарфаҳм, одамдӯст ва заҳматкаш бошанд.
Кор ҳаст, ғайбат нест!
Муслима, ки тақрибан се моҳ қабл ба ин хонадон арӯс шудааст, иброз медорад, ки дар нахустин рӯзҳои зиндагиаш дар ин ҷамъияти бузург дар ҳайрат меафтод, вале оҳиста-оҳиста одат кард. Чизи аз ҳама хуб он аст, ки дар ин хонадон ҳама машғули коранд ва хушбахтии худро дар кори ҳалол мебинанд. Чун ҳама пуркоранд, вақт барои ғайбату бадкунии якдигар намемонад. Ин хислати нек як навъ тарзи зиндагияшон шудааст. Онҳо дигар дар танҳоӣ зиста наметавонанд.
P.S. Бояд мутазаккир шуд, ки то кунун ягон нафар аз аъзои ин хонадони бузург ба мардикорӣ нарафта, нони хешро дар Ватан бо меҳнати ҳалол пайдо мекунанд. Чун меҳнати ҳалолро шиори худ дар зиндагӣ пазируфтаанд, амсоли мурчагон пайваста дар пайи дарёфти ризқу рӯзианд. Зиндагӣ дар ин хонадони бузург ҳамин маъниро дорад.
Тилав РАСУЛЗОДА