Одам вақте мерақсад, бояд барои худ рақс кунад, яъне дар ботин бирақсад. Дар замираш ҳамин эҳсос бошад. Худ онро дарк созад. Ӯ эҳсос намояд, ки ин замон дар олами малакутист. Чизеро намебинад, касеро атрофи хеш эҳсос намекунад. Танҳо худ, мусиқӣ ва ҳаракати мавзуни ботин ва рӯҳашро мешунавад. Дар ин ҳол ин рақс аз инсон дил мебарад, ӯро мафтун мекунад. Ва чунин рақсеро боре дидаму шайдои раққоса ва рақсаш гаштам.
Духтаре дар саҳнаи хурдакаку нимторики тарабхонае мавзун мерақсид. Он қадар ҷаззоб, зебо, нотакрор ва ба дараҷае маҳину бонафосат мерақсид, ки кас гумон мекард, на инсоне, балки ҳуре , парие дастфишониву покӯбӣ дорад. Ё воқеан духтаре мечархад? Балки миёни борики фариштае нозук тоб мехӯрад? Дасти малаке болафшон остин меҷунбонад? Қомати парие аз вазиши насими фараҳафзое алвонҷ мехӯрад?
Ӯ ҳамаро мафтун мекард, вале чунин ба назар мерасид, ки касеро намебинад, макону замонро эҳсос намесозад. Чашмони пурҳаваси мардони масти тарабхона таъсире ба нигоҳаш намегузошт. Ба касе имо, ишора ё нигоҳи шаҳватборе намекард. Таваҷҷӯҳи касеро гӯё ба худ кашиданӣ набуд. Намедид, намешунид, намеписандид, ин қадар нигоҳҳои ҳавасбозу ҳавасхоҳи мардони тарабхонаро.
Гӯё намефаҳмид, ки бо он коре мекунад, мекушад онҳоро ва рашки ҷонсӯзи занҳоро ҳам афзунтар месозад. Хонуме мекӯшид, ки бо суханҳои хуше ҳуши шавҳарашро аз саҳна сӯйи худ кашад. Маҳбубае рӯирост бо дасташ чашмони ошиқашро мепӯшонид. Яке гардани ба пушт каҷшудаи ҳамроҳи хушбахташро тоб дода, сӯйи худ мегардонид. Вале боз нигаҳҳо , таваҷҷӯҳ, ҳушу ёди аҳли нишаст ба як сӯ… ба саҳна мерафт. На барои он ки он ҷо тане меҷунбид, балки рӯҳе дар ҳавои мусиқӣ нозук алвонҷ мехӯрд…
Борҳо дар пушти саҳнаи базмҳои бошукӯҳ, духтаракони раққосаро бе ороишу рангубор мебинам, ки аксарияташон чандон хушрӯ нестанд. Вале чун ба саҳна мебароянд, паривор менамоянд. Суоле доимо посухи худро мекофт, ки чӣ тавр? Чаро саҳна онҳоро чунин ҳусн меафзояд?
Посухашро баъди солиёни зиёде дарёфтам. Онҳое, зимни рақс мешукуфанд, ки ба умқи худ фурӯ мераванд. Онҳое хушрӯ метобанд, ки барои худ мерақсанд. Дар рақс санъатро мебинанд. Рақс ҳолати рӯҳии онҳост. Ботини зебои онҳост. Ҳаракатҳои мавзуни эшон ҳаракоти нозуки олами ботини онҳост. Рӯҳи зариф, латиф ва пурэҳсоси инсонҳост ба ҳангоми рақс. Аз ин рӯ, зебоии ботин ба зоҳир русух карда, духтарҳоро хушрӯ мекунад. Онҳоро боз ҳам дилбару дилрабо месозад.
Пас ба санъати рақс ва умуман раққосагӣ бояд касе даст занад, ки ботини наҳиф, нозук, ҳассос ва латифе дорад, ки зимни ҳаракати аъзо онро ба берун интиқол дода тавонад. Зебоии ботинро бо зоҳир омезиш додаву эҳдои тамошобин бигардонад.
Вақте касе мерақсад, таваҷҷӯҳ кунед, ки чеҳраи ӯ дар ин вақт ба чӣ рангу ба чӣ ҳол аст ва бидонед, ки ботини вай ҳамин аст, ки мебинед.
Бирақсед, то эҳсоси зебои даруни худро берун кунед. Ҳиссиёти зебову пурназокатро набояд дар худ нуҳуфт, бирақсед берун аз ҳама чӣ ва ҳама кас. Аз ҳама муҳим ба хотири болидарӯҳии худ бирақсед.
Ҳар касе рақсида метавонад, эҳсости дохилии хешро кушода метавонад. Касе зимни шунидани мусиқии мутаассир, худро дар хеш ғунҷонда наметавонад ва барои ифшои он ба рақс мебарояд, инсони одии дилсофест, ки барои қолабҳои сохтаи дигарон рӯҳу ҷисми худро маҳдуд кардан намехоҳад. Зеро ин фард дар ботин озод аст. Қолабӣ нест. Сохтаву сунъӣ нест. Инсони рӯҳан озоду покдил аст.
Бирақсед, то рӯҳи худро ба парвоз оред. То ҷисми худро аз қолаби сохта, аз колбади зиндонӣ озодӣ бубахшед. Раҳо аз ҳама чиз ва ҳатто аз худ бигардед, ба мусиқӣ бо ҷон, яъне бо рӯҳ бипайвандед. Зеро мусиқӣ барои фараҳи тану рӯҳи инсон эҷод мегардад. Ва рақс ифшои ҳамон фараҳ аст.
Бирақсед, агар ботини поку беолоиши зебое доред, онро бо ҳаракатҳои мавзуни рақс ифшо созед. Ба атрофиён зебоӣ бахшоед, бе ғараз, бе тамаъ, бе фаҳш. Нозук, зебо, малаквор ва ҳурона бирақсед , эй бонувони хушботину хушзоҳир ва...эй инсонҳо!
Ҳ. Юсуфӣ