Гурӯҳи олимони тоҷик ва рус аз Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав дар минтақаи Вахони ноҳияи Ишкошим се паррандаи навро кашф карданд. Ин навид Парӣ Ғуломҳайдароваро, ки сармутахассиси кумитаи муҳити зисти ВМКБ шуда кор мекунад, бештар аз ҳама хурсанд кард. Зеро аз нақли куҳансолони Вахон бармеояд, ки бори охир як навъи ин сочҳоро сокинони маҳал қариб 100 сол пеш дида будаанд. Пасон, олими англис Юнг ин паррандаро дар Чин пайдо кард.
Паррандаҳо бармегарданд ва бозгашти онҳо фоли нек ва нишонаи беҳбуд ёфтани муҳити зист ва файзу баракати сарзаминамон арзёбӣ мегардад. Парӣ дар хурдӣ аз модараш афсонаҳо мешунид, ки дар онҳо паррандагон, ҷонварон ва дарахтону буттаҳо сухан мегуфтанд. Дар дилаш механдид. Вале айни ҳол, ки бо тақозои вазифа бо табиат сару кор дорад, бовар кардааст, ки дар он ҳама чиз забон дорад, танҳо бо гӯши дил бояд шунуфт.
Дар хиёбонҳои шаҳр қадам мезадам. Ногоҳ гӯё садои ошнои бачагӣ ба гӯшам расид. Ана, заргул ҳам, ки бо номи «шодиғалбер» байни мардум маъруф буду пасон бо авҷи тамокукорӣ ва зиёд шудани истифодаи нуриҳои минералӣ гум шуд, ба лона баргаштааст. Ҳикоят мекарданд, ки «шодиғалбер» як модари бемори муштипаре будааст, ки барои бехтани орд ба ғалбер эҳтиёҷ пайдо карда, писари ягонааш Шодиро барои овардани он ба деҳаи ҳамсоя фиристодааст. Аммо Шодӣ бо берун шудан хоҳиши модарро фаромӯш карда, бо бачаҳо то шом ба бозӣ машғул мешавад. Модари чашминтизор дар фикри ин, ки шояд писараш тӯъмаи гург шуда бошад, аз тарсу ҳаяҷони зиёд ба парранда мубаддал мешавад ва ҳар боре дар шохи дарахт мешинад, садо мекунад: «Шодӣ, ғалбер овардӣ?».
Бо шунидани ин афсона ҳатто бачаҳои танбал ва гапногир домани модарро сахт медоштданд, ки мабодо ба парранда мубаддал нашаванд ва ҳар кори фармудаи ӯро ба иҷро мерасонданд. Парӣ низ одатан дар ин мавридҳо сатил ва ё ҷорӯбро ба даст мегирифт, то модар аз кораш розӣ бошад.
– Ҳанӯз ҳам паррандаҳое ҳастанд, ба мисли мурғи ҳилоли тибетӣ, ки аз дасти инсон ба нестӣ мерасанд ва ё кишвари моро тарк мекунанд. Барои бозгашти онҳо бояд талош варзид, – мегӯяд Парӣ Ғуломҳайдарова, сармутахассиси шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати ҳифзи муҳити зисти Бадахшон. - Агар одамон забони гулҳо ва дарахтонро мефаҳмиданд, медонистанд, ки ин офаридаҳои нозуки табиат моломоли шикоят аз аъмоли инсонҳоянд.
Дар вилоят ҳамасола тибқи нақшаи кабудизоркунӣ бештар аз 600 ҳазор бех дарахтони боровар ва сояафкан мешинонанд. Агар ҳадди ақал нисфи ин дарахтон ҳифозат мешуданд, дар тӯли якчанд сол Бадахшон ба мисли ҷангалзорҳои Сибир сабзпӯш мешуд ва ин сарзамини зебо шукӯҳи боз ҳам бештареро ба худ мегирифт. Аммо сад афсӯс, ки ҳамасола аксари дарахтон тӯъмаи гову мол шуда, дар бархе ҳолатҳо бо дасти афроди бефарҳанг шикаста мешаванд. Ҳанӯз ҳам мардум кабудизоркунии ҷойҳои ҷамъиятиро кори ҳукумат мешуморад. Ҳар инсон бояд ба ниҳолҳои шинонида чун ба фарзанди худ муносибати дилсӯзона дошта бошад, - мегӯяд ӯ.
Париро дугонае буд, ки бори вазнини бозаргониро бар дӯш дошт. Молу маводро аз роҳи дур бо заҳмат ба маркази вилоят меоварду дар гармову сармои бозор тиҷорат мекард. Гулҳои рангоранги коғазӣ аз молҳои бозоргири он бонуи тоҷир буданд. Аммо гармову сармои бозор таъсири худро ба саломатии бонуи бозаргон гузошта, марги нобаҳангом ӯро аз ёру дӯстон рабуд. Парӣ хост, ба оромгоҳи ин бонуи пурармон дастагули тару тозаеро гузорад, аммо дар маркази вилоят дар фасли зимистон пайдо намудани тухми анқо имкон дошу гули зинда не…
Ба ёди ин ҳодисаи ҳузнангез Парӣ тобистонро на дар утоқи корӣ, балки дар кӯчаву растаҳо барои гулзор кардани гӯшаҳои холимондаи шаҳр сипарӣ кард.
Бо вусъат пайдо кардани гулпарварӣ дар гармхонаҳо дар дилаш шуълаи умед дурахшид. Акнун гулпарастон метавонанд дар чор фасли сол бо гули зинда роз бигӯянд.
Кормандони Раёсати ҳифзи табиат ният доранд дӯкони фурӯши гулҳои табииро дар маркази вилоят кушоянд, то мизоҷон тавонанд аз он гулҳои рангоранги Бадахшон ва дигар манотиқро низ пайдо созанд.
Рӯйдодҳои табиат ба баду неки ҳаёти инсонҳо шабоҳат доранд. Ҳар як мушкили ҷомеа чун акси садо дар табиат инъикоси худро меёбад. Париро тайи солҳои охир қариб ду маротиба афзоиш ёфтани шумораи ҷонварони ваҳшӣ дар минтақа шод кардааст. Аммо дар ин байн ӯро тақдири охирин барраи бухороӣ дар ноҳияи Ишкошим, ки аз беҷуфтӣ хавфи нобудӣ ба он таҳдид мекунад, нигарон сохтааст. Дарёфти ҷуфт ва овардани он аз хориҷи кишвар барои ин - охирин сар, ки мардуми маҳаллӣ онро «сурхак» меноманд, ба мушкили ҳалношуданӣ табдил шудааст.– Ин намуди барра одатан то 14 сол умр мебинад. Агар таҳдиди беморӣ ва ҳайвоноти дарандаро ба назар гирем, пас аз ду соли дигар хавфи нобудшавӣ наздик мешавад,–мегӯяд вай.
Гарчанде теъдоди чунин намуди барраҳои ваҳшии хушзот дар кӯҳу пуштаҳои марзи кишвари ҳамҷавор тақрибан ба 160 сар мерасаду барои убури марз аз онҳо раводид талаб намекунанд, вале табиат дар роҳи висол монеа гузоштааст. Зеро чанд соли охир бинобар тағйирёбии иқлим ва нармию гармии ҳаво оби рӯди Панҷ дар зимистон ях намебандад. Ҳатто дар сардиҳои зимистони имсола ҳам рӯд ях набаст, то ҷуфти «сурхак» марзро озод убур кунад. Бечора «сурхак» танҳо монда, аз ночорӣ бо моли мардуми деҳаи Рини ҳамроҳ шудаааст ва мардум низ ба ин ҷонвари зебо одат карда, ба он даст намерасонанд.
– Парӣ Ғуломҳайдарова дӯст доштани табиатро бо гуфтор ва рафтораш талқин мекунад ва ин корро аз хона, ҳавлӣ ва кӯчааш сар кардаст. Дар ҳар як ташаббуси ободкорӣ саҳми фаъол дорад,–мегӯянд дар бораи ӯ.
Бузурге гуфтааст, ки ба табиат бояд чун ба модари хеш муносибат кунем. Ҳамкорон дар симои ин бону шахсеро мебинанд, ки табиатро чун модар ва хонаи хеш азиз медораду ба он бо чашмони фарзанди пурмеҳр менигарад..
Ш.Мирзоҷалол