Онҳое, ки аз ноҳия дидан кардаанд, мегӯянд, ки намудҳои фаровардаҳои дастии бофандагиву дӯзандагӣ ва ресандагию косибии ҳунармандони Вахон аз ҷиҳати сифат ва тахайюли бою рангинашон таваҷҷӯҳро бештар ҷалб менамоянд.
Иттиҳод рамзи ҳунаромӯзист…
Сайёрамо Замирова, муовини раиси ноҳияи Ишкошим, Вахонро ганҷинаи ҳунарҳои зебои мардуми минтақа арзёбӣ намуда, мегӯяд, ки дар роҳи Абрешим қарор доштан боис шудааст, ки қариб дар ҳар як хонавода маҳсулот тавлид меёбад. Сайёҳоне, ки ба Ишкошим меоянд, дар меҳмонсароҳо дам мегиранд ва маҳсулоти ҳунармандонро харид намуда, чун рамзе аз ҳунару фарҳанг ва зебоии минтақа бо худ ба гӯшаву канори дунё мебаранд.
Дар маҳалли Намадгути ноҳия, ки онро дарвозаи Вахон ҳам мегӯянд, ба фаъолияти яке аз бонувони ҳунарманд Гулбаҳор Нурмамадова шинос шудам.Шавҳари апаи Гулбаҳор ба кишоварзӣ шуғл дорад, аммо худаш бофандагиву гулдӯзиро касб кардааст.Тахассусаш сабадбофист. Тораки дарахтону буттаҳое, ки дар кӯҳу пушта ва қад-қади соҳили рӯд мерӯянд, масолеҳи хубе барои ҳунарманди сабадбоф мебошанд. Вақтхои охир мардум ба ҷойи дар косаи оҳанин ва ё мисин, ки аз рутубат занг задану мағор басатанашон мумкин аст, нигоҳ доштани меваву сабзавот ва баъзе намуди ашёро дар сабад бартар мешуморанд, аз ин рӯ, бозори сабад ҳамеша гарм аст. Ба гуфти ҳунарманд қариб ҳар моҳ барояш аз шаҳри Хоруғ аз фурӯши маҳсулот то 300 сомонӣ интиқол мешавад ва он кӯмаки хубе барои буҷети хонаводагӣ аст.
Хунармандӣ дар хонавода шуғли анъанавӣ шудааст. Бибимоҳ, хушдомани 92 солаи Гулбаҳор аз дӯхтани камзулу куртаҳои гулдӯзишудаи пурнақшу нигор ва ҷӯробҳои пашмини гарму ҳаррангаи даврони ҷавонӣ ёдовар шуд. Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷӯробҳои гарму нарми бофтаи ҳунармандони тоҷик истифода менамуданд.
Айни ҳол дар Вахон ҳунармандон муттаҳид шуда, аз ҳамдигар меомӯзанд ва молашонро ҳамҷоя ба фурӯш мебароранд. Гулбаҳор шод аст, ки ҳамсояаш Савсан Ғуломалиева, як ҳунарманди ҷавони деҳаи дурдасти ноҳияро келин кардааст ва акнун дар ҳамкорӣ онҳо ҷӯробу сабад мебофанд, гулдӯзӣ мекунанд ва барои тарғибу ташвиқ ва фӯрӯши молашон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Сумкачаи сеасраи занонаи бадахшӣ
Сабадбофӣ ба яке аз шуғлҳои асосии бонувон табдил мешавад ва дар деҳаи Яхшиволи ноҳия гурӯҳи бонувон бо сарварии Силсиламо Шоалифова сехи сабадбофӣ таъсис доданд. Ба манзури дастгирии бонувони ҳунарманд, ба сабадбофони ин ҷо ва чеварони сехи дузандагӣ дар деҳаи Қозидеҳи ноҳия кӯмаки бебозгашти президентӣ расонида шудааст.
Аз асрори ҳунармандони вахонӣ боз як бозёфти нодири мутааллиқи асри ХVIII-ум, ки ба осорхонаи кишваршиносии Бадахшон ворид гардид, дарак медиҳад. Бозёфти нав сумкачаи занона мебошад, ки аз чарм ва мӯинаи уштур дӯхтаву ориш дода шудааст, онро сокинони як деҳаи дурдасти Вахонони ноҳияи Ишкошим ҳангоми гузоштани зербинои хона дарёфт карданд, ки дар даруни пӯст ҷо шуда буд. Мутахассисони осорхона мӯътақиданд, ки борхалтаи чармини занона ёдгории хонаводагии қуруни гузашта аст, ки чун рамзи бахту саодат одатан аз модар ба духтар мегузашт ва дар он арӯс зару зевар ва ороишоти хешро маҳфуз медошт.
Аммо қулфи чӯбини борхалтаи чармини занонаро то ҳанӯз касе кушода наметавонад. Ба гуфтаи мутахассиони осорхона асрори кушодани қулф танҳо барои соҳибони он маълум аст.
«Ҷабр»-и занони ғоронӣ
Куканбек Амирбеков, раиси ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳия бар ин назар аст, ки ватани аслии тоқӣ ва гулдӯзиҳоеро, ки акнун мардуми водии Вахон бо онҳо шӯҳрат доранд, деҳоти поёнии ноҳия мавсум ба Ғорон аст. Ӯ баён дошт, ки пештар дар Ғорон расм буд, шаҳмард бо курта ва тоқии гулдӯзии хос, ки онро одатан модар ва ё пайвандони шаҳмард медӯхтанд, ба хонаи арӯс мерафт ва чунин ёдгориҳои хонаводагиро то ба ҳол маҳфуз медорад.
Сокинони деҳоти Шуғнон, ки ба мавзеи Ғорони Ишкошим наздиканд, кӯшиш мекунанд, ки духтарони ғорониро келин кунанд, зеро онҳо дар рӯзгордорӣ қобил буда, ганҷи хонаводаро зиёд мекунанд.Сокини солманди Қозидеҳ Чоршанбе Ғуломносиров асрори серкор будани бонувони ғорониро на дар «ҷабр»-и мардҳо, балки ба тарбияи хонаводагӣ рабт медиҳад, зеро тибқи анъана модарони «сахтгир» кӯшиш мекунанд, ки духтари қобилу ҳунарманд ба камол расонанд, то дар хонаи шавҳар номбардори волидайн бошанд.
Миршамъ Лаълҷебаев ва завҷааш дар мактаби деҳаи Қозидеҳ аз фанни риёзӣ ва информатика дарс мегӯянд ва дар байни шогирдону сокинон аз обрӯву эътибори баланд бархӯрдоранд. Вақтҳои холӣ ин омӯзгорон ба хотири баровардани ниёзҳои иҷтимоӣ дар корҳои кишоварзӣ саҳм мегиранд. Миршамъ мегӯяд, мавридҳое мешавад, ки ҳамсараш молбонӣ ҳам мекунад, вале вай дар ин ҷо айберо намебинад, зеро меҳнат ба ҳусни зан меафзояд ва муҳим аст, ки мард аз заҳмати тоқатфарсои ҷисмонии зан ҷилавгирӣ намояд. Фарзандони ин хонавода дар макотиби олии ҷумҳурӣ ва хориҷ кору таҳсил мекунанд.
Бештари сайёҳоне, ки ба Бадахшон меоянд, ба ноҳияи Ишкошим сафар мекунанд. Дижҳои бостонӣ, ки ба аҳди Кушониён мерасанд, мазору мӯъбадгоҳҳои исломӣ ва тоисломӣ, расадхонаи шоир ва олим Мубораки Вахонӣ, чашмаҳои зиёди шифоӣ ва манзараҳои нотакрор ба мисли олами набототу ҳайвоноти Зоркул, бузургтарин бозорҳои марзӣ, имокнияти сайёҳат бо аспу уштур онҳоро ба ин ҷо мекашад.Танҳо соли гузашта бештар аз ду ҳазору сесад сайёҳи хориҷӣ ва теъдоди аз ин зиёдтари ҳамватанон аз ноҳия дидан карданд. Дар доираи беҳтарсозии хизматрасонӣ меҳмонхонаҳо, ошхонаву чойхона, ҷойҳои истироҳат сохта мешаванд. Мақомоти ноҳия мегӯянд, ки ба манзури баҳрабардории бештар аз имкониятҳои сайёҳӣ онҳо барои таъсиси нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ дар назди чашмаҳои шифоӣ ва ҷойҳои таҷаммӯи сайёҳон ба сокинон кӯмак мерасонанд ва шароит фароҳам месозанд.
Интизор меравад, дар пешорӯи 20- солагии Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд дар маркази ВМКБ намоиши бузурги ҳунарҳои мардумӣ баргузор шавад ва фаровардаҳои дастии мардуми водии хунар дар он мақоми арзанда хоҳанд дошт.
Бархе аз муҳаққиқон мегӯянд, ки Ишкошим, аз вожаи «сакошим» гирифта шуда, маънои ватани сакоиҳоро дорад. Аммо бархеи дигар бар ин назаранд, ки дар аҳди бостон Ҳошим ном марди мусофире ба ин макон дил баста, онро обод намудааст ва онро Ишқи Ҳошим номидаанд. Аммо агар саргузашти Ҳошим афсонаест, як чиз мусаллам аст, ки дили ӯро на фақат табиати биҳиштосои ин диёр, балки бештар аз ҳама ҳусну ҷамоли бонувон ва ҳунари волояшон тасхир кардааст.
Ш. Мирзоҷалол