Рамазон ҳамчунин номи моҳи нӯҳуми тақвими ҳиҷрии қамарӣ аст, ки баъди шаъбон ва қабл аз шаввол фаро мерасад. Моҳҳои тақвими ҳиҷрии қамарӣ дар гардиш буда, ҳар сол ба муддати 10 рӯз пештар фаро мерасанд.
Рамазон дар истилоҳ ба рукн ва ё пояи сеюми Ислом гуфта мешавад, ки он иборат аз рӯза доштан ба муддати як моҳ аст. Рӯза фарзи илоҳӣ буда, барои зану марди мусулмони болиғу оқил гирифтани он ҳатмист.
Дар ин матлаб ба шарҳу баёни аҳкоми рӯза намепардозем, балки ёде аз ҳазрати Хадичаи Кубро (разияллоҳу ъанҳо) мекунем, ки қиссаи ибратомӯзу шунидание бо рамазону нузули ваҳй ва Қуръон дорад.
Ҳамонгуна, ки ин паёми осмонӣ хабар медиҳад, Қуръон маҳз дар моҳи рамазон нозил шудааст. Ин аст, ки ҳадди ақал як бор хондани Каломи шариф ба пуррагӣ дар ин моҳи муборак суннати Пайғамбар аст.
Ҳазрати Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ муътақид ба иртиботи шадид байни камхӯрӣ ва маънавиёт буд. Ин бузургвор яке аз ҳикматҳои нузули Қуръон дар Рамазонро низ маҳз дар ҳамин медид. Қуръон олитарин марҷаъи маънавиёт дар рамазон ба дасти башар расид, чун моҳи рӯза моҳи ҷангидан бо нафсу шаҳват аст.
Ба ривояти таърихи Ислом, вақте аввалин паёмҳои осмонӣ ба Муҳаммад ибни Абдуллоҳ расонида шуд, пазируфтанаш осонӣ накард. Баъди дарёфти аввалин пайки самоӣ вуҷуди Пайғамбарро ларза фаро гирифта буд. Зеро Пайғамбар будан - яъне масъулияти бузурге бар дӯш доштан ва рисолати ҷаҳониеро ба тамоми башар расонидан буд.
Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам баъди паёми худоро дарёфт намудан ба хонааш омад ва аз шиддати ларзае, ки баданашро фаро гирифта буд, аз ҳамсараш хост шароити хобашро фароҳам кунад. Баъди паст шудани ларзааш, он чи аз сараш дар ғори Ҳиро гузашта буд, ба Ҳадича ба пуррагӣ қисса кард. Ба завҷаи маҳбубаш гуфт, ки чӣ гуна Ҷабраили амин меҳмонаш дар он ғор шуд ва аввалин оёти оғози сураи Иқраро низ ба ӯ хонд.
Хадича бинти Хувайлид, ки намунаи олии як ҳамсари хуб буд, баъди шунидани ҳарфҳои шавҳараш ӯро дилбардорӣ намуд: «Туро харгиз Худо раҳо намекунад. Ту силаи раҳмро ба ҷо меорӣ, меҳмонро гиромӣ медорӣ, бечорагонро даст мегирӣ».
Ҳазрати Хадича бо ин, ки дар як ҷомеъаи пур аз хурофоту бутпарастӣ зиндагӣ мекард, ақлу замири солиме дошт ва ҳаргиз ба буте саҷда накарду пайи суннати мардуми гумроҳ нарафт, то ба ҳамсарии Муҳаммад алайҳиссалоту ва салом расид.
Шинохти модари мӯъминон аз инсони хуб ҳамин буд, ки одамони некро Худо танҳо намегузорад ва ҳатман аз онҳо ҳимоят мекунад. Ин калимотеро, ки Хадича дар дилбардории шавҳараш гуфт, гапи хушку холӣ набуд, балки аз мағзи боварҳояш рӯ мезад.
Баъди андаке ҳазрати Хадича ҳамсарашро назди амакзодааш Варақа ибни Нуфал бурд, ки пирамарде аз аҳли илму бо хондани китобҳои муқаддаси пешин шӯҳратдор, вале дар дини Исо буд.
Паёмбари Худо омадани фаришта ва расонидани пайки осмониро ба Варақа қисса кард. Мавсуф, ки чигунагии омадани фаришта ва овардани паёми Худо ва инчунин ваъдаи омадани Пайғамбари охирзамонро аз китобҳои пешин хонда буд, бо шунидани қиссаи Ҳазрати Муҳаммад ба некӣ дарёфт, ки он фаришта Ҷабраил асту шавҳари духтари амакаш сафири охирини илоҳист.
Варақа ба ҳазрати Мухаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам инро гуфт, ки ӯ воқеан ҳам ба Пайғамбарӣ мабъус шудааст ва шаъну шавкати наве ба зудӣ хоҳад ёраш шуд. Инчунин ба Пайғамбари Худо инро низ пешгӯӣ кард, ки ӯро аз ватанаш ихроҷ мекунанд.
Ҳамин гуна ҳазрати Хадича вақте ин ҳамаро шунид, ба пайғамбарии шавҳараш имон овард ва ба некӣ медонист, ки ӯ рост мегӯяд. Чун эътибореро, ки Муҳаммад аз хурдсолӣ дошт, вирди забони аҳли Макка гаштаву ӯро ҳанӯз, пеш аз он ки ба паёмбарӣ бирасад, «ростгӯи амонатдор» лақаб дода буданд.
Ҳамингуна дар ҳамон моҳи рамазон шарафи охирин паёмбари илоҳӣ будан шомили ҳоли Муҳаммад ибни Абдуллоҳ шуд ва ифтихори аввалин мусулмон будан насиби ҳазрати Хадичаи Кубро гашта.
Ин бузургзан, ки бойтарин шахси Макка буд, дар инсонҳо танҳо ахлоқро баҳо медод. Бо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ низ танҳо барои ахлоқи накӯяш издивоҷ карда. Акнун, ки шавҳараш Пайғамбар шуду худаш мусулмон, хешро дар болотарин қуллаи хушбахтӣ эҳсос мекард.
Ҳарчанд рӯзҳои сахт дар пеш буд, аммо модари муъминон дигар боке надошт ва ҳамеша ва дар ҳама ҳолат паҳлӯи шавҳари маҳбубаш қарор мегирифт. Тамоми дору мадорашро дар пойи рисолату дини нав фидо кард ва лаҳзае ҳам лаб ба шикояту миннат во накард.
Бо ин сарсупурдагиҳо ҳазрати Хадича бинти Хувайлид дар рӯйхати чаҳор зани беҳтарини олам - ҳазрати Марям, Осия (ҳамсари Фиръавн) ва духтараш Фотима бинти Муҳаммад шомил гардид ва сайидаи бонувони аҳли биҳишт эътироф шуд.
Саъдии ЮСУФӢ