Дар ин машварат, ки дар сатҳи баланд ҷараён гирифт, роҳбарияти Вазорати фарҳанг, Иттифоқи рӯзноманигорон, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва дигар ташкилотҳои марбута иштирок ва суханронӣ карданд.
Машваратро вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ҳусни оғоз бахшида, ҷиддият ва муҳимияти мавзӯъро таъкид сохт ва изҳори таассуф кард, ки солҳои охир маърифати ҳуқуқии журналистон ба сӯи пастӣ меравад.
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон дар маърӯзаи хеш ақидаи вазирро дастгирӣ намуда, бо мисолҳои мушаххас собит сохт, ки дар ҳақиқат маърифати ҳуқуқии бархе аз рӯзноманигорон ҷавобгӯи талаботи замон набуда, хурдтарин қоидаҳои одоби журналистӣ аз ҷониби эшон риоя намешавад.
Раҷаб Юлдошов – сардори Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Усмоналӣ Холиқов – прокурори калони Раёсати муносибатҳои байналмиллалӣ ва тарғиботи ҳуқуқии Прокуратураи генералӣ, Шавкат Абдулхайров – судяи Суди олӣ, Мақсадбек Алиев – сармутахассиси бозрасии Саридораи ҳифзи сирри давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ғафур Амиров – намояндаи Вазорати корҳои дохила ва дигар музокирачиён низ рӯз то рӯз коста шудани маърифати ҳуқуқии журналистон, ба хусус рӯзноманигорони ҷавон, дар ҳамин самт ҷавобгӯ набудани сатҳи омодасозии мутахассисон аз ҷониби шӯъба ва факултаҳои журналистикаи макотиби олии мамлакат, риоя нашудани хурдтарин қоидаҳои одоби журналистӣ аз ҷониби намояндагони бисёре аз нашрияҳои мустақил, ба эҳсосот, бӯҳтонбофӣ, ғайбату суханҳои беодобона роҳ додани ин нашрияҳоро гуфта гузаштанд.
Арзи нигаронӣ карда шуд, ки бисёре аз рӯзноманигорон бо мақсади ба вуҷуд овардани ҳангома миёни мардум дар оғози ин ё он рӯйдод ҳангоми дастгир шудани гумонбаршудае, ҳанӯз аз болои ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода нашуда, ё худ пеш аз баромадани ҳукми суд дар бораи ҷинояткор будан ё набудани гумонбаршуда дар расонаҳои хабарӣ хилофи қоидаву қонун номи он гумонбаршударо зикр мекунанд, ки ин аз сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии чунин журналистон гувоҳӣ медиҳад.
Дар машварат ҳамчунин аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мисолҳое оварда шуданд, ки хабарнигорон ҳатто воқеаҳои аз бозор ва миёни мардум шунидаи худро, бе санҷидани воқеияти ҳодисаву рӯйдод бо овардани ному насаби шахсиятҳо дар ҳафтаномаву нашрияҳои мустақил ба чоп медиҳанд, ки дар натиҷа норозигӣ ва шикояти шаҳрвандони алоҳидаро ба вуҷуд меоваранд. Ба таври фаровон дар чунин рӯзномаву ҳафтаномаҳо чоп шудани қиссаҳои бофтаву бемантиқ, бӯҳтонномаҳо, дарҷ гардидани хабарҳо бе нишон додани манбаъ ва сарчашмаи хабарии он як навъ ба ҳукми «анъана» даромадааст, ки ин амал боиси дилхунукии хонанда буда метавонад.
Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи рӯзноманигорон дар иртибот ба ин масъала ҷой доштани чунин мисолҳоро тасдиқ намуда, ҳамзамон изҳори нигаронӣ кард, ки ба чунин ранг гирифтани кор баъзан кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам мусоидат намуда, ба ҳангоматалабон далелу арқоми парвандаҳои нотамоми ҷиноятиро бо ному насаби гумонбаршудагон пешкаш менамоянд. Мавсуф афзуд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта Иттифоқи рӯзноманигорони мамлакат ҳарчанд як қатор чораҳо, аз қабили баргузор кардани ҷаласаҳо, таъсиси Шӯрои ВАО ва ғайраро андешида бошад ҳам, ин норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд.
Сироҷиддин Иззатуллоев, муовини мудири шуъбаи таҳлилию иттилоотии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фуроварди машварат қайд кард, ки бархе аз рӯзноманигорон аз дастури Призидент дар тантанаи 100-солагии матбуоти тоҷик бобати аз Кодекси ҷиноятӣ ба қонунгузории шаҳрвандӣ гузаронидани моддаҳои 135 ва 136, оид ба таҳкиру тӯҳмат сӯистифода карда, теъдоди мақолаҳои бебунёди танқидиашонро афзоиш доданд.
– Чунин пуштибонии Сарвари давлат аз мақолаҳои танқидии расонаҳои хабарӣ мебоист масъулияти журналистонро афзуда, ба такмили дараҷаи донишҳои касбӣ ва ҳуқуқиашон мусоидат мекард, вале мутаассифона ин тавр нашуд - гуфт С. Иззатуллоев.
Мавсуф таъкид дошт, ки дар кори такмили донишҳои ҳирфаӣ ва касбияти журналистон, пеш аз ҳама, бояд муассисону роҳбарони ВАО масъул бошанд. Дар ҷаласаҳои ҳаррӯзаи хеш бо рӯзноманигорон машваратҳои маърифати ҳуқуқӣ ва касбӣ гузаронанд. Дар нашрияҳояшон маводҳои сарсарӣ ва бе сарчашмаву далел овардашударо чоп накунанд…